Насим Олимзода, Вазири тандурустии Тоҷикистон аз симаташ барканор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур хабар дод.
Бино ба гузориши манбаъ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май фармон додааст, ки Насим Олимзода, вазири тандурустӣ аз мақомаш озод карда шавад. Сабаби озод кардани Олимзода, гузаштанаш ба мақоми дигар унвон шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигаре, Ҷамолиддин Абдуллозода, устоди кафедраи ҷарроҳии умумии Донишгоҳи тиббиро вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кардааст. Ҳарду фармонро барои тасдиқ ба порлумон фиристодаанд.
Гуфтанист, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти ҳукумат барои «амалкардҳои суст» дар муқобила бо бемории СОVID-19-ро корбарон бисёр танқид карданд. Аммо фаолони сиёсӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишварро муҷрими ягонаи ҷинояти беаҳамиятӣ ба шуйуи коронавирус дар Тоҷикистон донистанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ зимни як сӯҳбати онлайнияш гуфт, “ончӣ дар Тоҷикистон рух дод, ин як ҷинояте буд дар сатҳи давлату миллат ва ҷинояти андак нест. Ин ҷинояте буд, ки ҷинояткори асосиаш як нафар аст”.
Кабирӣ ба баргузории ҷашни Наврӯз бо вуҷуди огоҳиҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва иддаъои он замони Эмомалӣ Раҳмон мабнӣ ба адами вуҷуди вируси коруно ишора кард ва суол гузошт, ки “агар он замон дар Тоҷикистон вирус набуд, пас кай ворид шуд, дар ҳоле ки сарҳадҳо ҳама баста буданд?” Ва посух дод: “ҷавоб як тост: маълум мешавад, ки вирус он замон дар Тоҷикистон вуҷуд доштааст”.
Кабирӣ гуфт бовар надорад, ки Эмомалӣ Раҳмон он замон аз вуҷуди коруно дар кишвар хабар надоштааст ва аз онҳое, ки болои ҳукумату масъулин фишор оварданд, то вуҷуди бемориро эътироф кунад, таҳсин кард ва қайд кард “маҳз ин фишорҳои қисми огоҳи ҷомеъа буд, ки ҳукуматро маҷбур ба эътирофи вуҷуди коруно кард”.
Раҳбари ПМТ аз онҳое, ки мехоҳанд раиси ситоди мубориза бо коруно Қоҳир Расулзода, Насим Олимзода, вазири тандурустӣ, табибон ё дигар масъулинро гунаҳкор кунанд интиқод кард ва таъкид намуд, ки “дар ин ҷиноят танҳо як ҷинояткор аст, ки он ҳам президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст” ва таъкид кард, ки “мо набояд иҷоза бидиҳем боз ин ҷиноятро ба дигарон нисбат диҳанд ва Эмомалӣ Раҳмонро наҷотдиҳандаи миллат ба тасвир оваранд”.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Олимзода Н.Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Олимзода Насим Хоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 майи соли 2020
№1528
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдуллозода Ҷ.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 майи соли 2020
№1529
Сообщение ПАЁМ.net.