Сарвазири Русия Дмитрий Медведев бо тамоми ҳукуматаш ба истеъфо рафт. Дар ин бора ӯ дар вохӯрии раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо аъзои ҳукумат эълон кард, хабар медиҳад “РИА Новости”.
Путин ба аъзои ҳукумати Медведов барои ҳамкории чандинсолаашон изҳори сипос кард, “ҳарчанд на ҳама кор анҷом шуданд” ва супориш дод то ташкили ҳукумати нав вазифаҳояшонро анҷом диҳанд.
Медведев гуфт, ки баъди пешниҳоди Путин оиди тағйирот ба Сарқонуни ин кишвар, истеъфои ҳукуматро дуруст мешуморад.
Тибқи як назарсанҷие, ки шабакаи телеграмии “Спросите у Расула” анҷом додааст, бештари пурсидашудагон ба ин назаранд, ки сарвазири ояндаи Русия Алексей Кудрин хоҳад шуд. Ба ӯ 41 дарсади пурсидашудагон овоз додаанд. 18 дарсади пурсидашудагон ба Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав овоз додаанд. 9 дарсад ба ин назаранд, ки ҳукумати минбаъдаи ин кишварро Вячеслав Володин раҳбарӣ хоҳад кард. 8% гуфтаанд худи Медведев ба вазифааш бар хоҳад гашт.
Дар ҳамин ҳол Владимир Путин пешниҳод кард вазифаи ноиби раҳбари Шӯрои амниятии Русия таъсис дода шуда, курсии он ба Медведев супорида шавад.