Рубрики Хабарҳо

Қиссаи «Қуръон —шифо»

Соли 2009-ро дар кишварамон соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намуданд. Дар ин соли ҳуҷаста дар аксари шаҳру навоҳии вилояти Суғд озмуни «Ҳофизони Қуръон» озодона ва бидуни ягон мамониат гузаронида мешуд. Озмуни вилоятии “Ҳофизони Қуръон” дар толори ҲНИТ низ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Мо як гурӯҳ Истаравшаниҳо соати 8-и субҳ аллакай ба озмунгоҳ ташриф оварда будем. Дар толор ҳанӯз касе дида намешуд, фақат як зан нишаста буд ва чунон менамуд, ки ӯ пайваста дар шавқу изтироб аст.

-То оғози озмун вақти кофие ҳаст, — гуфтаму духтаракам Манижаи Махмудро, ки хурдтарин иштирокчии мусобиқа ба шумор мерафт, каме омода намудам, то ки дар саҳна худро гум накунад. Манижаи ҳафтсола як пора Қуръон азёд медонист ва илова бар он ҳадисҳои бисёреро бо забони арабӣ ҳифз карда буд.

Ҳамин тариқ, баъди чанд соат озмун оғоз гардид. Ниҳоят  навбати Манижа фаро расид. Ӯ ба саҳна баромад, ба курсӣ нишаста, баландгӯякро наздикаш овард ва “бисмиллоҳ” гуфта, ширину гуворо сураи Фотеҳаро қироат кард. Фақат дар ояти охирин сахт маҳзун шуд.  Дидам, ки Манижа ба ҳамон зане, ки қабл аз ҳама ба толор омада, ин маҳфили қуръониро бо шавқи зиёд интизорӣ мекашид, бо ҳайрат чашм медӯзад. Зан зор-зор гиря дошт. Тамошои нолаҳои талхи зан маро ором нагузошт ва наздаш рафта, ӯро таскин додан хостам. Он дам чашмам  ба пойҳои каме кач ва лоғараш афтода, ба ҳолаш дилам сӯхт. Дар паҳлӯяш асобағалаш меистод. Аз дидани чунин манзара ғолибан каме хаёлолуд гардидам.

-Апаҷон, Худо шифо диҳад,-гуфтам.

-Хоҳарам, Худо шифо дод. Ана, бо пойҳои худам омадам, -гуфту боз ба чашмонаш ашк давиданд.

Чизе нафаҳмидам. Баъди озмун як-як курсиҳоро гирифта, назди ин зани маъюб ҳалқавор нишастему ба сӯи ӯ суоломез чашм давондем. Марҳабо ном доштааст. Ҳамин асно ба дунёи асрори Марҳабо пайвастем. Ӯ нақл аз рӯзгори талхи худ оғоз карда гуфт:

Дар деҳаи Себзор  ҳавлии калони сердарахте дорем. Ман фарзанди калонӣ буда, боз се хоҳару се додар дорам. Аз хурдиам дасту пойҳоям заифу ногирон буданд. Шукр, ки хоҳаракони меҳрубоне доштам. Солҳо гузашта, ба умри мо фарзандон зам, аммо аз умри падару модарамон кам мешуд. Ба хонаамон хостгорҳо омада, бо навбат хоҳаракони дӯстрӯямро гирифта мебурданд. Модарам дар ҳар тӯйи ҷигарбандонаш, маро дида, аз ғаму хиҷолат як бор қарибки мемурду боз Худо гӯиё ҳаёти дубора мебахшид. Ду додари дигарамро ҳам хонадор кардем. Навбати фарзанди кенча фаро расида буд, ки модарам аз олам чашм пӯшид, аммо ин дафъа барнагашт. Ба хок супоридем. Ман, ки хонаи бахти ягон хоҳарамро надида будам, ақалан мазори модарро ҳам дида натавонистам. Падарам аз ҳоли ман дарун-дарун азоб мекашид ва пинҳонӣ мегирист. Андӯҳи зиёд падарамро низ ҷигардард гардонид ва баъди як соли беморӣ ӯ низ моро абадӣ тарк намуд. Дар вақти будани волидон ман ба унвони хоҳари калонӣ сардор ва тоҷи сари хоҳару додараконам будам. Баъди сари ду сутуни хонадон як бори зиёдатии додари кенҷаам шуда мондам. Рӯҳан азоб мекашидам, ки ман ба бебахтии додарам сабаб хоҳам гашт. Зеро хаёл мекардам, ки ба ӯ чӣ касе духтар медиҳад, дар ҳоле, ки ӯ дар ҳавлӣ хоҳари маъюб дорад?

Додарам тез-тез оина медидагӣ ва ошуфтаву парешонхотир шуда монд.

-Ҳа ҷони апа тинҷимӣ, -гӯям,  механдиду “шумо намефахмед”,- мегуфт.

Наход, ки нафаҳмам? Ман фақат роҳ рафта наметавонам, аммо ақлам расост. Ҳис мекардам, ки додарам ошиқ шудааст.

Ӯ ба духтари ягонаи декани факултет дил баста будааст. Ба эрка зани эрка меомадааст.

-Як моҳ ҳам наистода, ба маркази шаҳр мекӯчем,-гӯён ғавғо бардошт.

Дар аввал ман ҳам каме хурсанд будам. Зеро дар шаҳр зиндагӣ кардан бароям гуворо менамуд. Вале камина аз асли нияти додарам ва дараҷаи баланди беномусии ӯ бехабар будам. Ҳавлиро ба фурӯш гузоштанд. Ду баробар арзон нархашро эълон карда буданд. Додарам арзиши нархи замини холиро бар он ниҳода буд.

-Ҳайрон нашавед, ҳавлиро бо бемораш ҳамроҳ фурӯшанд, арзон мешавад-дия, -таъкид кард дар рафти суханаш Марҳабо.

Додарам, ки ӯро ягона саробони худ меҳисобидам, шарафу номусро аз даст дода буд, ба харидорон шарт гузоштаст, ки агар хоҳари маъюбашро низ ба кафолати худ гиранд, хонаро ними нархаш хоҳад фурӯхт.

Вақте ки аз асли матлаб бохабар шудам ва яқин пайдо кардам, ки додарам аз ман даст кашида, мехоҳад минбаъд ин хел бо ман зиндагӣ накунад, хеле маҳзун гардидам. Дар ниҳоди ман ҳисси нафрат нисбати бародарам бедор шуда буд. Акнун зеҳни маро саволҳои зерин ба худ печонида буд: -Ба ин кулба кӣ меомада бошад? Чӣ хел одамон бошанд?

Маро шабу рӯз ғам зер мекард, аммо Худованд он қадар дӯстам медоштааст, ки баъдан лутфи Аллоҳамро дида, санохон гардидам…

Як оилаи бефарзанд омад. Зану шавҳар шахсони хоксор, хушмуомила ва меҳрубон буданд. Дар одамгарӣ мумтоз буданд. Арусак мани бешавҳару бефарзандро буваҷон (яъне, модарҷон) гуфта хитоб мекард. Танам куртаи нав дид, сарам рӯймоли тоза. Ман ҳам одам будаам.

-Хока гирӣ зар шавад, доманат аз бача пур шавад,-гуфта дуо мекардам.

Ӯ дасти оминкардаамро мебӯсид. Ин дастҳои маъюбро ҳатто модарам набӯсида буд. Ӯ намегузошт, ки касе маро таҳқир кунад, ранҷонад ва обрӯю эътиборамро паст занад.

Рӯзе ин арӯси меҳрубон як китобча харида омад. Номаш «Алифбои бағдодӣ» будааст. Ӯ расо нӯҳ моҳ ба ман алифборо омӯзонид. Зани 35-сола алифбохон шудам. Аҷиб аст, ки баъди ин нӯҳ моҳ “муаллимаамро” ба таваллудхона бурданд. Як соат нашуда, муборакбодӣ сар шуд. Ӯ соҳиби писарча гардид. Номашро ман “Шукруллоҳ” гузоштам.

Аз таваллудхона ҷавоб доданд. Ба хона даромаду кӯдакро ба бағали ман ниҳод.

-Ман ин неъматро даҳ сол инҷониб металабидам. Бо баракати дуоҳои Шумо Худо ӯро бароям бахшидааст,-иброз кард ӯ бо изҳори шодиву хушнудӣ.

Шукруллох гирёнчак буд. Ман аз “муаллимаҷонам” дигар дарс гирифта наметавонистам. То сураи Фотеҳа омадаму тамом. Як соли дигар гузашту келинам боз писардор шуд. Худои меҳрубон тадриҷан чор писар дод. Шароити зиндагии мо каме вазнин шуд. Келин ҳам маҷбур шуд, ки ҳамроҳи шавҳараш ба кор барояд. Шукруллоҳ синфи якум мехонд, додарчаҳояш ба боғча мерафтанд.

-Дар хона нишаста зиқ мемонед,-гуфта, бароям аробаи маъюбӣ хариданд. Рӯйи ҳавлии калон ин сӯ он сӯ мерафтам. Як рӯз Шукруллоҳ барвақт аз мактабаш омад. Тирамоҳ буд ва себи зимистона дар болои дарвоза ғарқи мева буд. Шукруллоҳ ба ҳамон дарахт часпида баромад.

-Меафтӣ, набаро бачам, меафтӣ,-гуфтанамро медонам, ки аз дарахт афтод.

Беҳад сахт тарсидам. Қариб дилкаф шуда будам. Гӯиё дар вуҷуди худам дардро ҳис мекардам. Ноилоҷ монда будам. Аз дастам ёрие намеомад. Шукри Худо, ки дар ҳамин лаҳза модараш омада монду зуд ӯро ба беморхона бурд. Рӯз торик мешуду даракашон набуд. Ман хоҷат доштам. Наметавонистам худам ба ҳоҷатхона равам. Оҳиста-оҳиста ба ароба наздик шудам. Ҳаво боронӣ буд, кам-кам борон мечакид ва оби дидаи маро номаълум мекард. Гӯё борон ба рӯям чакида истода бошад. Ба дари роҳрав наздик шуда, оҳиста худро ба замин гирифтанӣ будам, ки нохост чархи ароба давр заду афтода мондам. Худро  сарзаниш карда, аз нотавониям хориям омад ва сели ашк аз дидагонам сарозер шуданд. Ба гирду атроф чашми умед давондам, аммо касе набуд, ки ба ёриям шитобад.

Бо дастҳои хоколӯда кашола шуда, хазида-хазида ба хонаи дарун даромадам. Мадорам тамоман набуд. Хунук хурда шараққос меларзидам. Курпачаи нав ва либосҳоям тар шуданд.

-Худоё, шарманда шудам, ки хоҷат нигоҳ дошта натавонистам,-гуфта худро сарзаниш менамудам.

Аз ин рӯ, агарчи назди соҳибони хона эҳтиром медидам, вале иззати нафс маро маломат менамуд, ки дар ин хонадон гӯиё як бори зиёдатӣ ҳастам. Ҳатто курпаро ба болоям пӯшида наметавонистам. Фақат як сура медонистам ва хостам онро хонаму аз Худованд талаб кунам, ки ба сӯяш бозхонад. Таҳорат ҳам надоштам. Сураи Алҳамдро хондаму бо дастҳои дарднокам пойҳоямро молиш дода, муддати тӯлонӣ талх-талх гиристам. Дили кӯчакам моломоли дард ва дар забонам дуои зерин ҷорӣ буд:

Худоё, маро наҷот деҳ!

Дигар хобам бурдааст. Хоб дидам, ки хеста ба берун баромада истодаам. Якбора бедор шудам. Дастам ба дастаи дари даҳлез нимхез будам. Дар умрам ягон бор чунин ҳолат рух надода буд. Оре, ягон маротиба нимхез шуда, то даҳлез набаромада будам. Ҳама дар атрофам ҷамъ шуда буданд. Дар канорам табибро дидам, ки маро муойина мекард. Аз тарс фарёд кардам:

Ба ман чӣ шуд?

Шумо дар хобатон қариб роҳ рафтед,-гуфта бароям хушхабар доданд. Чизеро намефаҳмидам. Ба беморхона бурданд. Табиб пойҳоямро муойина карду паёми хуш дод, ки пойҳоям тавони роҳ гаштанро пайдо кардааст. Аз ҳамон рӯз сар карда, бо асобағал кам-кам қадам мепартофтам. Инак, имрӯз то ин ҷо пиёда омадам.

Хоҳарони ба ҷон баробарам! Ман фақат сураи Фотеҳаро медонистам. Шумо босаодат ҳастед, зеро шумо бештар аз онро аз Қуръон медонед. Қуръон шифо ва наҷоти бандагон аст!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *