Раисҷумҳури Туркия бо таъкид бар аҳамияти талошҳои Анқара барои итмоми ҷанги Укроин ва Русия гуфт, ки муваффақиятҳои дипломатик, ки бо ифтитоҳи коридори ғалла оғоз ва бо табодули асирон идома ёфт, “як пешрафти ғурурофарин” барои кишвараш будааст.
Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия пас аз поёни нишасти кобинаи давлаташ тайи суханоне гуфт: дар чорчуби тавофуқномаи ғаллаи Истамбул, то кунун беш аз 5 миллион тонн ғалла аз Укроин хориҷ шудааст.
Вай дар идома бо ишора ба аҳамияти талошҳои Туркия дар заминаи итмоми ҷанги Укроин ва Русия изҳор дошт: муваффақиятҳои дипломатик, ки бо ифтитоҳи коридори ғалла оғоз ва бо табодули асирон (миёни Укроин ва Русия) идома ёфт, як пешрафти ғурурофарин барои кишвари мо будааст.
Иқдомоти таҳрикомези Юнон
Урдуғон бо таъкид бар ин ки Анқара сиёсатҳои ҳамсояаш Юнонро, ки бӯи таҳрик ва таниш медиҳад бо эҳтиёт пайгирӣ мекунад, гуфт: медонем, ки нияти воқеии касоне, ки сиёсатмадорони юнониро таҳрик мекунанд, мамониъат аз иҷрои барнома ва тарҳҳои мо барои сохтани Туркияи бузург ва қудратманд аст.
Вай дар бораи иқдомоти таҳрикомези Юнон афзуд: ин як бозии хатарнок барои сиёсатмадорон, давлату миллати Юнон ва касоне аст, ки аз онҳо ба унвони арӯсаки хаймаи шаббозӣ суъистифода мекунанд.
Урдуғон тасреҳ кард: таҷаммуъи низомии хориҷӣ дар қолабу зоҳири ишғолгар дар саросари Юнон, бояд мардуми Юнонро нохурсанд кунад, на моро.
Вай идома дод: на он таҷаммуъи низомӣ ва на он ҳимоятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои расидани Юнон ба сатҳи мо кофӣ нест, балки барои кашондани Юнон ба ботлоқ кофӣ аст.
Раисҷумҳури Туркия таъкид кард: дар дифоъ аз ҳуқуқ ва манофеъи кишварамон дар баробари Юнон бо истифода аз тамоми имконоте, ки дар ихтиёр дорем, кӯтоҳӣ нахоҳем кард.
Рекордшикани фурудгоҳи Истамбул
Урдуғон ҳамчунин гуфт: дар ҳоле, ки ҳавонавардии ҷаҳон, ба вижа дар Аврупо бо мушкилоти бисёр ҷиддӣ мувоҷеҳ аст, фурудгоҳҳои мо рекорд мешикананд.
Вай бо ишора ба ҷойгоҳи фурудгоҳи Истамбул дар санъати ҳавонаврдии ҷаҳон афзуд: фурудгоҳи Истамбул, ки ба яке аз мӯътабартарин барандаҳои кишварамон дар ҷаҳон табдил шудааст, дар 22 рӯз аз моҳи ҷорӣ бо 30 ҳазору 970 парвози мизбон беш аз 5 миллион мусофир буд.
Гуфтанист Туркия бо фарқ аз кишварҳои Аврупо парвозҳояш ба Русияро қатъ накардааст ва дар фирори русҳо аз басиҷ даҳҳо миллион доллар даромад ба даст меорад.