Рубрики Хабарҳо

Кӯмакҳои молӣ ба ҳамсоягон

Дини Ислом сар то по ғарқи муҳаббату раҳмат аст. Онҳое, ки динро ҳамчун сахтгириву ғалазӣ медонанд, ба Аллоҳ қасам аз асли дин хабар надоранд. Дини Ислом чигуна метавонад дини шиддат бошад, дар ҳоле, ки шахси ба саги ташнамонда об медиҳад, ба биҳишт башорат дода шудааст. Дар дини мо инсон танҳо ба хотири раҳму меҳрубонӣ кардан ба ҳайвон дохили Ҷаннат мегардад, пас, онҳое, ки ба инсонҳо раҳму меҳрубонӣ мекунанд, чӣ подоше интизорашон хоҳад буд? Аксари оятҳои Қуръонӣ ва ҳадисҳои Паёмбар Аҳсин ва ё Аҳсину гӯён такрор мекунанд. Ба ҳамдигар некӣ кунед, ба ҳамдигар меҳрубону ғамхор бошед. Шиори Ислом ҷой кардани адолат, раҳмату меҳрубонӣ дар рӯи замин аст, ки инро ислоҳ кардани дунё мегӯянд. 

Аз бузургтарин ҳаққи ҳамсоя ин ёрӣ расонидан ба ӯ мебошад. Кӯмак кардан ба мардум, алалхусус ба ҳамсоя намудҳои худро дорад.

Аз ҳама бузургтарини он, озор надодани ҳамсоя мебошад, ки аллакай гуфта гузаштем. 

Аз кӯмакҳои дигаре, ки бояд ба ҳамсоя расонем, ин кӯмаки молӣ ба ҳамсояи мӯҳтоҷ мебошад.

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:

ما امن بي من بات شبعانا و جاره جائع الى جنبه و هو يعلم

Ба ман имон надорад, шахсе, ки бо шиками сер мехобад, дар ҳоле, ки ҳамсояи дар наздикиаш буда, гурусна аст ва ӯ медонад, ки он ҳамсоя гурусна аст. (Саҳеҳи Тарғиб)

Дар ҳадиси шариф Паёмбари акрам беимон хонданд, ба ман имон надорад, гӯён барҳазар карданд, онҳоеро, ки дидаву дониста ба ҳамсояи мӯҳтоҷи  худ ёрӣ намекунанд.

Агарчӣ ҳадис танҳо шахсони гуруснаро қайд карда бошад ҳам, тамоми ҳамсояи мӯҳтоҷ, мӯҳтоҷи либос, доруву илоҷ, мӯҳтоҷи таому ҷои хоб ба ин ҳадис дохил мешаванд.

Вақте донистед, ки дар ҳамсоягии шумо ҳамсояи мӯҳтоҷе зиндагӣ мекунад, шитобон ба ёрии ӯ давед. Дидаву дониста ҳамсояи мӯҳтоҷро раҳо кардан, гуноҳ аст, аломати ноқисии имон аст.

Ҳамеша дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз аҳволи ҳамватанон хоҳару бародарони тоҷики худамон хабардор мешавем, ки ба ёрии инсонӣ эҳтиёҷ доранд. Яке дар вагон бо кӯдакон хобидааст, яке дар кӯчаҳо дар сардии ҳаво нишастааст. Мо бояд даст ба даст ба ёрии ин бародару хоҳарон шитобем. Масъулон масъулияти худро солҳост фаромӯш кардаанду шояд хотираашон дигар барнагардад. Аммо, мо ғайрати динӣ, эътиқоди мусалмонии худ, виҷдони инсонияти худро набояд фаромӯш кунем. 

Барои ёрӣ кардан ба ҳамсояи мӯҳтоҷ шарт нест, ману шумо сарватманд бошем, шарт нест, тамоми масъулияти ёрии ҳамсояро гирем ба қадири тавони худ нигоҳ карда, ҳатто бо як пораи нон метавон ба ҳамсоя кӯмак кард.

Баъзан ҳамсоя бо он ҳама камдастии худ аз ҳамсояи худ кӯмак қабул намекунад, мӯҳтоҷи либоси гарм аст, либоси ҳамсоя додаро намегирад, мӯҳтоҷи пул аст, мабалағи ҳамсоядодаро рад мекунад.

Барои он ки дар аксари мардум, маъзарат мехоҳам махсусан дар 

моён таъна кардану пас аз некӣ миннат кардан хеле зиёд аст. Аз ҳама бадтар ёрӣ кардану сипас ба ҳама хабар додан. Ҳамсояи мӯҳтоҷ, агарчӣ мӯҳтоҷ бошад ҳам, намехоҳад фардо зери бори миннату таънаи мардум зиндагӣ кунад. Вақте ба касе ёрӣ мекунед, махсусан ба ҳамсоя кӯмаки худро ҳатто аз худатон махфӣ доред. Ба ҳамсоя итминон диҳед, ки ба хотири ин кӯмак фардо касе ӯро таъна намекунад, касе барои ин кӯмак миннат намекунад. Пинҳонӣ, ба касе ошкор накарда бояд ёри расонем.

Ба кӯдакатон либоси ид ва ё либоси нав харидед, медонед, ки кӯдаки ҳамсоя низ ба либос ниёз дорад, либоси нави кӯдаки шуморо дида дилаш пора мегардад, дар ин вақт пинҳонӣ ба  модари кӯдак маблағи либосро диҳед. Бигзор бачаяки ҳамсоя низ рӯзи иду фараҳдошта бошад. Шумо иду шодиро барояш иҳдо кунед, худатон низ аминам лаззат хоҳед бурд. Ин ёрии шумо сабаби ризогии Аллоҳ, баракати моли шумо инчунин сабаби рафъи ҳасодат байни кӯдакон мегардад.

Шириние, мевае барои кӯдаконатон харидед, медонед, ки ҳамсояи дар баратон буда, шароити хариди меваву ширинӣ надорад, ҳамчун ҳадия миқдоре аз онро ба ҳамсоя диҳед. Бовар кунед, бадбиниву ҳасодати ҳамсоя ба дуои баракат табдил мегардад.

Дар Саҳеҳи Муслим омадааст, ки Паёмбар саллалоҳу алайҳи вассалам гуфтанд:

يا ابا ذر اذا طبخت مرقة فاكثر ماءها و تعاهد جيرانك

Эй Абузар, ҳар вақте, ки таоме мепазӣ, оби таомро зёдтар кун ва ба ҳамсоягонат низ аз он таом бидеҳ.

Як табақи хурдакаки таоми шумо арзише надорад, аммо сабаби улфату муҳаббат байни ҳамсоягон мегардад. 

Ёрӣ кардан ба ҳамсояи мӯҳтоҷ, танҳо ҳамсояи мусалмонро дарбар намегирад. Вақте дар муҳоҷират ҳамсояи ғайримусалмони мӯҳтоҷ доред. Ба таом ва ё либос ниёз дорад, ба кӯмакаш шитобед. Абдуллоҳ писари Амр саҳоби паёмбар ба хидматгори худ мегуфтанд: Вақте таом омода шуд, аввал шуда ба ҳамсояи яҳудӣ бидеҳ.

Албатта баъзе хоҳару бародароне, ки дар ҳиҷрат зиндагӣ мекунанд, мегӯянд: Мо вақте маблағеро ба ҳамсояи камбағали рус, ҳамчун кӯмак медиҳем, шитоб харҷи алкол мекунад. Албатта, вақте медонед ҳамсояи шумо бо пули додаатон мастӣ мекунад, сигор мехарад, дар ин вақт набояд ба ӯ маблағ диҳед. Аммо баъзан медонед, ки ҳамсояи шумо агарчӣ ғайримусалмон бошад ҳам, гурусна аст ва ё ба доруе ниёз дорад, дар ин вақт кӯмаки аз дастатон омадаро кунед. Барои хотири он ҳамсоя не, барои ризогии Паовардигор, барои адои қарзи ҳамсоягӣ ин амалро анҷом диҳед. 

Банда шахсан хоҳарони русеро мешиносам, ки танҳо ба сабаби кӯмаку меҳрубонии ҳамсояи мусалмонашон ҳидоят ёфтаанд. Вақте аз исломашон пурсидаам, некиҳои ҳамсояи мусалмонам сабаби исломи ман шуд гӯён ҷавоб додаанд.

Дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст, Анас ибни Молик мегӯянд, писарбачаи яҳудие ба Паёмбар хидмат мекард, дар ривоятҳои дигар, оилаи яҳудие дар ҳамоягии Паёмбар зиндагӣ мекард, боре он писарбача бемор шуд. Паёмбар ба аёдати ӯ рафтанд. Аз аҳволаш пурсиданд. Ба наздаш нишастанду ба ӯ гуфтанд: Ислом овар (мусалмон шав ба ягонагии Аллоҳ ва ба Паёмбарии ман имон овар). Бисарбача ин сухани Паёмбарро шунавиду ба падари худ нигоҳ кард, зеро падараш низ дар наздаш буд. Падараш ба писарбасча гуфт, он чие, ки Абулқосим, яъне Паёмбар мегӯянд ҳамонро кун.Сипас, писарбачаи яҳудӣ мусалмон шуд. Паёмбар аз назди ӯ мерафтанду чунин мгуфтанд:

الحمد لله الذي انقذه من النار

Сипос Аллоҳеро, ки ӯро аз дузах наҷот дод.

Азизон ба сабаби зиёрати Паёмбар аз он ҳамсояи яҳудӣ он писарбача мусалмон мешавад, паёмбар Худро ҳамд гӯён аз наздаш мераванд, зеро ҳадафи Паёмбар наҷот додани мардум аз Дузах буд, на мужда додани мардум ба азоб.

Имрӯз шахсоне ҳастанд, ки ба ҳамсояи ғайримусалмон салом надеҳ, ҳатто молашро дӯзд гӯён фатво медиҳанд. 

Пеш аз фатвои ин олимҳои ҷадиди асрро гирифтан, боре ба торихи Паёмбар, муомилаи Паёмбар бо ҳамсояи ғайримусалмон нигоҳ кунед.

Оиди ҳаққи ҳамсоя ва кӯмак ба ҳамсоя сӯҳбатҳои зиёд доштем, инҷо бояд масъалаи муҳимеро расонам. Албатта ҳамсоя ҳаққи бузург дорад, бояд ҳаққашро баҷо оварем. Аммо, ҳаққи Аллоҳ болотар аз тамоми ҳуқуқҳост, онҳое, ки мегӯяд ба ҷои фаризаи Ҳаҷ, ки аз асоси Ислом аст ба ҳамсоя некӣ кунед, ҳаҷ ҳисобида мешавад, дурӯғи маҳз аст. Ҳаҷҷи хонаи Аллоҳ албатта ва албатта аз ҳаққи ҳамсоя болост.

Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *