Рубрики Хабарҳо

Шинохте дигар аз устод Гулназар

Муҳиддин Кабирӣ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Равони устод Гулназар шод бод ва шомили раҳмати Парвардигор бошад! Ва бори дигар таслияти худро ба ҳамаи миллат, ба хусус, пайвандони марҳум изҳор медорам. 

Мунтазир мондам чанд рӯзе бигзарад, то руҳияи ғаму андӯҳи миллат поин шавад ва баъдан дар бораи Устод Гулназар бинависам. Маъмулан дар бораи касоне менависам, ки хуб мешиносамашон, ҳаддиақал фикр мекунам, ки мешиносамашон. Ва ё фикр мекунам, ки болои ман ҳақ дорад, то дар бораашон бинависам.

Ба худ иҷозат медиҳам бигӯям, ки устодро то ҷое мешинохтам, ки дар борааш бинависам. Чун 5 сол паҳлӯи ҳам дар як кумитаи порлумон кор кардем ва утоқҳои кориамон канори ҳам буданд, дар ҷаласаҳои порлумон низ курсиҳоямон паҳлӯи ҳам буд.

Ҷудо аз ҷаласаҳои корӣ, ҳаддиақал ҳафтае як бор имкони сӯҳбат, баҳс ва ё аҳёнан шӯхӣ мешуд. Инҷост, ки мегӯям ҳақ дорам дар борааш бинависам. Албатта ӯ ҳам бар гардани мо ҳақ дорад ба унвони як шахсият ва соҳибандеша, ҷудо аз муаллифи Суруди Миллӣ буданаш.

Шакке нест, ки номи устод бо Суруди Миллиамон тавъам шуда, ин фахр то абад аз они ӯст. Билфарз, агар матни ӯ дар озмун пирӯз намешуд ва матни шоири дигаре барои Суруди Миллӣ баргузида мешуд, ҳатто дар ин сурат низ чизе аз ҷойгоҳу мақоми устод Гулназар кам намегардид.

Ҷое дар бора таърихи интихоби матни Суруди Миллӣ хонда будам ва агар он навиштаҳо дуруст бошанд, кори комиссия осон набудааст. Бардошти банда аз он навиштаҳо ва таҳлили вазъи имрӯзаи кишварамон ин аст, ки ду омил сабаб гашта, то матни устод Гулназар пирӯз шавад: аввалан, муҳтавои олӣ ва танинандоз будани шеъри устод, ва дуввум, аз руҳияи маҳалгароӣ ва музофотӣ дур будани масъулини гурӯҳи корӣ. Шояд иштибоҳ кунам, вале бо тафаккури имрӯзаи масъулини давлатии мо, эҳтимол дошт матни кадом шоири музофотӣ аз маҳали “дуруст” ҳамчун Суруди Миллӣ интихоб мешуд, на аз устод Гулназар. 

Аммо нисбати устод зулм мебуд, агар мо ӯро танҳо ҳамчун муаллифи Суруди Миллӣ мешинохтем ва ӯ ҳамчун як инсон ва шахсияти дорои сифатҳои дигар ва шояд болотар шеъру шоирӣ дар сояи Гулназари шоир мемонд.

Барои шинохти кофии як инсон ва он ҳам нафаре мисли устод Гулназар, фақат хондану шунидани навиштаҳо кофӣ нест, бояд шахсро дар ҳолатҳои гуногуни ҳаёт дид, шунид ва наззора кард. Гоҳо хомӯшии як инсон бештар ва беҳтар аз суханрониаш ӯро меаррифӣ мекунад. 5 соли ҳамкорӣ имкон дод, ки устодро дар ҳолатҳои гуногун бубинам; аз хомӯшиҳои маънидораш то луқмаҳои кӯтоҳу дақиқ ва самимияти кӯдаконааш. 

Гоҳ, ки Суруди Миллӣ садо медод ва ҳама вакилон бархоста замзама мекардем, ба паҳлӯям менигаристам, ки муаллиф чӣ эҳсосе дорад. Шояд боваратон наояд, оромтар аз чеҳраи ӯ ҳангоми хондани Суруди Миллӣ чехрае дар толор вучуд надошт. Ҳатто чунин ба назар мерасид, ки ӯ замзама намекунад. Агарчӣ мекард. Дӯстон шояд наворҳоеро пайдо кунанд, ки ҳангоми маросими расмӣ сурудани шудани Суруди Миллӣ сабт шудаанд ва онҷо чеҳраи устод афтодааст.

Боре, яке аз ҳамкорони “навпатриот”-амон ба ӯ гуфт: ”Устод! Мо аз таҳи дил суруди шуморо мехонему худатон не ку?” Устод бо табассуми ба худ хосс гуфт: “Ҳеч гап не, шумо “Интернатсионал”-ро ҳам аз таҳи дил мехондед”. Ин луқмаҳо, шӯхиҳо ва суханҳои бадоҳатан ва бидуни муқаддима ва албатта самимонаи устодро ман камтар аз шеърҳои сурудааш намедонам ва бовар дорам, ки шахсияти воқеъии ӯро маҳз ҳамин ҳолатҳо ошкор мекунанд. Ин ба маънои он нест, ки устод дар шеърҳо, мавқеъгириҳои ошкор ва расмиашон самимӣ набудаанд, ба ҳеч ваҷҳ. Марҳум ҳеҷ гоҳ аз худ шоъири инқилобӣ наметарошиданд, балки рӯшангарӣ мекарданд. 

Устод Гулназар намояндаи як насли аҷиби рӯшанфикрони мо буданд. Рӯшанфикрони воқеъии китобхонда, огоҳ ва бекинаву нафрат. Насли китобхондае, ки касеро “китобнахонда” хитоб намекард, насли огоҳе, ки касеро “нодон” намеҳисобид; насле, ки миллатро ба “хоин”-у “кофир” тақсим намекард.

Шояд ӯ камтар, вале садҳо ҳамфикру ҳамвазну ҳамсоли ӯ, ки шираи фикру андеша ва таҷрибаи миллӣ дар зеҳну мағзи онҳо ҷамъ шуда буд, натавонистанд ин ҳамаро ба насли баъдӣ интиқол бидиҳанд ва дар раванди давлатсозии миллӣ нақши худро бибозанд.

Чаро Уустод Гулназар камтар? Чун Суруди Миллӣ интихоб шудани матнаш ба ӯ кумак кард, то маҷбур нашавад мисли аксарият интихоби душвор дошта бошад, ё маддоҳӣ кунаду дарборӣ шавад ё гӯшанишин. Вале, на ҳама шонси устод Гулназарро доштанд, ки як матни қавиашон дар ин дарёи пурталотум бодбоне барои наҷоти киштиашон шавад, ки на хукуматӣ ва на мухолиф ҷуръати таънаи ӯро надошта бошанд. Ва баръакс, ҳамагон имрӯз талош мекунанд, ки дар баёни таслият сибқат дошта бошанд, ки ин худ нишонае аз ҷойгоҳи ӯст. Садҳо ҳамвазну ҳамтарози устод Гулназар аз тарси ба “хиёнат” ё “куфр” муттаҳам нашудан ё гӯшанишин шуданд ё ба қавли худи устод “ду бодиринги шӯрро” интихоб карданд. 

Ин иборааш ҳам таърихе дорад. Боре дар як зиёфати расмӣ сари як миз нишаста будем ва баҳс сари нӯшидан рафт, чун барои бархе ҳанӯз ҳам нанӯшидан “значит, меня не уважаещь” ё одами “ақибмонда” будан маънӣ дорад. Ин ҳам яке аз вежагиҳои насли Шӯравӣ аст, ки гоҳ гоҳ аз худ дарак медиҳад. Устод, ки як инсони бетакаллуф ва беибо аз сабки зиндагиашон буданд, аз фалсафафӯрушии як “зиёӣ” дар бораи “инсони муосир” хаста шуда, ба ӯ гуфт: “Биё дӯстам баҳсро мону рез, мо кайҳо давлату миллатро бо ҳамин дусад грамм арақи бепулу ду бодиринги шӯр иваз кардагӣ”.

Ин ҷумлаи зоҳиран шӯхиомез, вале ботинан пурмаънои устод Гулназар як лазҳа хамаро хомӯш нигаҳ дошт ва мавзӯъи сӯҳбатро иваз кард. Чанд бор аз ин ибораи устод дар сӯҳбатҳоям ишоратан ба гурӯҳе аз рӯшанфикрон ҳамчун гурӯҳи “дусад грамм арақи бепул ва ду бодиринги шӯр” истифода кардаам. Чун ҷомеъаи мо ба таври сунъӣ дуқутбӣ — динӣ ва дунявӣ — шудааст, мабодо дӯстони дунявӣ инро сангзанӣ ба гурӯҳи хоссе қабул накунанд. Зеро, айнан ҳамин гуна афрод ва шояд бештар дар бахши динӣ ҳам хаст, ки онҳоро “қишри зиёфат ва маъракаҳои мардум” ҳам метавон номид. “Мо”-и устод Гулназар маънии онро дорад, ки дар ӯ қудрати интиқоди худӣ вуҷуд дошт ва аз муҳити рӯшанфикрӣ розӣ набуд. Ҳамчуноне, ки як руҳонии огоҳ ва бедор ҳам тавони интиқоди худ ва худиҳоро дорад ва аз коста гаштани ҷойгоҳу обрӯйи худ бояд нигарон бошад. 

Агарчӣ матн ба дорозо мекашад, ду лаҳзаи дигарро аз ҳаёти “порлумонӣ”-и устод Гулназар биёварам, то шахсияти дур аз шеъри ӯ ҳам бештар боз шавад.

Барои шунидани Паёми навбатии президент вориди толор шудем ва мисли ҳамеша паҳлӯи ҳам нишастем. Нафаре аз котиботи ҷаласа назди ӯ омад ва бо устод сӯҳбати кӯтоҳе бо овози паст карду ду се варақро ба дасти ӯ дод ва рафту дар ҷойи худ дар рӯ ба рӯи вакилон, дар маснади котиботи ҷаласаҳои мушатараки ду палата нишаст. То оғози ҷаласа чанд дақиқае монда буд ва устод ба варақҳо чашм андохту норозӣ гуфт: “Чӣ кори пуршарафе ба ман додаанд! Аз замони Брежнев ҳам гузарондем ку.” Аз ӯ пурсидам, ки чӣ шудааст. Гуфт, ки ӯ бояд ҳангоми суханронии президент он ҷойҳое, ки номаш ишора шудааст, қарсак занад. Бори аввал ӯро эҳсосӣ медидам. Маълум буд, ки дар як фурсати танг не гуфта натавонистааст ё “масъулият”-ро хуб сарфаҳм нарафтаасту розӣ шудааст ва ҳоло намедонад чӣ кор кунад. Чун, ин кор барои ҳар инсони озод таҳқир аст, чӣ расад барои муаллифи Суруди Миллӣ. Як бюрократи бехиради гавҳарношинос сатҳи шоиррро ба сатҳи қарсакзани президент поин овардааст ва ӯро водор ба коре мекунанд, ки дар шаъни як инсони озод нест. Албатта, устод як инсони инқилобӣ набуданд, балки як инсони заминии хоксор ва соддаву самимӣ, мисли аксари аҳли адабу андеша. Аммо, ҳатто як инсони комилан ором ҳам марзу хатте дорад, ки ҳар кас онро убур кард, вокуниш хоҳад кард. Хеле нороҳат буд марҳум он лаҳзаҳо. Инсофан намедонам чӣ кор мекард ҳар касе ҷои ӯ вакил аз рӯйхати ҲХДТ мебуд, қазоват душвор аст. Оё устод қарсак мезад он ҷойҳое, ки ӯ “масъул” буд, то дигарон ҳам ҳамроҳ шаванд ё не? Намедонам чӣ маро водор кард, вале бидуни он, ки худаш бифаҳмад, он сахифаҳоро аз пешаш бардоштам ва байни варақҳои худам гузоштам. 

Каме аз мавзӯъи аслӣ канор меравам, то барои хонанда возеҳтар шавад,сухан дар бораи чӣ меравад. То ин лаҳза ман ҳам аз сирри ин “кафкӯбиҳои тӯлонӣ ва пурмавҷ” ҳангоми суханрониҳои Раҳмонов чандон огоҳӣ надоштам. Фикр мекардам, ки чанд нафаре ё аз рӯи ихлос, супориш ё тамаллуқ гоҳ гоҳе сари по мехезанд ва кафкӯбӣ мекунанд ва толор ҳам ҳамроҳ мешавад. То ин ҳад фикр намекардам, ки на танҳо ҷойҳои “кафкӯбӣ” дар матн, балки, одамон ҳам аз қабл дар ин ё он гӯшаи толор муайян шудаанд. Одамони аз қабл таъйиншуда танҳо ҷойҳои кафкӯбии худро медонанд, ҳамагонро суханрон ва як нафар дар котибот медонад.

Баробари оғози суханронӣ, устод Гулназар бо дили нохоҳам варақхояшонро тагу рӯ кардан гирифт. Он саҳифаҳоро меҷуст. Вақте, ки пайдо нашуданд, ҳамаи варақҳоро ба тартиб болои ҳам канор гузошт ва оромона шурӯъ кард ба шунидани паём. На аз ман ва на аз ҳамсояи тарафи дигар напурсид, ки варақҳои “муҳим”-и ӯ куҷо шудаанд. Мутмаиннам, ки агар гирифтани варақҳоро надида бошад ҳам, фаҳмиданд, ки коре шуда. Ва шояд ҳам дида буд. Мисли ин ки навбати ӯ дар миёнаи суханронӣ меомад, чун чанд бор хестему нишастем ва кафкӯбиҳо хуб буданд. Ногоҳ дар як охири кадом ҷумлаи “муҳимме”, Раҳмонов таваққуф кард ва мунтазири қарсак монд. Толор хомӯш буд ва масъули котибот безобита шуда ба тарафи устод Гулназар нигоҳ мекард. Устод гӯё ӯро намедид. Ва шояд ҳам намедид ва ғарқи фикрҳои худ буд. Масъули котибот худ шурӯъ кард ба кафкӯбӣ ва толор идома дод. Ӯ фаҳмид, ки бояд он чанд ҷой худаш кафкӯбӣ кунад ва кард. 

Баъди ҷаласа дар роҳ ба сӯи ҳуҷраҳои кориамон ба ӯ гуфтам, ки “устод, ба фикрам варақҳои мо омехта шуданд ба ҳам”. Дар китфам якто заду бо табассум “бе мо ҳам дунё мечархад” гуфт. Ва мо ҳеч вақте дар ин мавзӯъ дигар сӯҳбат накардем ва бовар дорам, касе ҳам бо ӯ дигар сӯҳбат накард. 

Бори дигар ҳамроҳ дар шаҳри Турсунзода будем ба хотири ҷашни Ваҳдат, ки он сол онҷо мегузашт. Ходисаи хандаоваре шуд, ки агарчӣ дар рӯзҳои мусибат ҳастем, вале бояд гуфта шаванд. Чун устоди зиндадил болотар аз таъоруфу расмиёт буд ва дур аз такаллуф.

