Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ дар бораи се насли истиқлолхоҳ: босмачиён, муаллифони истиқлоли Тоҷикистон ва насли нав

Суханронии раиси ҲНИТ дар ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар Варшава

Ба номи худованди бахшанда ва меҳрубон

Ҳамдиёрони азиз, меҳмонони гиромӣ!

Пеш аз ҳама мехостам Шумо, ҳозирини мӯҳтарам ва ҳама ҳамватанонро, ки дар дохили кившар ва ё хориҷ қарор доранд, ба солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона  табрик намоям.

Имрӯз миллати тоҷик ҷашни истиқлолияти давлатӣ дорад. 27 сол пеш маҳз дар ҳамин рӯз Парлумони онвақтаи кишвар пас аз талошу эътирозҳои чандмоҳаи нерӯҳои истиқлолхоҳ ва ватандӯсти кишвар маҷбур гашт Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро қабул намояд. Эъломияе, ки ҷомеъаро ба ду қисм чудо кард. Нерӯҳои ватандӯст, истиқлолхоҳ ва озодандеши кишвар, шахсиятҳои миллӣ ва оммаи мардум ин падидаро бо шодиву фараҳ истиқбол карданд. Онро пирӯзии дерҳангом, вале таърихии миллат барои расидан ба истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ меҳосибиданд.

Аммо, бояд эътироф кард, ки на ҳама ба чунин истқлололият омода буданд ва ҳатто дар борааш фикр мекарданд. Аксарият зиди истиқлолият набошанд ҳам, аммо расидан ба истиқлолиятро як орзуе беш намедонистанд ва талош барои онро як кори беҳуда ва хатарнок мехисобиданд. Зеро, дар замони Шуравӣ ҳамагуна талош барои истиқлолияти миллӣ як амали зидишуравӣ ва зиддидавлати маҳсуб мешуд ва соҳибони чунин андеша маҳкум ба зиндон буданд.

Агар ба таърихи андешаи исктиқлолхоҳӣ дар паҳнои Шуравӣ ба таври гузаро назар андозем, мебинем, ки пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон тақрибан ҳеҷ амали муназзам ва созмонёфтае дар ин самт вучуд надоштааст. Андешаи истиқлолияти миллӣ он солҳо танҳо дар зеҳни чанд фарди огоҳ мечархид, ки онро хеле бо эҳтиёт дар эҷодиёти адаб ва ҳунарӣ пардапӯшона ва дар сӯҳбату маҳфилҳо баён мекарданд. Дигар миллатҳои собиқ Шуравӣ доштанд чандин нафарҳое, ки ба таври ошкор барои фаъолияти истиқлолхоҳӣ зиндон ва ё бадарға шуда буданд, мисли Сахаров ва Солженицин дар Русия, Гамсахурдиа дар Гурҷистон ва Элчибей дар Озарбойҷон. Аммо, ин амалҳои фардиро наметавон як ҷараёни истиклохоҳӣ ба маънии томаш ном гузошт.

Бар хилофи солҳои қабл аз ҷанги дуюми ҷаҳон, ки ханғз дар гӯшаву канори Шӯравӣ нерӯҳои истқилолхоҳ аз худ дарак медоданд  ва талошҳое барои баргардонидани истиқлолияти давлатӣ ва миллии худ мекарданд. Дар Осиёи марказӣ ин нақшро нерӯҳо ва шахсиятҳои муборизи миллӣмазҳабӣ мебозиданд, ки аз тарафи идеологҳои Шӯравӣ ба онҳо ‘’босмачӣ’’  номгузорӣ шуда буд.

Мошинаи таблиғотии Шӯравӣ аз ин муборизини миллӣмазҳабӣ чеҳраи хашини манфӣ тарошида буд, ки он тасаввур ҳанӯз ҳам дар зеҳни қишрҳои истеъморзадаи миллатҳои Осиеёи Марказӣ вуҷуд дорад. Дуруст аст, ки миллатдӯстони кишварҳои ҳамсоя, барои мисол дар Ӯзбекистон,  аллакай ин иштибоҳи таърихиро дар сатҳи давлатӣ ислоҳ карданд, аммо, дар кишвари мо, ки то ҳол ҷараёни зидиистиқлолият ҳукмронӣ мекунад, ин масъала то ҳол ҳали худро наёфтааст. Баръакс, ҳанӯз ҳам таблиғоти зиди ин ҷараёни озодихоҳ ва муборизи миллӣ идома дорад ва ҳанӯз ҳам ба он фарзандони баномусу боори миллӣ тамғаи босмачӣ зада мешавад.

Дӯстони гиромӣ!

Вақти он расидааст, ки нерӯҳои миллии Тоҷикистон талоши дастаҷамъоанеро барои бардоштани ин зулми таърихӣ аз болои  падару бобоёни мубориз ва бономуси худ оғоз намоем. Ин як қарзи миллӣ ва инсонии ҳар як точики бономус аст. Агар касе бобо ва падарони мову шуморо босмачӣ хонд, бадарға кард, ҷинояткор хонд, маънии онро надорад, ки мо ҳам ба ин мағзшуйии онхо бовар кунем. Чаро исткилолхоҳони дигар кившарҳои собиқ Шуравӣ ҳамагон ба таври расми сафед шуданд, ва ҳатто ба сатҳи қаҳрамонони миллӣ бароварда шуданд ва танҳо дар кишвари мо ҳанӯз ҳам асири таблиғоти бегонагон мондаем? Ҷавоб як аст: қудрат дар дасти касоне аст, ки аз аввал  душмани истиқлолият буданд ва ҳанӯз ҳам дар ботинашон чунин боқӣ мондаанд.  Агарчӣ, дигар аз истиқлолияти ба онҳо таҳмилшуда гурез надоранд ва ҳамасола онро бо дабдаба ҷашн мегиранд. Аммо, онҳо на он истиқлолиятеро ҷашн мегиранд, ки барояш мубориза карда бошанду онро аз аввал мехостанд, балки истиқлолиятеро ҷашн мегиранд, ки ба онҳо мансабу моликият дод, онҳоро аз сатҳи як раиси колхози Шуравӣ ба сатҳи роҳбари як кившар расонд. Ҷашни имрӯзаи онҳо ҷашни мансаб аст, ