Рубрики Ozodi

Аз панҷ қурбонии садамаи мудҳиши нақлиётӣ чор нафарашон варзишгарони мактаби гӯштии Суғд будаанд



Мақомоти ҳукумати Толибон аз ихроҷи даҳҳо муҳоҷири афғон аз Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир, хабар доданд. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол мавзуъро шарҳ надодааст. Манбаъҳои наздик ба муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон, хабари ихроҷи ин паноҳандагонро тасдиқ карданд.

Вазорати муҳоҷирони ҳукумати Толибон рӯзи 31 май дар хабарномае эълон кард, ки 49 муҳоҷири афғон рӯзҳои 28-29 май «ба сабабҳои номаълум», аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.

Ба гуфтаи ин вазорати таҳти назорати Толибон, ин муҳоҷирон ду рӯз пеш аз тариқи Бандари Шерхон дар вилояти Кундуз, ба кишварашон бозгардонида шуданд. Бандари Шерхон бо Панҷи Поёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Толибон гуфтаанд, ки 36 тан аз ин афрод корти иқомати Тоҷикистон ва 12 тани дигар гузарнома ва виза доштаанд. Вазорати муҳоҷирати ҳукумати Толибон таъкид кардааст, ки сабаби ихроҷи ин афрод «номаълум» аст.

Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон то кунун дар ин бора чизе нагуфтаанд ва масъаларо шарҳ надодаанд.

Як манбаи наздик ба муҳоҷирони афғон дар Душанбе бо тасдиқи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта ҳам боздошти паноҳандагони афғонистонӣ идома доштааст, вале маълум нест, ки оё касе аз дастгиршудаҳоро ихроҷ кардаанд ё не.

Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ин низ даҳҳо муҳоҷири афғонро аз ин кишвар берун карда буд. Аз ҷумла, дар охирҳои моҳи апрел ҳудуди 50 тан аз муҳоҷирони афғон тайи амалиёти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон боздошт ва ба кишварашон баргардонида шуданд.

Он замон шуморе аз муҳоҷирони афғон нигаронӣ карданд, ки Тоҷикистон теъдоде аз онҳоро, ки дар Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, низ сабт буданд, аз ин кишвар берун кардааст.

Онҳо бо нигаронӣ аз ин вазъият, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки бинобар ҳолати феълӣ ва вазъи бади ҳуқуқи башар дар Афғонистон, тасмимҳои худ роҷеъ ба ихроҷи паноҳандагони афғонро бозбинӣ кунанд.

Ҳазорон паноҳҷӯи афғон аз чанд даҳсола ба ин тараф, ба вижа пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон, ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд.

Ба иттилои Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандаон, танҳо дар моҳи декабри соли 2024-ум 80 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба ватанашон фиристода шуданд. Ба иттилои ин ниҳод, бисёре аз ин афрод, санад ва корти паноҳандагӣ доштанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора на омор ва на шарҳе намедиҳанд. Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандаҳо борҳо аз ихроҷи гурезаҳои афғонистонӣ нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ин корро бас кунанд.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *