Рубрики Хабарҳо

Аҳкоми мубодилаи асъор

Яке аз муомилаҳое, ки барои ҷомеа ба ҷуз зиёну хасорат чизи дигаре ба бор намеоварад ва соҳибонашро ба ғазаби Аллоҳ гирифтор мекунад, доду гирифтҳои рибавӣ мебошад, ки одатан бо калимаи протсент мардум аз он ном мебаранд.

Рибо ё худ судхурӣ бо оятҳои Қуръонӣ ва аҳодиси Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ҳаром аст.

Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:

و أحل الله البيع و حرم الربا

Аллоҳ тиҷоратро барои шумо ҳалол гардонид ва  риборо (судхӯриро) бароятон ҳаром гардонид.(сураи Бақара ояти 275)

Дар ҳадиси  Имом Муслим омадааст, ки Ҷобир мегӯянд:

لعن رسول الله صلى الله عليه و سلم اكل الربا و مؤكله و كاتبه و شاهديه و قال هم سواء

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам лаънат карданд, гирандаи рибо ва диҳандаи риборо, нависандаи додугирифтҳои рибавӣ ва шоҳидонеро, ки дар додугирифти рибо шоҳидӣ мекунанд ва  гуфтанд онҳо ҳама яксон ҳастанд.

Мувофиқи ин ҳадис ҳар нафаре, ки рибо медиҳад ва ё рибо мегирад ва ҳар нафаре, ки дар муомилаҳои рибо дошта, шарик аст, ҳуҷҷатсозӣ мекунад ва ё миёнаравӣ мекунад, ба лаънати Паёмбар шомил мегардад.

Шариати Ислом риборо ҳаром кардааст, то ки мардум моли ҳамдигарро аз рӯи ноҳаққӣ нахӯранд. Байни мардум бадбиниву адоват ҷорӣ нагардад. Имрӯзҳо чӣ қадар мардум ба сабаби қарзҳои рибавӣ дучори мусибатҳо гаштаанд. Баъзеҳо қарзҳои рибавии гирифтаашонро баргардонида натавониста даст ба худкушӣ задаанд. Баъзеҳо ба ивази мабалағи ночизи гирифтаашон хонаву дари худро ба бонкҳо супоридаанд. Дар асри 21 рибодиҳӣ аз тариқаи бонкҳо он қадар ривоҷ ёфтааст, ки тақрибан ҳар нафари севвумдар ҷаҳон қарзҳои кридитӣ дорад, кридитҳое, ки вуҷудашон рибо аст. Шариати Ислом тамоми намудҳои риборо ҳаром гардонидааст, то ки мардум оромона зиндагӣ кунанд, ба якдигар қарзҳои холӣ аз рибо диҳанд, аз ҳамдигар рибо нагиранд.

Яке аз рибоҳои хеле паҳн шуда дар байни мардум, рибои Насий мебошад, рибое, ки дар доду гирифтҳои пулӣ вуҷуд дорад. Баъзан дар додугирифтҳои маблағӣ, махсусан мубодилаи асъор, иваз кардани пулҳои милли бо пулҳои хориҷӣ нохудогоҳ моён ба рибо омехта мешавем, барои ин масъаларо бо тафсил донистан, биёед ба ҳадиси Паёмбар ва суханҳои уламо нигоҳ кунем. 

Паёмбар дар як чанд ҳадисҳое, ки оиди рибо хабар додаанд, мефармоянд:

Тиллоро бо тилло иваз кардан рибо аст магар ин ки вазнаш, миқдораш якхела бошад ва даст ба даст дер накарда дар як маҷлис дода шавад, нуқраро бо нуқра иваз кардан ҳаром аст, магар ин ки вазнаш якхел ва дар як нишаст ба ҳамдигар бидиҳанд. Тиллоро бо нуқра иваз кардан мумкин аст, агарчӣ вазни якхела надошта бошад, аммо бояд дар як нишаст даст ба даст иваз шавад, агар дар гирифтани яке таъхир шуд, рибо мешавад.

Дар вақти харидани тилло бо тилло ва ё нуқра бо нуқра, Паёмбар ду шарт гузоштанд:

Яке ин ки вазни тилло якхел бошад бо як гирам тилло ду гирам тилло иваз  кардан ҷоиз нест, агарчӣ яке тиллои зард дигаре сурх, ва ё яке тиллои босифат дигаре сифати поёни дошта бошад, ҳам ҳатман дар вақти хариди тилло бо тилло бояд вазн сад дар сад якхела бошад. Инчунин зару зеварҳои тиллоиро дар вақти иваз кардан бояд вазни онҳо якхела бошад. Ангуштари се гирам доштаро бо гушвори ду гирам тилло дошта, иваз кардан, рибо аст.

Дар вақти нуқраро бо нуқра иваз кардан ҳам айнан бояд вазни якхела дошта бошанд.

Шарти дуввум дар хариди тиллову нуқра ин вақт мебошад, бояд дер накарда дар як замон даст ба даст дода шавад. Ман имрӯз ба ту ангуштари тиллои худро медиҳам, ту фардо ё рӯзи дигар ба ман гӯшвори худро медиҳӣ, гуфтан муомилаи рибавӣ аст. Бояд дарҳол ангуштарро дод ва гӯшворро гирифт.

Дар вақти тиллоро бо нуқра ва ё пул харидан ба қимати тилло нигоҳ карда маблағи зиёд ва ё нуқраи зиёдтар медиҳем, аммо ҳатман бояд даст ба даст, баробари тиллоро харидан дар ҳол ба соҳибаш маблағи тилло дода шавад, агар дер шуд ба рибо дохил мшавад.

Дар замони Паёмбар ба ҷои пулҳои коғазӣ нуқраву тилло асосан истифода мешуд, барои ҳамин Паёмбар риборо бо нуқраву тилло ба мо фаҳмониданд.

Дар замони мо, ки ба ҷои нуқраву тилло пулҳои коғазӣ истифода мешавад, уламо пулҳои коғазиро мисли нуқраву тилло ҳисоб мекунанд ва мегӯянд, вақте пулҳои коғазиро бо пулҳои коғазӣ иваз мекунем, бояд мисли тилло ба ду шарт риоя кунем:

Якум, дар вақти пулҳои қурбашон якхеларо иваз кардан бояд арзиши пулҳо якхела ва даст ба даст дар як маҷлис дода шавад.

Дуввум, агар пулҳои миллиро бо пулҳои хориҷӣ иваз кунем, бояд даст ба даст иваз шавад.

Дар вақти мубодилаи пулҳо асосан бо ду намуд мубодилаи асъор рӯ ба рӯ мешавем:

Намуди аввал:  Мубодилаи пулие, ки пулҳои мисли худаш иҷро мешавад, аниқтараш мубодилаи сомон бо сомон, рубл бо рубл, доллар бо доллар.

Чигунае, ки дар боло зикр кардем пулҳои коғазии имрӯза ҳукми тиллову нуқраро доранд ва чигунае, ки тиллоро бо тилло иваз кардан ҷоиз аст, пулҳои коғазии якқурбаву якхеларо мешавад бо якдигарӣ иваз кард. Аммо ба шарт, дар вақти иваз кардани пули миллӣ бо пули миллӣ бояд миқдори пулҳо якхела бошад ва дар як маҷлис даст ба даст дер накарда дода шавад. Як сомони маъданиро ҳеҷ гоҳ бо ду сомони коғазӣ иваз кардан ҷоиз нест. Даҳ сомонаи кӯҳнаро бо панҷ сомонаи нав иваз кардан, ҷоиз нест ин рибо ҳисобида мешавад.

Инчунин ман аз ту ин як сомонаи маъданиатро бо як сомонаи коғазӣ мехарам, аммо ман фардо барояд маблағро медиҳам гӯён, пул харидан ҷоиз нест. Дар вақти харидани пули миллӣ бо пули миллӣ бояд дар як замон, бо пулҳои баробар додугирифт кунем, Бар ивази як сомон як сомон, бар ивази даҳ сомон даҳ сомон, даст ба даст дар як нишаст.

Нуктаи муҳимме, ки бояд хотир расон кунам, вақте шумо аз касе қарз мегиред, ба ман алъон сад сомон деҳ, ман фардо ва ё дертар ба ту сад сомон медиҳам, мегӯед, ин муомилаи қарзӣ аст ва ҳеҷ ишкол надорад, аммо вақте аз касе пул мехаред, он ҳам пули миллӣ бо пули миллӣ дар ин вақт набояд барои фардо ва ё вақти дигар гузошта шавад, бояд дар як маҷлис додугирифт даст ба даст миқдори пулҳои арзишашон якхелароро ба ҳамдигар дода шавад.

Навъи дуввум: Мубодилаи пулҳои миллӣ бо пулҳои хориҷӣ

Ҳар як давлат пулҳои рамзии худро дорад. Қурби пулҳои ҳар давлат ба иқтисоди давлати худ нигоҳ карда, болову поён мешавад. Барои мисол қурби доллар баробари рубли русӣ ва ё сомони тоҷикӣ ҳар рӯз аз рӯзи пештара фарқ мекунад. Имрӯз як доллар шаст рубли русӣ, фардо шояд шасту як рубл ва ҳоказо.

Вақте пулҳои миллӣ ҳар як кишвар ба иқтисоди худ нигоҳ карда, қурби худро доранд, бо иттифоқи уламои муосир пулҳо давлатҳои дигарро бо нархҳои гуногун иваз кардан, ҷоиз аст. Ба ивази сад доллар саду бист евро додан, ҷоиз мебошад. Ба ивази ҳазор рубл саду панҷоҳ сомонӣ додан, ҷоиз мебошад. 

Инҷо саволе ба миён меояд, вақте дар ҳадис гуфта гузаштем, ки дар вақти тиллоро бо нуқра харидан, бояд дар як маҷлис даст ба даст харида шавад, оё дар вақти харидани пулҳои хориҷӣ бо пули миллӣ низ бояд даст ба даст харида шавад ё хайр?

Ин саволро ба мудир факултаи Шариати  донишгоҳи Азҳар доктори фиқҳи муқоран устоз Ҳусни Фатҳӣ медиҳем.

“Оё дар вақти харидани доллор бо пули дигар, масалан бо сомони тоҷикӣ, оё даст ба даст бояд дар як вақт додугирифт анҷом ёбад? Барои он ки аксари вақт муҳоҷирон ба нафаре рубли русӣ медиҳанд, сипас он нафар пас аз муддате ба ҷои пули русӣ пули сомон бармегардонад, оё ин ҳам рибо маҳсуб мешавад?

(Дуктур)

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Боракаллоҳу фикум ва ҳафизакум мин кулли макруҳ.

Саволе, ки шумо додед, дар фиқҳи исломӣ бо Ақди Сарф ном мебаранд. Шариати Ислом шарт гузоштааст, то ки дар вақти иваз кардани пул бо пул бояд додугирифт дар як вақт, даст ба даст иҷро шавад. Ҳикмати дар як вақт даст ба даст ҳатмӣ будани додугирифти пул бо пул дар он аст, ки арзиши пулҳо доим тағйир меёбад. Агар дар вақти мубодилаи пул бо пул дер шуд, шояд қурби пул боло ва ё поён мефурояд ва ҳаққи якдигарро мехӯрем. Аз ин ҷиҳат, вақте инсон аз касе пулеро харид, бояд дар ҳол фурӯшандаву харанда ба якдигар пулҳоро таслим кунанд. Аммо вақте бо бонкҳо  пул мефиристед, бояд бо қурби дар ҳоли фиристода шуда пулҳоро ҳисоб кунед, муҳим ин аст, ки дар вақти додани маблағ ба бонк, қурби ҳамон лаҳзаро ба назар гиред, ин буд валлоҳу таъоло аъло ва аълам.

Хуллас, вақте ба касе доллар додем ва ӯ дар ивазаш рубл ва ё сомон бармегардонам гуфт, бояд доллорро бо қурби ҳамон рӯзи додаамон ҳисоб кунем, дар ин вақт ба рибо дучор намешавем, беҳтару бешубҳатар аз ҳама дар вақти додугирифтҳои пулӣ бар ивази доллор ҳатман доллор бар ивази рубл, ҳатман рубл гирем, талаб кунем дар ин вақт аз шубҳаҳо дур мешавем.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *