Рубрики Хабарҳо

“ГОВСУД” БА ҶОЙИ “ҲУКМИ САФЕД” (Видео)

 Додрасе, ки судури “ҳукми сафед”-аш мунҷар ба боздошти ӯ шуд, иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи худро рад кард.

Мурофиаи додгоҳии ӯ чанд рӯз қабл дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба поён расида, аммо ӯ бо такзиби ин ҳама иттиҳомот худро “судшавандаи бегуноҳ” унвон кардааст.

Ба иттилои радиои “Озодӣ”, додраси собиқ дар сухани охиринаш дар додгоҳ дар рӯзи 3-юми апрел иттиҳомҳоро рад карда, ҳамзамон талаб намудааст, ки ӯро озод кунанд. Додраси пешин гуфтааст, “медонед, ман барои чӣ дар ин ҷо ҳастам? Барои пас гардондани парвандаҳои ғайриқонунии тафтишот ва сафед намудани парвандаҳои беасосе, ки боис ба муҷозоти мешуданд.”

“Судшавандаи бегуноҳ”

Номи Рустам Саидаҳмадзода моҳи майи соли 2021 расонаӣ шуда буд. Ӯ дар зимни муҳокимаи парвандаи Афзал Маҷидӣ, як сокини 32-солаи шаҳри Хуҷанд, ки пас аз баррасӣ ӯро бегуноҳ эълон кард, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Маҷидӣ соле пеш аз он аз ҷониби додситонии нақлиёти вилояти Суғд бо иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт шуда буд.  Аммо Рустам Саидаҳмадзода даъвои додситониро рад карда, “бо сабаби мавҷуд набудани таркиби ҷиноят дар кирдор”-и Афзал Маҷидӣ ӯро донист. 

Ҳамакнун Рустам Саидаҳмадзодаи замоне додрас дар курсии айбдорӣ менишинад ва додситон нуҳ соли зиндон барои ӯ талаб кардааст. Додситонӣ Рустам Саидаҳмадзодаро ба он муттаҳам мекунад, ки гӯё ҳукмеро, ки ба қувваи қонун надаромадааст, ба радиои “Озодӣ” фиристодааст. Аммо ӯ ин .

Изҳороти ахири оқои Саидаҳмадзода дар робита ба бегуноҳии ӯ баҳсҳоеро атрофи адами “ҳукмҳои сафед”-и мақомоти додгоҳӣ дар Тоҷикистон доғ карда. Пас радди иттиҳомот аз тарафи як додраси собиқро ин гуна низ мешавад, ташреҳ кард, ки танҳо ӯ нест, ки иттиҳомотро такзиб мекунанд, балки афроди ҳамтақдири ӯ низ зиёданд, аммо бо вуҷуди собит нашудани гуноҳашон ҳоло ҳам пушти милаҳои зиндон ба сар мебаранд.

Ба иборати дигар судури ҳукми сафеди Рустам Саидаҳмадзода аз лиҳози ҳуқуқӣ баррасии хосеро аз тарафи ҳуқуқшиносон тақозо менамояд ва мутахассисони мустақил дар ин росто бояд ибрози назар намоянд. Аммо масъалаи дарднок ин буда, ки ӯ дар ин чоҳи рӯпӯшида бо қонун танҳо нест ва кулли нафароне, ки ба мисли ӯ “говсуд” мешаванд, тавоноии баланд кардани садо аз қаъри зиндонро надоранд, ҳол он ки зинаи аввали додгоҳ зинаи ниҳоӣ нест ва фарди маҳкум дар ин зинаи додгоҳӣ ҳаққи шикоят аз болои ҳукми додгоҳро дорад, ки дар сурати пирӯзӣ дар зинаи баъдӣ “ҳукми сафед”-и додгоҳ насибаш хоҳад шуд. Пас суол ин аст, ки ин воқеият дар Тоҷикистон чӣ гуна будааст?

Ҳамагӣ ду “ҳукми сафед” дар як сол

Коршиносон ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон “ҳукмҳои сафед” кам содир мешаванд, ҳол он ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ ҳудуди баррасӣ мешавад. 

Зимнан бояд гуфт, дар Тоҷикистон ҳич ниҳоди давлатӣ, созмон ё фарде таҳқиқ анҷом надодааст, ки дар даҳ ё панҷ соли ахир чӣ қадар “ҳукми сафед” содир шудааст.

Дар Қирғизистон бошад, чунин таҳқиқ сурат гирифтааст, аммо мутаассифона, ин вазъ дар кишвари ҳамсояи мо низ хушҳолкунанда нест. Ин гуна як таҳқиқро дар Қирғизистон Бунёди расонаии анҷом дода буд. Ин таҳқиқот панҷ сол, аз соли 2012 то соли 2017-ро дар бар мегирифт. Мутобиқи ин таҳқиқот, ҳадди болои “ҳукмҳои сафед” дар Қирғизистон 4,8 дарсад будааст, ки дар соли 2014 иттифоқ афтодааст. Ин мизон дар соли 2012 3,4, соли 2013 4,3, соли 2016 3 ва солҳои 2015, 2017 3,9-дарсадӣ будааст.

Ҳарчанд дар ин хусус дар Тоҷикистон таҳқиқи саросарие анҷом нашудааст, аммо мақомоти додгоҳӣ дар ин ё он суханроние дар робита ба ин масъала изҳори назар кардаанд. Масалан, Нусратулло Абдуллоев, раиси собиқи Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2011 гуфта буд: «Агар соли гузашта танҳо як нафар сафед карда шуда бошад, дар семоҳаи аввали соли 2011 аллакай доштем”.

Аз ин суханҳои раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2011 бармеояд, ки соли 2010 дар кишвар танҳо як “ҳукми сафед” содир шудааст.

Соли 2014 аз ҷониби ҳамаи додгоҳҳои ҷумҳурӣ 125 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, маъмурӣ ва хонаводагӣ баррасӣ шудааст. Аз ин шумор 6,7 ҳазор аз болои ҳалномаҳои додгоҳӣ шикоят кардаанд, ки бекор гардидааст. 

 Агар ин арқомро муҳосиба кунем, мебинем, ки дар як сол каме бештар аз 6.2 дарсади ҳалномаҳои додгоҳӣ бекор шудаанд. Аммо мушкили асосӣ дар ин ҷо он аст, ки ин шумори умумӣ аст ва мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳалнома қарор ва ҳукмро шомил мешавад. Яъне мушаххас нест, ки чанд дарсад аз ин ҳалномаҳо ҳукми додгоҳӣ ҳастанд ва чанде аз онҳо қарори додгоҳӣ. Аз ин рӯ наметавон гуфт, ки кулли ҳалномаҳои додгоҳӣ дар он сол “ҳукми сафед” ҳастанд, зеро барои ҳалли масоили маданӣ ё шаҳрвандию хонаводаӣ додгоҳ қарор қабул мекунад ва дар қазияҳои ҷиноӣ аз ҷониби додгоҳ ҳукм содир мешавад.

Гузашта аз ин мақомоти додгоҳии Тоҷикистон эътироф намудаанд, ки дар ҳамон сол дар зимни баррасии 25 парвандаи марбут ба терроризму ифротгароӣ содир накардаанд.

Дар шаш моҳи соли 2015 ҳамагӣ чаҳор “ҳукми сафед” содир шудааст. Ҳол он ки дар ин муддат баррасӣ шудааст. 

Ин дақиқан ҳамон соле буд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мамнуъ эълон шуд. Аммо мақомоти ин ҳизб дар соли 2016 маҳкум ба зиндон шуданд.

Соли 2020 додгоҳҳои кишвар ҳамагӣ 2 ва соли 2021 бошад, 10 “ҳукми сафед” содир кардаанд.  Шояд яке аз ин ҳукмҳо ба Рустам Саидаҳмадзода марбут бошад. Давоми шаш моҳи соли 2022 бошад, додрасҳои тоҷик .

Маҳмадалӣ Ҳаит: Ба коллегияи Суди Олӣ шикоят мекунам!

Бояд гуфт, на ҳама қазияҳои додгоҳии ҷиноӣ расонаӣ мешаванд. Дар баъзе мавориди дигар баъзе аз ҷузъиётҳои қазияҳои додгоҳӣ ё умуман парвандаҳои афроде расонаӣ мешаванд, ки қабл аз он бо расонаҳо сарукор доштанд ё аз фаъолоне маҳсуб мешаванд, ки дар ҷомеа то ҷое матраҳанд. Ин гуна қазияҳои додгоҳӣ сарусадои зиёде бармеангезанд.

Албатта, тайи як матлаб наметавон ҳама паҳлуҳои ин масъаларо баррасӣ кард, вале мешавад, ба гунаи намуна чанд мисолеро матраҳ ва сари он андеша кард.

Агар қазияи мамнуъ кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба ёд биёрем, мешавад гуфт, ки ҳич яке аз мақомоти зиндонишудаи ин ҳизб иттиҳомоти додситониро напазируфтанд. Ин маънии онро дорад, ки дар додгоҳ ҷурми онҳо собит нашудааст, аммо бо ин вуҷуд ҳам пушти панҷара рафтанд. Масалан, дар шикояти кассатсионии Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфта мешавад: “Аз ин ҳукми баровардаи судяи суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторзода А. тамоман , нисбати он мутобиқи талаботи моддаи 357-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ба коллегияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ оварда мешавад”. 

Аммо ку натиҷа? Чунин шикоятҳо ҳич натиҷае надоштанд. Аз соири мақомоти зиндонишудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ метавон чунин мисол овард, ки ҳич иттиҳоме аз эшон собит нашудааст, аммо ба далоили пайвандии мо ба ин ҳизб аз баррасии дигар парвандаҳо ва туҳмат шудани мақомоти он худдорӣ мекунем ва рӯ меорем ба парванда ва афроде, ки ба ин ҳизб рабт надоранду надоштанд, аммо зиндонӣ шуданд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Заданду кӯфтанду ба барқ монданд

Соле, ки гузашт, барои расонаҳо соли сангин буд. Дар ин сол ҳафт нафар аз рӯзноманигорон боздошт шуданду пушти панҷара рафтанд. Ҳадди ақал Далери Эмомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибеки Саидаминӣ ҳатто воқеиятҳои дохили зиндону шеваи баррасии парвандаи онҳо, ҳамчунин шеваи бозҷӯии худ дар зиндонро босароҳат гуфтанд.

Дар номаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз зиндон гуфта мешуд: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам. Дар навор матни навиштаи кормандони УБОП-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи он ки гӯё бо раҳбари мухолифон Муҳиддин Кабирӣ дар робитаи доимӣ будаму дар Тоҷикистон инқилобе омода мекарда бошем, хондам.”

Ҳудуди чаҳор моҳ пас аз расонаӣ шудани ин нома Додгоҳи Олӣ эълом кард, ки ин рӯзноманигор нашудааст.

Завқибек Саидаминӣ низ дар номае бо такзиби иттиҳомоташ ва раҳоии худ шуд.

 Номаҳои  ӯ низ бидуни посухи дархӯре аз тарафи мақомот боқӣ монданд. Ҳол он ки агар раванди қонунӣ ба назар гирифта мешуд, ҳузури ин нафарон бояд собит мекарданд, ки онҳо гунаҳкоранд. Вақте гуноҳи онҳоро собит карда натавонистанд, табиист, ки бояд афроди мазнун “ҳукми сафед” мегирифтанд, аммо чаро “ҳукми сафед” нагирифтанд ё намегиранд?

Шермуҳаммад Шоҳиён: Ин аз кори хуби мақомоти тафтишоти пешакӣ шаҳодат медиҳад

Ба назари Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси феълии Додгоҳи Олии Тоҷикистон, “ин аз кори хуби мақомоти тафтишоти пешакӣ шаҳодат медиҳад. Яъне агар шахс ҷиноят содир накарда бошад ва ё гуноҳаш исбот нагардида бошад, , тафтиш ва пешниҳоди он ба мақомоти судӣ вуҷуд надорад”.

 Аммо суол ин аст, ки зери шиканҷа эътироф кардани кадом ҷурме маънии гунаҳкориро дорад? Чаро вақте чунин шикоятҳо расонаӣ мешавад, кумиссюни мустақиле, ки шомили ҳуқуқшиносону фаъолони ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон бошад, барои таҳқиқи чунин қазияҳо ташкил намешавад? Оё дар шароите, ки Тоҷикистон дорад, мақомот қобили эътимоданд?

Шуҳрат Қудратов: Додгоҳҳои Тоҷикистон мустақил нестанд

Бо вуҷуди чунин посухи раиси Додгоҳи Олӣ дар хусуси “ҳукмҳои сафед” коршиносони дигар дар робита ба ин масъала назари мутафовит доранд. Шуҳрат Қудратов, вакили дифои тоҷик, ки замоне ӯ низ бар асоси иттиҳомоти бепоя зиндонӣ шуда буд, дар суҳбат бо сомонаи “Кабар” гуфтааст, ба далели ин ки додгоҳҳои Тоҷикистон аз ҳукумати иҷроия мустақил нестанд, .

Ҳамчунин манбаъ аз номи додрасе бидуни зикри ном менависад, ки вақте ҳукми айбдорӣ ба додгоҳ мерасад, бояд тасдиқ ва ҳукм содир шавад, “вагарна ба додситон “гап” мерасад”.“Як қоида вуҷуд дорад, ки агар судя “ҳукми сафед” содир кунад, ин аст. Дар ин ҳолат ё прокурор ҷазо мегирад ё аз судя қасос мегирад.

Дар чунин ҳол боз ҳам қазия ба мустақил набудани додгоҳҳо бармегардад. Ё ба иборати дигар додситонҳо, ки ҷузъе аз ҳукумати иҷроия мебошанд, болои додрасҳои додгоҳҳо нуфузи бештар доранд. Аз ин рӯст, ки парвандаҳои супоришӣ, бахусус аз рӯзноманигорону фаъолони сиёсӣ ва ҳамчунин сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат дар ҳич гуна ҳолате мунсифона баррасӣ намешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *