Ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Чин моҳи январи соли равон қариб 82 млн долларро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 88,5% афзоиш ёфтааст. .
92% ин муомилот ба воридоти молу маҳсулоти Чин ба Тоҷикистон буда, беш аз 76 млн доллар гуфат мешавад. Аз Тоҷикистон ба Чин бошад, ҳамагӣ ба маблағи 5,8 млн доллар молу маҳсулот содирот шудааст.Дар ин бора хабаргузории Азия Плюс бо истинод ба Агентии омор хабар медиҳад.
Аз Чин ба Тоҷикистон асосан металлҳои камбаҳо ва маснуот аз он, мошинҳо, таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ, воситаҳои нақлиёт, сарулибос ва молу маҳсулоти гуногуни саноатӣ оварда мешавад.
Моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба 383,5 млн доллар баробар шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта 17,9% зиёдтар мебошад.
Содироти молу маҳсулот ба маблағи 72,1 млн доллар ва воридоти он дар ҳаҷми 311,4 млн доллар сурат гирифтааст.
Дар ин давра ҷумҳурӣ бо 78 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом дод. Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба 95,8 млн. долларро ташкил медиҳад. Дар зинаи баъдӣ Қазоқистон қарор дорад, ки савдои дуҷониба бо ин кишвар дар моҳи аввали соли ҷорӣ ба 68,8 млн доллар расидааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали даҳаи охири моҳи январ бинобар сабаби хуруҷи коронавирус дар Чин, алоқаи роҳи заминӣ байни Тоҷикистону ин кишвар қатъ шуд.
Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон воридоти ҳама намуди маҳсулоти ғизоиро аз Чин манъ кард.
Аммо дар Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, ки молу маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон бо бандарҳои баҳрӣ тариқи кишварҳои сеюм ворид мешавад.