Дар пайи шуйӯъи вируси коруно дар Ҳирот, занони зиндонӣ дар ин вилоят даст ба шӯриш зада ва шаш тан аз нигаҳбонони зиндонро захмӣ карданд.
Ҷелони Фарҳод, сухангӯи волии Ҳирот дар ғарби Афғонистон ба расонаҳои маҳаллӣ эълом кард: Якшанбешаб шуморе аз занони зиндонӣ дар зиндони марказии ин вилоят ба далели шуйӯъи вируси коруно шӯриш карданд.
Вай афзуд: Онҳо ба далели ин ки дар феҳристи зиндониёне, ки ба дастури Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон озод мешаванд нестанд, даст ба хушунат зада ва шаш тан аз нигаҳбонони зиндонро захмӣ кардаанд.
Рошид Туто Хайл, мудири кулли танзими умури зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Афғонистон низ гуфт: Бар асоси дастури раисҷумҳур Ғани тайи 10 рӯзи оянда ҳудуди 9 ё 10 ҳазор зиндоние, ки дорои парвандаи сабук аз ҳайси ҷароими иртикобӣ буда ва таҳдиде дар ҷомеа маҳсуб намешванд озод хоҳанд шуд. Раванди озодии ин зиндониён дар тамоми вилояти кишвар ба тавре ҳамзамон сурат хоҳад гирифт. Салоҳияти раҳоии бахши дигар аз онҳо бо маҳоким ва идораи танзими умури зиндонҳост.
Дар ҳамин росто Фарид Ҳамидӣ, қозиюлқузоти Афғонистон низ изҳор дошт: бар асоси фармони Ғанӣ, занон ва кӯдакони зиндонӣ дар аввалвияти афв ҳастанд. Барои дармони беморони вазнин низ як кумитаи дармонӣ дар саросари Афғонистон ташкил хоҳад шуд.
Мақомоти Ҳирот низ гуфтаанд, ки ба далели шуйӯъи вируси коруно ҳудуди 500 зиндонӣ аз зиндони марказии ин вилоят озод хоҳанд шуд.