Доналд Трамп муддаӣ шуда, ки асноди далолаткунанда бар тавлиди вируси коруно дар озмоишгоҳе дар шаҳри Вуҳони Чин дар ихтиёр дорад. Ин дар ҳоле аст, ки созмонҳои иттилоотии Амрико ҳамсадо бо донишмандон сарманшаи вируси коруноро падидаи табиӣ медонанд.
Интишори гузориши созмонҳои иттилоотии Амрико дар бораи сарманшаи вируси коруно ҳам натавонист назари Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишварро нисбат ба “дастсоз” будани вируси коруно тағйир диҳад. Трамп дар айни ҳол, Созмони беҳдошти ҷаҳониро “равобити умумӣ”-и Чин хонда ва гуфтааст, ки онҳо бояд аз амалкарди худ шармгин бошанд.
Доналд Трамп дар конфронси хабарии худ дар Кохи сафед бори дигар бар дурустии фарзияи тавлиди вируси коруно таъкид кард. Суханони Трамп дар вокуниш ба гузориши созмонҳои иттилоотии Амрико дар бораи сарманшаи вируси коруно ва дар посух ба хабарнигорон будааст.
Трамп бори дигар дар ин конфронс муддаӣ шуд, ки аснодеро дидааст, ки собит мекунад вируси коруно дар озмоишгоҳи микроб ва вирусшиносии шаҳри Вуҳони Чин тавлид шудааст.
Раисҷумҳури Амрико дар посух ба хабарнигоре, ки пурсида буд оё ӯ барои иддаои худ санаде ҳам дар ихтиёр дорад, гуфта буд: “Бале. Ман чунин аснодеро дар ихтиёр дорам.”
Трамп дар посух ба хабарнигори дигаре, ки хостори тавзеҳоти бештар перомуни ин аснод шуда буд, гуфт, ки ӯ дар ҳоли ҳозир наметавонд тавзеҳоти бештаре перомуни ин аснод дар ихтиёри расонаҳо қарор диҳад.
Ин дар ҳоле аст, ки Юон Жиминг, раиси озмоишгоҳи микроб ва вирусшиносии шаҳри Вуҳон борҳо иттиҳоми “дастсоз” будани вируси коруноро такзиб кардааст.
Гузориши созмонҳои иттилоотӣ
Ричорд Гарнл, сафири Амрико дар Олмон, ки ба таври муваққат раёсати созмонҳои иттилоотии Амрикоро низ бар ӯҳда дорад, рӯзи панҷшанбе гузорише дар бораи сарманшаи вируси коруно мунташир кард.
Дар гузориши созмонҳои иттилоотии Амрико тасреҳ шудааст, ки масъулони созмонҳои иттилоотии Амрико бо донишмандон дар ин амр, ки сарманшаи вируси коруно табиӣ буда ва тавассути инсон сохта ё дасткорӣ нашудааст, иттифоқ назар доранд.
Трамп дар посух ба пурсиши яке аз хабарнигорон, ки дар бораи гузориши созмонҳои иттилоотӣ пурсид, гуфт, ки ӯ то ин лаҳза чунин гузоришеро надидааст.
Трамп дар идома гуфт, ки фарзияҳои мутааддиде дар бораи маншаи ин вирус мунташир шуда ва Амрико дар ҳоли таҳқиқ ва баррасии сарманшаи ин беморӣ аст. Трамп гуфт: “Мо мавзӯъро кашф мекунем.”
“Равобити умумии Чин”
Трамп дар конфронси хабарии худ бори дигар Созмони беҳдошти ҷаҳониро мавриди ҳамла қарор дод ва аз ин Созмон ба унвони “равобити умумӣ”-и Чин ёд кард.
Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки ин Созмон барои хатоҳое, ки дар муқобила бо шуйӯъи бемории коруно муртакиб шуда ниёзе ба пӯзиш хостан надорад. Ин Созмон бояд дар иртибот бо ин хатоҳо шарм кунад.
Амрико пардохти кумакҳои молии худ ба Созмони беҳдошти ҷаҳониро мутаваққиф кардааст.
Афзӯн бар он, Трамп дар конфронси хабарии худ дар Кохи сафед бори дигар Чинро муттаҳам ба саҳлангорӣ дар муқобила бо шуйӯъи бемории коруно кард.
Трамп дар бораи амалкарди Чин дар хусуси муқобила бо шуйӯъи бемории коруно гуфт: “Ё раҳбари Чин дар контроли ин бемори нотавон буда ё амдона монеъи шуйӯъи он нашудааст.”
Раисҷумҳури Амрико бори дигар Чинро таҳдид ба муҷозот кард ва гуфт, ки Амрико метавонад бар рӯйи колоҳои сохти Чин таърифаҳои гумрукӣ вазъ кунад.