Рубрики Хабарҳо

65% туркҳои муқими Олмон ба Урдуғон овоз додаанд

Аксарияти туркҳои муқими Олмон ба Урдуғон раъй додаанд ва дарсади орои ӯ дар Олмон аз натоиҷи интихоботиаш дар Туркия низ беҳтар аст. Раиси ҷомеаи курдҳои Олмон ин натиҷаро “баҳра бурдан аз демократия ва ҳимоят аз истибдод дар Туркия” хондааст. 

Тибқи охирин натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия, то кунун Урдуғон ҳудуди 65 дарсад орои туркҳои муқими Олмонро ба даст оварда, дар ҳоле, ки Қиличдоруғлу тавониста наздик ба 33 дарсад аз ироаи онҳоро касб кунад. 

Шаҳрвандони Туркия аз соли 2014 имкон ёфтаанд дар хориҷ аз кишвар пойи сандуқҳои раъй бираванд. 

Аксарияти туркҳои хориҷнишини дорои шароити раъйдиҳӣ дар Олмон зиндаги мекунанд. Ҳамчунин аксарияти ҷамъияти беш аз 500 ҳазор нафарии туркҳои воҷиди шароит дар Иёлоти Нордрайн Вестфалени Олмон сокин ҳастанд. 

Мизони мушорикати туркҳои муқими Олмон дар ин интихобот нисбат ба дафъаи гузашта ба вузӯҳ бештар будааст. Ҳудуди якуним миллион шаҳрванди турк дар Олмон дар интихоботи 14 май мушорикат карданд. 

Алӣ Артон Топрак, раиси ҷомеаи курдҳои Олмон аз ихтисоси ироаи аксарияти туркҳои муқими Олмон ба нафъи раёсатҷумҳурии Раҷаб Таййиб Урдуғон интиқод кард. Ў дар гуфтугӯ бо шабакаи RMD-и Олмон гуфтааст: “касоне, ки ин ҷо аз демокрасӣ баҳра мебаранд аз истибдод дар Туркия ҳимоят мекунанд.” 

Раиси ҷомеаи курдҳои Олмон натиҷаи интихоботро “маъюскунанда” хонда ва гуфтааст: “идеологияи исломгароиву миллигароӣ пирӯз шуд. Ва Урдуғон ба унвони номзади маҳбуб вориди даври дувум мешавад. Ҳеҷ чашмандози хубе барои чанд соли оянда намебинам.” 

Тибқи натоиҷе, ки пас аз шумориши наздик ба тамоми ироаи дохилу хориҷ аз кишвар мунташир шуда, Урдуғон тавонист 49.50 дарсадро ба даст биоварад. Камол Қиличдоруғлу низ муваффақ ба касб 44.90 дарсад ироа шуд. 

Ҳеҷ як аз номзадҳо натавонистанд 50 дарсад ироаро касб кунанд ва 28 май дар даври дувум сарнавишти маснади раёсатҷумҳурӣ равшан хоҳад шуд. 

Дар интихоботи парлумонӣ низ “Эътилофи ҷумҳур” бо меҳварияти ҳизби муҳофизакори “Адолат ва тавсеа”, ба раҳбарии Урдуғон аксарияти қотеъи ороро ба даст овардааст. 

Натоиҷи як назарсанҷӣ, ки як ҳафта пеш аз таърихи расмии интихобот дар 14 май дар маркази мутолиоти Туркия дар шаҳри Ассен анҷом шуд аз афзоиши 19 дарсадии мизони мушорикат нисбат ба замони мушобеҳ дар интихоботи қаблӣ ҳикоят дошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *