Рубрики Хабарҳо

Додраси «ҳукми сафед»гуфтааст бегуноҳ аст

Рустам Саидаҳмадзода, додрасе, ки судури ҳукмҳои сафед сабаби боздошташ шудааст, иттиҳомҳое, ки тафтишот алайҳаш матраҳ карда, рад намудааст. Мурофиъаи додгоҳии ӯ дирӯз дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба поён расид.

Ӯ тобистони соли гузашта дастгир шуда ва ба қаллобӣ, нашри ахбори дурӯғ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ғайриқонунӣ баровардани ҳукм муттаҳам шуда буд. Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ, додраси собиқ дар сухани охирин дар додгоҳ рӯзи 3-юми апрел иттиҳомҳоро рад карда, ҳамзамон талаб намудааст, ки ӯро озод кунанд. Додситон ба ӯ нӯҳи соли зиндон талаб карда буд.

Ба иттилои манбаъ, Рустам Саидаҳмадзода баромади худро дар мурофиа бо ҷумлаи “сухани охири судшавандаи бегуноҳ” шуруъ кардааст.

Додраси пешин гуфтааст, “медонед, ман барои чӣ дар инҷо ҳастам? Барои пас гардондани парвандаҳои ғайриқонунии тафтишот ва сафед намудани парвандаҳои беасосе, ки боис ба муҷозоти шахсони бегуноҳ мешуданд.”

Саидаҳмадзода афзудааст, ҳукмҳои сафеде, ки ӯ содир кард, дар доираи қонун ва бо далелҳои собит бароварда шудаанд.

Манобеъи радио гуфтаанд, додраси пешин “қариб як соат сухани охирини худро ба додгоҳ ироа кард”.

Додситонӣ Рустам Саидаҳмадзодаро ба он муттаҳам мекунад, ки гуё ҳукмеро, ки ба қувваи қонун надаромадааст, ба Радиои Озодӣ фиристод. Худаш дар додгоҳ гуфтааст, ба Радиои Озодӣ ягон хабар нафиристод. Маъмурияти Радиои Озодӣ низ дар номае ба додгоҳ ҳама гуна ҳамкориро бо Саидаҳмадзода рад карда буд.

Мурофиаи додраси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 3-юми апрел дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе баргузор шуд. Хабарнигоронро ба он роҳ надоданд.

Волидони Саидаҳмадзода ҳам натавонистанд, ба мурофиа роҳ ёбанд. Додситони парванда баъд аз берун шудан аз толори мурофиа бе ироаи шарҳе гуфт, “додрас ба хонаи машваратӣ рафт.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *