Рубрики Хабарҳо

Мардум дар сардиву торикӣ, содироти барқ рӯ ба афзоиш

Дар ҳоле, ки мардуми кишвар аз бебарқӣ азият мекашанд, мақомоти Тоҷикистон содироти барқ ба хориҷи кишварро афзоиш додаанд. Тибқи иттилоъи Агентии омори ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли 2022 ба хориҷи кишвар ба маблағи б аз 2,1 млн доллар барқ содир намуд, ки 0,8% зиёдтар нисбат ба ҳаҷми моҳи пешин мебошад.

Маблағи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷ дар 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 103 млн доллар сурат гирифтааст, ки 10,2% бештар дар муқоиса бо моҳҳои январ-ноябри соли 2021 (ҳудуди 93,6 млн доллар) аст.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ҳиссаи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 5,2%-ро ташкил додааст.

Мақомот ба интиқоди мардум, ки чаро барқ ба соҳибони аслии он — мардуми кишвар дода нашуда ба хориҷ содирот мешавад, мақомот чанд баҳона меоранд. Аз ҷумлаи баҳонаҳои онҳо “аз даст надодани харидор”, “ниёзи кишвар ба асъор” ва ғайра аст. 

Дар ҳамин ҳол коршиносон ва мухолифин мегӯянд маблағи бадастомада аз содироти барқ ба суратҳисобҳои офшории хонаводаи раисҷумҳур интиқол ёфта, танҳо қисмати каме аз он ба кишвар ворид мешавад. 

Гуфтанист, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон (моҳҳои май-август) — ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар — то 40 МВт кам карда мешавад.

Мувофиқи қарордҳои имзошуда, соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *