Ҳизби миллии Шотланд дар натиҷаи райгирии даруниҳизбӣ, Ҳамза Юсуфро ба унвони раҳбари ҷадиди худ интихоб кард. Интихоби Юсуф ба унвони раҳбари ҳизби ҳокими Шотланд, ки пас аз як рақобати панҷҳафтаӣ анҷом шуд, шикофҳои амиқеро дар ҷунбиши шотландиҳои тарафдори истиқлол ошкор кард.
Юсуфи 37 сола, нахустин рангинпуст ва мусулмоне аст, ки ба унвони сарвазир Шотланд интихоб мешавад.
Юсуф, ки пеш аз ин, вазири беҳдошти Шотланд буд бо пирӯзӣ бар рақибони худ, ҷойгузини Никеля Стёрҷен шуд. Хонум Стёрҷен моҳи гузашта пас аз 8 сол сарвазирри Шотланд, ба таври ғайри мунтазира аз самти худ канорагирӣ кард.
Юсуф дар ҳоле қарор аст рӯзи сешанбе бо ҳузур дар парлумони маҳаллии Шотланд ба унвони сарвазир муаррифӣ шавад, ки бо чолишҳои зиёде дар роҳи баргардонидани иттиҳоди дарҳамшикастаи ҳизби миллӣ ва итминон додан ба ҷудоиталабони тундрав барои ҷудоии ин минтақа аз Бритониё мувоҷеҳ аст.
Хонум Стёрҷен агарчи дар мақоми раҳбарии ҳизби миллии Шотланд, мавқеияти ин ҳизбро боло бурд, аммо пас аз шикаст дар ҳадафи худ барои истиқлол аз Бритониё, бо тарҳи қонуни баҳсбарангези тароҷинсиятиҳо боиси бурузи ихтилофоти даруни ҳизбӣ шуд.
Се номзади ҷонишини хонум Стёрҷен бо вуҷуди таъкид бар истиқлоли Шотланд, дорои дидгоҳҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мутафовит буданд. Кейт Форбс ва Аш Риган, ду рақиби Юсуф аз мухолифони лоиҳаи осонтар кардани тағйири ҷинсият буданд аммо инак Юсуф қавл додааст, ки ин лоиҳаро пеш бибарад. Юсуф ҳамчунин дар бораи мавзӯъи истиқлолхоҳӣ аз Бритониё гуфтааст, ки бо эҳтиёт амал хоҳад кард.
Юсуф пеш аз он ки ба сурати расмӣ ба унвони вазири аввали Шотланд муаррифӣ шавад, бо адои эҳтиром ба падарбузург ва модарбузургаш, ки беш аз 60 сол пеш аз Панҷоб ба Глазго муҳоҷират карданд, эълом кард, ки онҳо ҳатто дар рӯёҳояшон тасаввур намекарданд, ки ду насли баъдиашон рӯзе вазири аввали Шотланд шавад.
Ӯ дар идома гуфт: “ҳамаи мо бояд ба ин ҳақиқат биболем, ки имрӯз як паёми равшан фиристодем ва он ин ки ранги пӯст ва имони шумо, монеъ барои раҳбарии кишваре нест, ки ҳамаи мо онро хона меномем.”