Рубрики Хабарҳо

Оё воқеан сиёсат мисли зани ғар аст?

Ду латукӯби пайдарҳами журналисти “Азия Плюс” Абдулло Ғурбатӣ, ки дар навиштаҳояш пардаро аз рӯи “ғамхориҳо”-и ҳукумати Раҳмон дар давраи авҷи коронавирус мебардошт, диққати аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб накарда наметавонад. Аслан дар мавриди рух додани чунин ҷиноятҳо мақомоти интизомии Тоҷикистон кӯшиш мекунанд то парвандаи ҷиноятӣ накушоянд ва ба чунин ҳодисаҳои “хурд” диққат надиҳанд. Ва агар рафту аз ноилоҷӣ парванда ҳам боз карданд, ҳатман он дело “аз сабаби пайдо нагардидани далелҳои тасдиқкунанда ва мавҷуд набудани таркиби ҷиноят” боз оҳистаяк баста мешавад. Вале модом, ки мардуми тоҷик ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ аз асли воқеа бо далелҳояш хабардоранд, ҳукумати Раҳмон тавассути троллҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳад бигӯяд, ки Ғурбатӣ “бо ин роҳ машҳур шуданист” ва ё “байни ҳам занозанӣ кардани ҷавонон як ҳодисаи муқаррарӣ асту аз пашша фил насозед”. Намедонам, акнун ки раиси ҷамоат журналистро задааст, ин дафъа вафодорони Раҳмон чӣ баҳона пеш меоварда бошанд? 

Чунин делоҳои “баста” дар мавриди ҳуҷумҳои нафарони ношинос ба хонаи роҳбари ҳизби мухолифи сотсиал-демократӣ — Раҳматилло Зоиров, “ногаҳон” задану харошидани сару рӯи ӯ дар кӯча ҳангоми сайругашти шабонааш аз ҷониби занҳои “роҳгузар”, дуздидани сагҳои зотии ӯ ва “таҷаммӯъҳо”-и ғайриқонунии “гурӯҳҳои номаълум”-и хеле муташаккил бо шиорҳои аз пеш омодагардида ва пуштибонии бевоситаи милиса дар назди сафоратҳои Амрикову Олмон, намояндагии Иттиҳоди Аврупову ОБСЕ, дигар бе ягон шубҳа кори дасти ҳукумати Раҳмон буданашро тасдиқ мекунанд. 

Нақли донишҷӯдухтарони донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки комилан тасодуфан иштирокчии таҷаммуъи назди сафорати Амрико бо талаби ба дасти ҳукумати Тоҷикистон баргардондани Абдуллоҷонов гардиданд, далели он аст, ки дар ташкил кардани чунин “чорабиниҳо” маъмурияти донишггоҳҳо, гурӯҳи “Авангард” ва мақомоти бехатарии Тоҷикистон бевосита даст доранд. Ва баромадҳои “тасодуфи”-и ин гуруҳи аллакай ба труппаи актёрони ноӯҳдабаро табдилшуда, ҳеҷ гоҳе бар зидди сиёсати ҳукумати рӯз равона намегарданд. Чун дар интихоботҳои се даҳсолаи охир, ки ҳамеша беш аз 90 фоизи интихобкунандагон тарафдори Эмомалӣ Раҳмон будаанд.  

Ҷои тааҷҷуб нест, ки ба ин спектаклҳои ночаспони аз ҷониби режиссёрҳои пагондор таҳияву тарҳрезишуда касе дигар бовар ҳам намекунад. Яъне акнун ин саҳнасозиҳо ба як бозии фалш табдил ёфтаанд ва пардаи сиёҳи КДАМ низ бозигарони пуштипардагиро аз назари тамошобини тоҷик пинҳон карда наметавонад. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон имрӯзҳо ба ҷои таъмини амнияти мардум ва бехатарии давлат пурра ба таъмини бехатарии идоракунии ғайриқонуниву ғайридемократии Эмомалӣ Раҳмон аз болои мардуми худаш машғул аст. Акнун дар бозии саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ду даста ширкат меварзанд: дастаи ҳайаташ тағъирнаёбанда, аз ҷониби бӯҷа таъминшаванда ва яроқноки Эмомалӣ Раҳмон ба муқобили шаҳрвандони иқтисодан харобу бепаноҳи тоҷик. Шиддат то ба он дараҷа расидааст, ки имрӯзҳо ҳар як журналист, озодандеш ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дохили кишвар бераҳмона саркӯб мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хешутаборчигӣ ва пурфасодаш тавонист ғайриодилона ҷомеъаро ба ду гурӯҳи ба ҳам зид ҷудо намояд. Имрӯзҳо ҳатто “намояндагон”-и мардумӣ низ дар парлумони тоҷик аз манфиатҳои оилаи Раҳмон ҳифозат мекунанду дар назди интихобкунандагонашон асло аз корҳои кардаашон чун намояндагони худи ҳамин халқ ҳисобот намедиҳанд. Акнун дар гурӯҳи ӯ, ки худро бешармона “давлат” меноманд, ба ғайр аз худашу қудоҳояш боз вазифадорони давлатии аз ҳисоби буҷа маошгирандае чун вазирону раисони кумитаҳо, прокурорҳову судяҳо, раисони вилоятҳову шаҳру ноҳияҳо, кормандони калидии андозу гумрук ҷамъ омадаанд, ки ҳар яке комитлан манфиатҳои шахсии худро пайгирӣ мекунанд.   

Фарқият миёни бою камбағалон низ дар ин мамлакат босуръат афзуда истодааст. Агар фарзанди як тоҷики камбағал барои харидани мошини кӯҳнаи “Опел” солҳои муҳоҷириву пастиҳоро аз сар гузаронад, пас фарзанди бои тоҷик калиди мошини BMW ва ё Mersedes-у X6-и наппа навро дар рӯзи таваллудаш аз падар ва ё хусураш тӯҳфа мегирад. Фарзанди камбағал бо мошини кӯҳнааш шабу рӯз таксӣ задаву нисфи пули дарёбкардаашро ба корандони дар ришвахори БДА месупорад, мондаву абгор ба хона баргаштаву бо шакаробу пиёба қаноат мекунад. Бойбачаҳо бошанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ озодона зидди ҳаракати нақлиёт мошинҳои қиматбаҳояшонро меронанд, дар кабинаҳои махсуси тарабхонаҳо хӯришҳои хориҷӣ фармоиш медиҳанд, шабона дар шоҳроҳҳои Душанбеву Хуҷанду Бохтар мошинпойгаҳои пуровоза ташкил мекунанд. Ва табиист, ки ба аъзоёни командаи Раҳмон аз даст додани ҳама ин имтиёзҳо ҳаргиз хуш намеояд. Ва омодаанд бо фармони “соҳибашон” ба ҷои салла калла ҳам биёранд.

Норӯшан аст, ки чаро мардуми қатории тоҷик то имрӯз мафҳуми “сиёсат”-ро дар фаҳмиши худ бо “зӯрӣ” ва “зӯроварӣ” алоқаманд медонанд. Дар ҳоле, ки сиёсат ҳамагӣ тарзи идоракунии як роҳбар ва ё ҳукумати ӯст.  Аз рӯзи лаҷоми қудратро пурра ба даст гирифтан командаи Раҳмон аз ин хатофаҳмии мардум сӯиистифода кардаву пайваста мекӯшид то шаҳрвандонро аз сиёсат дур нигоҳ дорад. Ибораҳои тарсафкане чун “ба сиёсат олуда набошед”, “сиёсат кори ифлос аст”, “сиёсат чун зани ғар аст” ҳамеша аз ҷониби ин командаву таблиғгаронаш миёни мардум паҳн кардаву тақвият дода мешуд. Вазъият то он дараҷа расид, ки аҳолӣ ба таври сунъӣ ба “калонҳо”-ву “бечораҳо”, ҷомеа ба “боло”-ву “поин” тақсим карда шуд. Албатта аз боло истодаву поинҳоро бозӣ дорондан дигар ба ин команда хеле хушоянд аст. Муддати анқариб си соли охир қамчини бераҳмонаи идоракунии Раҳмон болои сари мардуми тоҷик ҳуштаккашон тоб хӯрда истодаву мафҳумҳоеро чун “ҳокимияти халқ”, “ҳисоботдиҳандагӣ пеши мардум” ва “адолати иҷтимоӣ”  даруни қонунҳои дар рафҳо зери чангмонда ба фаромӯшӣ супоридааст.

Боз баргардем ба ҳамон “зани ғар”, яъне сиёсати идоракунии Раҳмон, ки бо ҳар роҳе мехоҳад худро сафед намояд ва рӯи бероҳагардиҳояшро бо пораи матоъе бипӯшонад. Фаромӯш аз он, ки ин ҳама дар дафтари аъмоли ҳар сиёсатмадоре навишта хоҳад гардид ва онро наметавон ҳатто бо кислота ҳам аз рӯи ин дафтар равонд. Маълум аст, ки ибораи “сиёсат — зани ғар” аз пеш омадааст ва он натанҳо аз танфурӯшии як зан нақл мекунад, балки ҳамеша як ишораи нозуки сиёсие буд ба ифлосӣ, дурӯягӣ ва беимонии як сиёсатмадор ва ё гурӯҳи сиёсатмадорон бо мақсади рупӯш сохтани дурӯғ ва амалҳои ғайримардумии худ. Эмомалӣ Раҳмон ва командааш аз рӯи кундзеҳнии сиёсиашон ба мазмуни ин ибора сарфаҳм нарафта, онро бевосита ба занҳои ғар, роҳбарони фоҳишахонаҳои ғайриқонунӣ алоқаманд намуданд: камераҳоро ба дасти онҳо доданду фармуданд то ҳамхобагиҳои ғайришаръияшонро бо нафарони барои Раҳмон номатлуб сабт созанд ва ба мазраи ом гузоранд. Ин ҷо мақоли “хар гардани хар хояду ғар гардани ғар” хеле мувофиқ аст, зеро дарвоқеъ ҳам бузургонамон дуруст фармудаанд “кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз”. 

Таъсиси гурӯҳҳои зудамали ҳукуматии “занҳои аз фаъолияти мухолифин норозӣ”, “майзадаҳои бо помидору картошкаву тухм ба хонаҳои мухолифин ҳуҷумкунанда”, “ҷавонони авангарди танҳо аз сиёсати Раҳмон пуштибон”, “эътирозгарони пеши дари сафоратхонаҳои хориҷӣ” махсули нақшакашиҳои якҷояи кумитаи бехатарӣ ва милиса дар кабинетҳои кориашон мебошад. Ҳоло мақомоти қудратии Тоҷикистон ба ҷои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба пуррагӣ ба ҳифзи сиёсати пахшгаронаи Раҳмон гузаштаву тамоми қувваи зеҳниашонро ба садоқат ба пешвои худ сарф мекунанд, на ба хизмати халқ. Тааҷубовараш он аст, ки барои амалӣ намудани ин амалиётҳои зиддимардумиашон аз буҷаи кишвар, яъне аз пули киссаи ҳамин мардуми ҷабрмедодаашон истифода мебаранд. Ва муддати ин солҳои дарозе, ки сари қудратанд, ба як командаи ҷиноятии муташаккили яроқнок бар зидди мардуми тоҷик табдил ёфтаанд.

Пас аз хомӯшии муваққатиаш дар пасманзари сиёсати нобарори зиддикуруноии худ, Раҳмон боз қад алам кардаву мехоҳад ба ҳамон роҳи зӯроваронааш давом диҳад, даҳони мардумро бандад, саркашонро ба ҳабс андозад, ҷомеаи ҷаҳониро гӯл занад. Ин навбат ба Рӯшон лашкар кашидаву мехоҳад нақшаи дер боз амалинашудаи тобеъсозии мардуми Бадахшонро ба анҷом расонад. Вале дигар камераҳои телефонҳои сайёри мардуми баҷономада ҳамеша боз аст ва ҳар амали ин гурӯҳи ҷинояткор дар як лаҳза дастраси мардум мешаванд. Яъне механизми ширкати бевоситаи мардум дар сиёсат ба таври табиӣ ба кор даромадааст.    

Фаромӯш набояд сохт, ки ҷомеаи инсонӣ дар баробари қонунҳои бо дасти мансабдорон навишта боз қонунҳои табиӣ ва нонавиштаи худро низ дорад, ки бар принсипҳои умумиинсоние чун адолат ва баробарӣ такя мезананд. Ва ҷомеаи инсонӣ чун як ҷисми зинда аст, ки бар зидди бемориҳояш иммунитет пайдо кардаву маризиҳоро тадриҷан аз вуҷуди солимаш берун мепартояд. Беҳуда нест, ки дар ҳама қиссаҳову достонҳои аз гузашта то имрӯз эҷодгардидаи равшанфикрони олам некӣ бар бадӣ ҳамеша пирӯз омадааст. Ва Эмомалӣ Раҳмону командааш дар тӯли мавҷудияти инсоният аввалин бемории ҷомеъа нест, ки аз вуҷуди сиҳати он берун ва аз саҳфаҳои таърих ба куллӣ руфта шудааст. Паразитҳои ба ин монанд, ки бар тани миллат часпидаву аз ҳисоби макидани ширааш ҷисми онро хароб мекунанд, имрӯз ё пагоҳ аз байн бурда мешаванд. Худованд дар баробари додани ҳар беморӣ табобаташро ҳам додааст.     

Анвар Мунавваршоев,

таҳлилгари сиёсӣ   

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *