Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи сешанбе 24 сентябр бо интишори як пости твиттерӣ нисбат ба баёнияи се кишвари аврупоӣ дар барои ҳамла ба таъсисоти нафтии Арабистон эъломи мавзӯъ кард.
Се кишвари аврупоӣ – Бритониё, Фаронса ва Олмон бо интишори баёния аз нақши масъулияти Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳамалоти рӯзи шанбе 14-уми сентябр ба таъсисоти нафтии Aramco дар Арабистон сухан гуфта буданд.
Дар баёнияи се кишвари аврупоӣ ки ба имзои Ангело Меркел, садри аъзами Олмон, Борис Ҷонсон, нахуствазри Бритониё ва Эмануил Макрон, раисҷумҳури Фаронса расондааст, Ҷумҳури Исломии Эрон масуъли ҳамла ба полоишгоҳи Бақиқ ва майдони нафтии Харис муъаррифӣ шудааст.
Вокуниши тунди Зариф
Муҳаммадҷавод Зариф аз нокомии кишварҳои аврупоӣ дар анҷоми таъаҳудоти БарҶОМ сухан гуфтааст. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба интишори як пости твиттерӣ эълом кардааст ки Аврупо пас аз хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ дар иҷрои таъҳҳудоти худ номуваффақ будааст.