Рубрики Хабарҳо

Кумаки 18 миллиардии Аврупо ба Укроин барои бозсозии харобиҳои ҷанг

Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо бо ишора ба ҷанги Русия алайҳи Укроин гуфт, ин иттиҳодия “то замоне, ки лозим бошад аз Укроин ҳимоят хоҳад кард”. Укроин ба кумаки ҷиддӣ барои бозсози шаҳрҳо ва зерсохтҳои ҳаётӣ ниёз дорад. 

Урсила фон дер Ляйен, раиси Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо рӯзи сешанбе 17 январ дар маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод дар Давос гуфт: “пуштибонии тазалзулнопазири мо аз Укроин, аз кумак ба эҳёи шабакаи барқ, гармиву об гирифта то талошҳои баланд муддат барои бозсозӣ идома хоҳад ёфт”. Ў афзуд: “мо то замоне, ки лозим бошад дар канори дӯстони укроинии худ ҳастем”. 

Як рӯз қабл аз ин суханон фон дер Ляйен дар твиттер эълом кард, ки Иттиҳодияи Аврупо як баста кумаки ҷадиди семиллиардевроӣ ба Укроин пардохт хоҳад кард. Ў таъкид кард, ки давлати Киев барои таъмини ниёзҳои молии худ дар натиҷаи ҷанги таҷовузкоронаи Русия “фавран” ба ин пул ниёз дорад. Бар асоси тасмими Иттиҳодияи Аврупо қарор аст имсол то 18 миллиард евро кумаки молӣ дар ихтиёри Укроин қарор гирад. 

Ин пул аз ҷумла барои таъмини ҳазинаҳои сохти бемористонҳову мактабҳо дар Укроин дар назар гирифта шудааст. Се миллиард евро барои моҳҳои январу феврал пардохт мешавад. Аз моҳи март, Иттиҳодияи Аврупо моҳона 1,5 миллиард евроиро пардохт хоҳад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *