Рубрики Хабарҳо

Маоши ҳади ақал аз имрӯз 600 сомонӣ аст

Шурӯъ аз имрӯз, 1 июл ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуда, маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) низ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Аз 1 июл ҳамчунин андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо нафақа таъин ва пардохт мегардад, ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тибқи фармони Президенти кишвар, аз 1 январи соли 2022 маоши вазифавии (меъёрҳои тарифи) хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуда буд.

Бояд гуфт, ки ба хотири баланд шудани нархи озуқа ва молҳои талаботи ҳаррӯза 20 дар сад баланд шудани маош ҳамоно баробар бо маоши пештара ва ҳатто камтар аз он қурб дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *