Дар 4 моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон, тибқи омори мақомот, наздик ба 2 миллиард сомонӣ муодили беш аз 201 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ тавлид шуддаст.
Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қаблӣ нуҳу ним фоиз бештар гуфта шудааст. Дар ҳамин ҳол қимати маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар аз 5 то 10 дарсад боло рафтааст.
Дар ин миён 147 миллион доллар аз маҷмуъи ин маҳсулот саҳми бахшҳои зироъаткорӣ ва чорвопарварӣ будааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан рушди 8, 3 фоизро нишон медиҳад.
Гуфта мешавад таи ин муддат аз сӯи ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон беш аз 1 ҳазору 600 тонна картошкаи ҳосили нав ва наздик ба 58 ҳазор тонна сабзиҷот низ тавлид шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон мисли ҳамеша қасд дорад дар соли равон низ содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русияро афзоиш диҳад. Ин мавзӯъ дар ҷараёни дидор ва гуфтугӯҳои вазири кишоварзии Русия дар Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Димитрӣ Патрушев вазири кишоварзии Русия дар Душанбе таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз зарфияти содироти беш аз 2 миллион тонна маҳсулоти мухталифи кишоварзӣ бархурдор аст ва Маскав бояд роҳҳои муносиби воридоти мева, ангур, сабзиҷот ва асали кишоварзони тоҷикро фароҳам созад.
Чунин дархост аз ҷониби Тоҷикистон 20 сол аст, ки садо медиҳад, аммо сол то сол ҷои маҳсулоти Тоҷикистон дар Русияро меваву сабзавоти кишварҳои ҳамсоя тангтар мекунад.