Рубрики Pressa

Тоҷикистону Туркия ният доранд, ки гардиши тиҷоратро то $1 миллиард расонанд


Тоҷикистон ният дорад, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти дуҷонибаро бо Туркия то ба 1 миллиард доллар расонад.

Ин тасмим дар мулоқоти муовини Сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода бо вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии аҳолии Туркия Ведат Ишикхан дар шаҳри Душанбе гирифта шуд.

Ба таъкиди Холиқзода, саноати нассоҷӣ, коркарди алюминий ва таъсиси корхонаҳои муштарак аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба маҳсуб меёбанд. Инчунин, ҷонибҳо баргузории ҷаласаи ба наздикии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркияро, ки моҳи октябр дар Душанбе доир мегардад, муҳим донистанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, лоиҳаҳои иҷтимоӣ бо пуштибонии Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия (TİKA) низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, дар 8 моҳи соли 2025 ҳаҷми савдои Тоҷикистон бо Туркия ба 277,4 миллион доллар расида, 2,2% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *