Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боло рафтааст ва он аллакай ба нархи нақлиёти хусусии мусофирбару борбар таъсир кардааст.
Ҳоло дар кишвар як литр гази моеъ вобаста ба минтақаҳо аз 7 то 8 сомонӣ арзиш дорад. Ҳол он ки чаҳор рӯз қабл як литр гази моеъ аз 6 сомониву 20 дирам то -6 сомонву 50 дирам нарх дошт.
Нархи 1 литр гази моеъ дар Бохтар ва Кӯлоб имрӯз 8 сомониро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Хуҷанд то 1 ноябр 1 литр гази моеъ бо қимати аз 6 сомониву 30 дирам то 6 сомониву 50 дирам фурӯхта мешуд.
Аз ин рӯ, қимати сафар аз минтақаҳо ба Душанбе тақрибан 10-15% боло рафтааст. Ронандагони таксиҳои хусусӣ барои сафар аз Душанбе ба Панҷакент аллакай ба ҷои 150 сомонӣ 170 сомонӣ, дар Турсунзода ба ҷои 25 сомонӣ 30 сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, нархи роҳкиро дар таксиву автобусҳои хатсайри байнишаҳрӣ то ҳол боло нарафтааст — онҳо бо нархҳои кӯҳна сафар мекунанд. То ҳол арзиши сафар аз Душанбе ба Турсунзода бо автобус 8 сомонӣ боқӣ мондааст.
Тайи се рӯзи ахир фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Бохтар комилан қатъ шудааст.