Рубрики Хабарҳо

Комиссиюни Аврупо боз €3 млн.ро дар Тоҷикистон ба дасти бод медиҳад

Комиссиюни Аврупо қасд дорад пружаҳоеро барои «ҷомеъаи одилонатар ва демократитар» дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кунад. Ҳудуди 3 миллион евро аз буҷаи Аврупо барои иҷрои ин тарҳҳо ихтисос хоҳад ёфт. 

Ҳамон тавре, ки комиссиюн тавзеҳ додааст, вазифаи иҷрогарони ин пружа, ки бояд сохторҳои ғайритиҷорӣ бошанд, ҳимоят аз созмонҳои ҷомеъаи маданӣ дар Тоҷикистон «ба унвони субъетҳои эътирофшудаи ҷараёни идоракунии демократӣ» аст. 

Дар айни ҳол, Комиссиюни Аврупо пешниҳод мекунад, ки ба кор бо ҷавонон, мубориза бо иттилооти нодуруст ва кӯмак ба озодии расонаҳо таваҷҷуҳи бештар шавад. 

Интизор меравад, ки иҷрогарони пружа бо ҳадафи тазмини озодии расонаҳо, омӯзишҳоеро барои хабарнигорон ҳирфаӣ, нируҳои амниятӣ ва намояндагони системаи додгоҳӣ баргузор кунанд.

Ин тасмими Комиссиюни Аврупо дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд грантҳои Ғарб барои рушди демократия дар Тоҷикистон, ки 30 соли охир ироа мешавад, ҳеҷ натиҷаи чашмрасе надоштаанд. 

Фарҳод Одинаев, фаъоли ҳуқуқӣ, ки қаблан дар Маскав фаъолият дошту ҳоло ба Аврупо кӯчидааст, мегӯяд созмонҳои ҳуқуқибашарӣ дар Тоҷикистон, ки Ғарб сармоягузорӣ мекунад, комилан зери назорати ҳукумат ҳастанд ва нметавонанд аз хати кашидаи мақомот берун қадам монанд.

“Дар 8 соли охир ҳазорҳо нафар бо ҳадафҳои сиёсӣ зиндон шудаанд, аммо ҳеҷ кадом аз ин созмонҳо ҷуръат намекунад дар бораи зиндониёни сиёсӣ сӯҳбат кунад” — мегӯяд ӯ.

Одинаев инчунин ба шиканҷа дар идораҳои мақомоти қудратӣ, боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо ишора мекунад ва мегӯяд “беш аз 90 дарсади эътирофҳо дар боздоштгоҳҳо таҳти шиканҷа гирфита мешаванд ва аксари онҳое, ки ба “гуноҳашон” иқрор мекунанд, дар асл бегуноҳанд. Аммо таваҷҷӯҳ ба ин масъала аз ҷониби созмонҳои ҳуқуқибашарӣ он қадар заъиф аст, ки донорҳо аз он хабар надоранд. Барои мисол, истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин аз тарафи Олмон, яке аз аслитарин маблағгузорони ин созмонҳои ҳуқуқӣ, танҳо аз он сабаб иттифоқ афтод, ки ин кишвар аз мушкилоти шиканҷаву дигар анвоъи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иттилоъи бисёр каму ноқисе дорад”. 

Тибқи иттилоъе, ки “Паём” дарёфт кард, дар ин муддат Ғарб барои рушди демокросӣ ва дигар ҳадафҳои ҳуқуқибашарӣ дар Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ масраф кардааст. Аммо вазъи демокросӣ ва ҳуқуқи инсон дар кишвар сол то сол бадтар мешавад ва Тоҷикистон бо суръат ба самти кишварҳое мисли Кореяи Шимолӣ ва Туркманистон ҳаракат мекунад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *