Рубрики Хабарҳо

Бонки ҷаҳонӣ: Мизони фақр дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши ахири худ аз коҳиши якдарсадии фақр дар Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бонки ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон хатти фақр дар соли 2015 то соли 2017 коҳиш ёфтааст. Дар соли 2015 то соли 2016  аз 31,3 дарсад ба 30,3 ва дар соли 2017 аз 15.1 дарсад ба 14 дарсад коҳиш ёфтааст.

Манбаъ меафзояд, мизони фақр ба таври куллӣ дар минтақаҳои деҳоти кишварамон аз 35.3 дарсад ба 33.5 дарсад коҳиш ёфта ва дар минтақаҳои шаҳрнишин ин нишондод тағйир накардааст. Мизони коҳишёбии хатти фақр дар байни шаҳрнишинон мисли солҳои қаблӣ ҳамоно ҳудуди 24 дарсади боқӣ мондааст.

Коршиносон мегӯянд, муҳоҷирини корӣ яке аз таъминкунандагони асосии буҷаи давлат ва аҳолӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Ба гуфтаи онҳо, сабаби аслии фақр, хуб набудани вазъи муҳоҷирини корӣ ва интиқоли ками маблағ дар тули солҳои 2015 ва 2016 аз Русия ба Тоҷикистон унвон мешавад. Русия ягона кишварест, ки ҳудуди 80 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик дар он кору фаъолият мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *