Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 101 млн доллар неруи барқ фурухтааст.
Тавре Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91 миллиону 300 ҳазор доллар ё 10,7% зиёдтар аст.
Даромад аз ҳисоби содироти неруи барқ дар моҳи октябри соли равон дар муқоиса бо моҳи гузашта 13 баробар кам шудааст. Аз 17 миллиону 100 ҳазори моҳи сентябр то 1 миллиону 300 ҳазор доллар фаромадааст.
Дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 ҳиссаи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 5,7%-ро ташкил додааст.
Мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон (май-август) — ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.
Тибқи қарордод ба Афғонистон дар соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳаҷми он 10 баробар — то 40 МВт кам карда мешавад.
Мувофиқи қарордҳои имзошуда соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.