Сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт Қобилҷон Гиёев, ки аввал худаш сипас тибқи гуфтааш 300 нафарро бо доруҳои зидизукомии мол табобат карда буд, аз вазифааш сабукдӯш шудааст
Худи Гиёев ин хабарро ба расонаҳо таъйид карда гуфтааст, ин барканорӣ дар пайи мактуби шикоятии раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ ба вазорати тандурустӣ воқеъ шудааст.
“Муҳтавои ин мактуб ҳанӯз бароям рӯшан нест, аммо ин субҳ аз Ғарм занг заданд, ки зуд ба ноҳия баргардам, зеро фармони сабукдӯш шуданам аз сӯи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо шудааст. Ҳоло меравам, ки дафтару калидро ба сардухтури нав таслим диҳад”, — гуфтааст Қобилҷон Гиёев.
Гуфта мешавад ба ҷои ӯ Насриддин Солиев, сардухтури сардухтурри қаблии ин бемрхона таъин гардидааст.