Муҳаммадазиз Раҳматзода, ҷавони 18-солаи тоҷик, ки дар пайи як занозанӣ дар Амрико осеби вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ буд, даргузаштааст. Дар ин бора наздикони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.
Муҳаммадазиз беш аз се ҳафта мешуд, ки дар шуъбаи эҳёи Беморхона кӯдакони шаҳри Филаделфия бистарӣ буд. Гуфта мешавад, ки ӯ дар занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Монтгомерии аёлати Пенсилвания дар Амрико, ки сабаб ва иштирокдоронаш расман эълон нашудааст, осеби сахт бардоштааст.
Занозанӣ, ба иттилои пулиси Монтгомери, шаби 14-уми август дар назди фурӯшгоҳи WAWA рӯй дод. Бо ҳозир шудани пулис иштирокдорони занозанӣ фирор карда, танҳо Муҳаммадазиз дар ҳолати беҳушӣ дар маҳалли воқеа мондааст. Ӯро сипас бо чархбол ба шифохона расонданд.
Набиҷон Раҳматзода, падари Муҳаммадазиз, рӯзи 20-уми август гуфта буд, ки вазъияти фарзандаш вазнин аст. “Вазъияти писарам вазнин аст. Табибон бояд майнаи ӯро ташхис кунанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳуҷайраҳои майнаи сар қариб пурра мурдааст. Тавассути хун бояд як моеъро ворид карда, майнаи сарро санҷанд, ки то чӣ ҳад зинда аст ва умеде барои монданаш ҳаст ё не.”
Ба гуфтаи падараш, Муҳаммадазиз ҳанӯз хонандаи мактаб буд ва рӯзи 16-уми сентябр ба синни 19 мерасид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube