Фирдавс Холиқов, як ҷосуси муваффақи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар Мисру Туркия ба “муваффақиятҳо”-е ноил гашта буд, барои идомаи фаъолиятҳояш ба Эрон фиристода шуд.
Холиқов нафарест, ки дар истирдоди садҳо ҷавони тоҷик аз Мисру Туркия, баста шудани ҷамъиятҳои тоҷикон дар ин кишварҳо, ҳабси садҳо тани дигар дар ин ду кишвар, ихтилофандозӣ дар байни тоҷикон мустақиман саҳим аст.
Ӯ намояндаи КДАМ дар сафорати Тоҷикистон дар Миср дар чанд соли пеш ва яке аз шогирдони Ятимов буд. То рафтани Фирдавс Холиқов ба Миср тоҷикон дар он кишвар як иттиҳоди донишҷӯии қавие доштанд, ки ҳамеша дар ҳама корҳо фаъол буданд. Дар он иттиҳод ҳамаи тоҷикон новобаста аз гароишҳои фикриву сиёсӣ гирди ҳам ҷамъ омада буданд. Ба хотири ҳифзи ҳуввияти миллӣ ин иттиҳод корҳои хеле хуберо ба роҳ монда буд. Аз ҷумла барои кӯдакони тоҷики муқими ин кишвар дарсҳои забон ва дадбиёти тоҷик, таърих ва дигар барномаҳоро роҳандозӣ карда буд.
Фирдавс Холиқов
Пас аз омадани Фирдавс Холиқов (дар акс) ба Миср ва кӯшишҳои ӯ дар байни тоҷикон ва масъулони ин иттиҳод ихтилофоти маҳаллӣ, фикрӣ ва сиёсӣ ба авҷ расида, ин иттиҳод фалаҷ гардид. То ҷое, ки дигар тоҷикон он ваҳдати пешинаро надоранд. Аз байни донишҷуён барои худашон ҷосус гузоштанд ва ҳамаро бо ҳамдигар бадбин сохтанд. Ин одам коре кард, ки аз он иттиҳоди хубу пуркор чизе боқӣ намонд. Дигар ҳеҷ тоҷике дар Миср ба дигараш бовар надорад ва бо ҳам ҷамъ намешаванд.
Пас аз он ба хотири муваффақиятҳояш дар Миср ӯро ба Туркия фиристоданд. Дар Туркия ҳам худашро тоҷири турк муаррифӣ карда, ба офиси яке аз ҷамъиятҳои тоҷикон рафт ва “маълумот ба даст овард”-у ҷамъиятро тӯҳмат ба доишиву экстремистӣ будан кард. Дар натиҷа ин ҷамъият баста шуд. Дар ҳоле, ки ин ҷамъият фақат барои кӯмак ба муҳоҷирон ва пешгирии пайвастани тоҷикон ба гурӯҳҳои ифротӣ фаъолият мекард.
Ӯ дар боздошт ва истирдоди Нӯъмонҷон Шарипов . Холиқов пулисро ҳам алайҳи тоҷикон ва алайҳашон тӯҳмат мекунад.
Бо тӯҳматҳои Фирдавс Холиқов яке аз ҷавонони хидматгори тоҷикон дар Истанбул боздошт гардид. Ӯ дар Истанбул зиндагӣ мекард ва бо фиристодани бор ба Тоҷикистон зиндагиашро мегузаронид. Ҳар касе мушкиле медошт то охир кӯмакаш мекард. Бо кӯшишу тӯҳматбофии Холиқов ва яке аз кормандони “Сомонэйр” ин ҷавон дар Туркия боздошт гардид. Ба ӯ туҳмат заданд, ки аз Туркия бе пардохти боҷи гумрукӣ бор мефиристад.
Холиқов дар Истамбул ба корхонае меравад, ки дар онҷо тоҷикон кор мекунанд ва онҳоро беҳтарин инсон ва донишманду мутахассис медонанд. Тоҷиконе, ки миллати тоҷикро ба беҳтарин шакл дар ин муассисаҳо муаррифӣ кардаанд, Фирдавс Холиқов онҳоро доишӣ ва террорист меномад.
Яке аз вазифаҳои дигари Холиқов аз байни донишҷӯён ҷосус таёр кардан аст. Ӯ бо донишҷӯён бо ҳар роҳу васила вохӯрда, баъзеи онҳоро маҷбур ва баъзеи дигарро бо ваъда ба ҷосусӣ гумоштааст.
Минбаъд Холиқов фаъолияташро дар Эрон идома хоҳад дод.