Азиз Нақибзод, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик ба ин назар аст, ки дар Тоҷикистон ҳатто ҳамин саҳнаи интихоботиро ҳам натавонистаанд ҳирфаӣ кунанд. Ӯ дар як навиштааш дар фейсбук ин масъаларо ба баҳс кашидааст ва таҳлилгарони дигар низ ба он ҳамроҳ шудаанд.
Паём навиштаи рӯзноманигор ва бархе аз шарҳҳои зери онро манзури хонандагонаш мегардонад
Азиз Нақибзод: Интихобот дар кишварҳои ғайридемократӣ саҳнасозист. Дар Тоҷикистон ҳамчунин. Инро хурд то калон медонанд.
Дар чунин кишварҳо политтехнологҳо мисли як режисёри ҳирфаӣ корзори интихоботро бо маҳорат ба саҳна мегузоранд, ки мардум ба дурустиаш бовар мекунанд.
Аммо Тоҷикистон дар ҳамин масъала ҳам истисност. Саҳнаи интихоботи Тоҷикистон аз ҷониби «режисёрҳо»-и ғайрикасбӣ ва ноуҳдабаро гузошта мешавад. Ин саҳнаро мардум ба «театр» норафта хулосаашро медонад. Актёронаш ҳам тағир намеёбанд. Ҳамон чеҳраҳо, ҳамон суханҳо…
Кори сиёсат аз як тараф душвор ва печида аст, вале аз ҷониби дигар агар ба фаҳмаш равӣ содаву осон аст. Масалан, ҳамин интихоботи президенти Точикистон, ки моҳи октябр барпо мегардад, агар технологҳои сиёсии хуб медоштем, метавонистем, ба шакли беҳтар ва ба интихобот монандтар ташкил намоем. Барои ин аз баҳри номзадии хӯсаҳои сиёсӣ мебаромадем. Чеҳраҳоеро ба номзадӣ пешбарӣ мекардем, ки дар ҷумҳурӣ кам ҳам бошад, таъсиргузоранд. Фарзи мисол, номзадии Ёдгор Файзов ва Қоҳир Расулзодаро мегузоштем. Дар ин ҳолат ҳама ба интихобот мерафтанд. Ба интихобот буданаш бовар мекарданд. Маърака пуршӯр мегузашт. Ва ин номзадҳо табиист, ки беш аз 20 дарсадӣ овоз мегирифтанд. На 1,5 ва 2,5 дарсад овози масхарабору хандадор.
Масъала барои ҳукумат чист? Боз президент эълон кардани Эмомалӣ Раҳмон. Пас муҳим ҳамин аст, ки ӯ президент эълон шавад. Чӣ фарқ дорад, ки номзадҳо кистанд?
Номзадеро бояд гузошт, ки мардум нафаҳмад, ки мо саҳнасозӣ мекунем.
Ҳеч гоҳ Расулзодаву Ёдгор Файзов ҳукуматро аз дасти Эмомалӣ Раҳмон гирифта наметавонанд. Дар ҳарду ҳолат Эмомалӣ Раҳмон пирӯз эълон мегардад. Пас хубтар нест, ки саҳнаи ҳирфаӣ бисозем?
Саҳнаи интихоботро такрорӣ ва ғайриҳирфаӣ сохтани ҳукумат аз як тараф аз ноуҳдабароии созандагонаш бигӯяд, аз тарафи дигар номанзурӣ нисбати интихобкунандагон ва ҳеч шуморидани эшон аст.
Нисбати раъияте, ки нони ҳукумат аз ҳисоби эшон мебошад, номанзурӣ хуб нест ва беақл шумориданашон бад аст.
Абдуқодир Рустам: Вақте ки натиҷааш аз қабл маълум аст, чи фарқ дорад, С. Усмонзода номзад хоҳад буд ё Қ.Раслузода, Ё. Файзов ё А. Ғаффоров!
Норим Одинаев: Сел бе ҳеҷ роҳбар то ба дарё мерасонад хешро,
Шавқ агар дар дил бошад, роҳбаре даркор нест. Соҳиб.
Дигар ба интихобот касе шавқе надорад..
Хуршед Атовулло: Шояд касе бовар надошт ки Навалний дар баробари Путину Зеленский дар баробари Порошенко ракиби сазовор мешавад.. Шояд решаи андешаю тарси политехнологхо дар ин чост…
Раҷаб Мирзо: Нобоварӣ. Ин қоидаи ҳамаи давлатҳои авторитарист. Ба ҳич кас бовар надоранд. Ба «муҳаббати мардум» ва омори пешниҳодӣ ҳам.