Як гурӯҳе аз меҳмононро бо шумули чанд вакилу масъул барои мулоқот бо мардум ва зиёфат ба ҷамоъате атрофи ТАЛКО бурданд ва толор пур аз сокинон буд. Баробари нишастан дар ҷойҳои худ, як масъули бо “шиму галстук” (мисле ки корманди кадом идораи шаҳрӣ буд) наздам омад, чун дар канори миз менишастам ва гуфт, ки муҷрии нишаст аст ва бояд ҳамаи мехмононро ба аҳли толор муаррифӣ кунад. Гуфт, ки ҳамаатонро мешиносам ғайри он нафаре, ки дар миёна нишастааст. Он нафари “миёна” устод Гулназар буд. Хеле таъаҷҷуб кардам, ки як корманди давлатӣ ва бо ин ҳама “шиму галстук” на танҳо вакилро балки муаллифи Суруди Миллиро ҳам намешиносад. Ба ӯ гуфтам, ки ин вакил ва муаллифи Гимни Тоҷикстон Гулназар Келдӣ аст ва бояд инро бидонӣ. Ӯ бо ташаккур ва узрхоҳӣ баргашт ва ҳамин лаҳза вакили дигаре, ки каме дер карда буд, вориди толор шуд ва ӯро паҳлӯи устод Гулназар ҷой доданд. Он масъул боз ҳаяҷонзада ва хиҷолатомез пешам омад ва оҳиста пурсид: “Мебахшед, ин меҳмонро ҳам нашинохтам, аз порлумон аст? Номашон чист?” 

Ин вакили “ношинос” яке аз собиқ вазирони ҳукумат буд, ки ба порлумон гуселаш карда буданд ва як маъумури давлатӣ ҳаддиакал инро бояд медонист. Намедонам, хостам шӯхӣ кунам ё киноя барои ноогоҳии масъул, гуфтам: “Ин кас вакил Сулаймон Юдаков, муаллифи оҳанги Суруди Миллӣ, ки Гулназар Келдӣ ба он матн навишт”. Бовар доштам, ки ин масъул шӯхӣ ва ё кинояро дарк мекунад ва то ин ҳад нест, вале ӯ фурсате бароям надод, ки шӯхии худро ислоҳ кунам. Бо суръат баргашт толор. Бо вакили ҳамсояам, ки сӯҳбати моро мешуниду табассум мекард, лол мондем. Бо як чеҳраи ҷиддӣ ва эҳсоси масъулият рост назди микрофон рафт ва шурӯъ кард ба муаррифии меҳмонон. Дигар кор аз кор рафта буд. Ӯ бо тантана эълон кард, сокинони ҷамоат бояд ифтихор кунанд, ки дар қатори меҳмонони зиёд шахсиятҳое мисли муаалифи Суруди Миллӣ устод Гулназар Келдӣ (устод баробари шунидани номаш нимхези хоксоронае карду толор кафкубӣ) ва муаллифи оханги Суруди Миллӣ устод Сулаймон Юдаков меҳмони мо шудаанд. Қисме аз толор бадоҳатан кафкӯбӣ кард, чун касеро аз мо намешинохт ва бовар дошт, ки Сулаймон Юдаков ҳам ҳузур дорад, қисми дигар мунтазир буд, ки кай меҳмон мехезад, то истиқбол кунанд. Мо меҳмонон ҳама ба якдигар нигоҳ мекардем ва ҳамсояи ман ба зӯр хандаашро пинҳон карданӣ мешуд, вале бефоида. Устод Гулназар ба ман нигоҳ кард ва фаҳмид, ки чӣ шудаст…

Хандаи баланди тифлона ва бекинааш ҳамаи меҳмононро, ки ба зӯр хандаҳоро ҳабс мекарданд, тарконд. Муҷрӣ ва қисме аз толор сарфаҳм намерафтанд ки чӣ шудааст ва чӣ ҳарфи хандадоре гуфта шуд. Устод пас аз самимона хандидану даст задан микрофони наздашро ба даст гирифт ва шурӯъ кард ба суханронӣ ва сӯҳбат дар бораи Ваҳдат ва Сулҳ, қироати шеър ва табдил шуд ба муҷрии нишаст. Он нишастро бо ҳамон шӯхиву ханда руҳияи мусбат то охир бурд.

Устод Гулназар ингуна дар зеҳни ман боқӣ мондааст ва мемонад. Яке аз мо, беҳтар аз аксари мо, заминитар аз ҳамаи мо ва азиз барои ҳамаамон.

Худованд раҳматаш кунад ва охирин касе бошад ,ки дар борааш хотира менависам. 

Омин

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *