Мухолифони тоҷик дар нишасти САҲА оид ба андозагирии инсон бо шиори #FreeTajikPoliticalPrisoners ҳузур пайдо карданд.
Нишаст аз 10 то 21 сентябр дар Варшава баргузор мешавад. Ҳайати Тоҷикистонро ҷонишини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ Сайфулло Сафаров, муовини аввали вазири умури хориҷӣ Низомиддин Зоҳидзода, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷӣ Вафо Ниятбеков, муовини раиси Маркази исломшиносӣ Рустам Азизӣ, устоди Донишкадаи исломӣ Абураҳим Каримов намояндагӣ мекунанд.
Аз тарафи мухолифон намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои мухолифи мустақар дар хориҷи кишвар ҳузур доранд. Шиори онҳо дар ин конфронс #FreeTajikPoliticalPrisoners — озоди ба зиндониёни сиёсии тоҷик мебошад.
Фаъолони мухолиф бо ин шиор дар нишастҳо ворид мешаванд ва онро ба дигарон ҳам тақдим мекунанд. Ҳангоми суханронии намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласа мухолифин ин шиорро боло карда буданд.
Гуфтанист, ки 16 сентябр рӯзи зиндониёни сиёсӣ эълон шудааст. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 2015 раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда буданд. Дар ҳоли ҳозир шумори зиндониёни сиёсӣ ба 200 нафар мерасад.