10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Сафири Эрон: “Дағдағаи аввали Шӯрои уламо бояд манофеъи ислому муслимин бошад”

Сафир Эрон дар Тоҷикистон дар посух ба баёния Шӯрои уламои кишвар дар бораи иддаои ҳимояти Эрон аз Ҳизби наҳзат исломии Тоҷикистон гуфт боре ҳам нашунидааст ин шӯро аз мазлумини Фаластин ёд карда бошад.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон  гуфт “инҷониб нашунидаам, ки ин шӯрои мӯҳтарам, ки қоидатан бояд дағдағаи аввалаш манофеъи ислом ва мусулмонон бошад, гуфта бошад режими ғосиби Исроил, ки асоси вуҷудаш бар ғасби сарзаминҳои миллати мазлуми Фаластин бино шуда ва акнун дар Ғазза бузургтарин зиндони бесақфи ҷаҳонро ба вуҷуд оварда ва дасташ то оринҷ ба хуни мусулмонон олудааст, шоиста дӯсти нест. Ва ё сухане дар тақбеҳи иқдомоти ахир ва зидди ҷаҳони исломи Амрико ҳамчун интиқоли сафораташ ба Байтулмуқаддас дар остонаи Рӯзи Накбат гуфта бошад, ки дар аввалин гом боиси рехта шудани хуни даҳҳо мусулмони бегуноҳ ва захмӣ шудани садҳо тан аз онон гардид”.

Шӯрои уламо рӯзи 23-юми май бо нашри баёнияи расмӣ дар сомонаи Кумитаи дин гуфта буд Эрон шоистаи дӯстӣ нест.

«Эрон дар ноором кардан ва ба хоку хун кашида шудани Афғонистону Ироқ, Сурия ва Яман даст дорад ва аз ин чӣ фоидае дидааст, ки боз мехоҳад тавассути чанд нафар иғвогарони ҳамзабони худ кишвари ободи Тоҷикистонро ноором кунад” — омадааст дар баёния.

Дар баёнияи Шӯрои уламо ҳамчунин омадааст, “мо яқинан медонем, ки агар Эрон андаке суд ва манфиат бинад, дар ноором кардани ҳар минтақае нақш мебозад ва сипас корро ба дасти душманони ислому муслимин вогузор хоҳад кард”.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *