Рубрики Хабарҳо

Сайфулло Сафаров: «Нафақапулӣ ба сигорпулӣ ҳам намерасад»

Сайфулло Сафаров, собиқ муовини раиси маркази тадқиқоти стратегии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кард, ки нафақа дар кишвар ҳатто ба сигорпулӣ намерасад.

Сафаров дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки низоми нафақа дар Тоҷикистон пурра вайрон шудааст.

Пули нафақа ба қавле “барои сигор” намерасад.

Ӯ гуфт: “Дар масъалаи нафақа ман ҳам мисли аксарият розӣ нестам. Низоми нафақа пурра вайрон шудааст. Албатта, чун олим ҳастам, ҳоҷат ба нафақа надорам ва то вақте ҳастам кор мекунам. Вале бисёре аз одамони ҳарбиву амниятӣ ҳастанд, ки хеле ҷавон ба нафақа мераванд ва азоб мекашанд. Ҳатто вазирҳо ҳам. Масалан, як вазир 25 сол кор мекунад, 500 сомонӣ нафақа мегирад. Ӯ ба зиндагии беҳтар одат кардааст ва якбора меафтад, ба вазъе, ки пули нафақа ба қавле “барои сигораш” намерасад.”

Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, моҳе пеш бо фармони президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон бознишаста шуд. Ӯ аз нафарони камшумори ҳукуматие буд, ки ба саволҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ посух мегуфт ва назарҳои худро дар саҳифаи фейсбукияш менавишт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *