Рубрики Хабарҳо

“Агроинвестбонк” метавонад аз иҷозатномааш маҳрум шавад

Бинобар баргардонида натавонистани қарзҳое, ки аз давлат гирифтааст, “Агроинвестбонк” — як замон яке аз бузургтарин бонки Тоҷикистон метавонад аз иҷозатномааш маҳрум шавад. Ин бонк беш аз ӣ800 миллион қарзҳои мардумро низ барнагардонидааст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотиаш гуфт агар бонк аз ӯҳдаи масъулиятҳое, ки ба дӯш гирифтааст набарояд, Бонки Миллӣ метавонад охирин гузинаро интихоб кунад.

“Агроинвестбонк” ӯҳдадории худро нисбати баргардонидани маблағи давлат иҷро намекунад — гуфт роҳбари БМТ. — Аввали соли гузашта ҳукумт барои дастгирии молии “Агроинвестбонк” 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ дода буд. Кӯмаки давлати барои 5 сол ва 2% суди солона дода шудааст. То охири соли гузашта ин бонк бояд 5%, то охири имсол 20% ва то охири соли оянда 25 дарсади маблағҳои давлатро бармегардонд. Вале бонк на ҳамаи ӯҳдадориҳошяро иҷро кардааст”.

Тибқи гуфтаи Нурмуҳаммадзода, “Агроинвестбонк” натавонистааст ба ҷалби сармояи хориҷӣ низ муваффақ шавад.   

Дар ҳамин ҳол бонки дигари дучори мушкилшуда — “Тоҷиксодиротбонк” ба гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода тавонистааст ӯҳдадориҳояшро назди давлат иҷро кунад ва сармояи хориҷӣ низ ҷалб кардааст. Кӯмаки давлат ба ин бонк 2 миллиарду 250 миллион сомониро ташкил медод.

Раиси Бонки Миллӣ гуфт “то имрӯз “Тоҷиксодиротбонк” 112 миллион сомонӣ баргардонида 5% саҳмияҳои худро аз давлат харидааст”.

Ҳамчунин ин бонк муваффақ шудааст юбо сармоядорони араб дар ҷалби сармоя тавофуқ кунад. Қарор аст ширкати «Saudi Investment Group»- Арабистони Саудӣ 51 дарсади саҳмияҳои бонки Тоҷиддин Пировро харидорӣ кунад.

Дар бораи маблағи амонатгузорон бошад, Нурмуҳаммадзода ваъда кард, ки тамоми маблағҳо баргардонида хоҳанд шуд. Ӯ гуфт ин ду бонк амволи кофӣ барои ин доранд. “Ғайр аз ин ин ду бонк ҳамроҳ бо мақомоти интизомӣ барои баргардонидани пулҳояшон аз қарздорон кӯшиш карда истодаанд” — гуфт ӯ.

Ҳоло, тибқи иттилои раиси БМТ, қарзи “Агроинвестбонк” аз мардум 803 миллион ва “Тоҷиксодиротбонк” 570 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Се сол қабл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам ваъда карда буд маблағи амонатгузорон то охирин дирамаш баргардонида мешавад, вале то имрӯз ҳамагӣ 20 дарсади онҳо баргардонида шудааст. Он ҳам бештар ба амонатгузорони наздик ба ҳукуматдорон.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *