Дабири кулли НАТО эълом кард, ки Финлан имрӯз ба унвони сиякумин узви ин Созмон муаррифӣ мешавад.
Йенс Столтенберг дабири кулли НАТО дирӯз душанбе дар ҷамъи хабарнигорон қабл аз нишасти вузарои хориҷаи НАТО, ки қарор аст дар 4 то 5 апрел дар мқр НАТО дар Брюссел пойтахти Белгия баргузор шавад, эълом кард, ки Финланд фардо ба унвони сиякумин узви ин Созмон муаррифӣ шуда ва парчами ин кишвар дар мақари НАТО ба барафрошта хоҳад шуд.
Столтенберг бо баёни ин ки Финланд дар нахустин рӯзи ин нишаст ба унвони сиякумин узв эълом хоҳад шуд, таъкид кард, ки ин амр мӯҷиби амнияти бештари ин кишвар ва тақвияти паймони Атлантики шимолӣ хоҳад шуд.
Столтенберг бори дигар бар орзуи худ барои такмили раванди узвияти Суид дар камтарин вақт таъкид кард.
Гуфтанист аксари кишварҳои НАТО пас аз иҷлоси сарони ин Созмон дар Мадрид, ки дар июни 2022 баргузор шуд, раванди тасвиби узвияти Финланд ва Суидро оғоз карданд. 20 кишвари НАТО дар моҳи июл, 4 кишвар дар моҳи август ва 4 кишвари дигар низ дар сентябр раванди тасвиби ин ду кишварро дар парлумонҳои худ такмил карданд.
Саранҷом, парлумони Венгрия узвияти Финландро дар 27 март тасвиб кард. Лоиҳаи қонун дар хусуси тасвиби протоколи пайвастани Финланд ба паймони Атлантики шимолӣ дар маҷмаъи умумии Маҷлиси миллати Туркия низ дар 30 март пазируфта шуд. Бинобар ин, фароянди узвияти Финланд дар НАТО дар камтар аз як сол такмил шуд ва онро ба яке аз сареътарин фароянаҳои узвият дар таърихи 74 солаи ин Иттиҳод табдил кард.