Шоми 19 ба 20 апрел дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 бозиро ба пешсафи гурӯҳи «А» — дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, бо ҳисоби 0:3 бохт ва имконияти баромадан аз гурӯҳро аз даст дод.
Қаблан “Истиқлол” аз дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардида буд.
Гуфтанист дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:1 мағлуб гардида буд. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес дар дақиқаи 54 ва Бернард Анисио дар дақиқаи 57 ба ҳадаф расониданд.
“Истиқлол” дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расониданд.
Пас аз чор бозии пайи ҳам дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ягон имтиёз ба даст наоварда, дар зинаи охири ҷадвал қарор гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии навбатии худро дар мусобиқаи пурнуфузи қораи Осиё 23 апрел бо дастаи «Ал-Райян»-и Қатар баргузор мекунад.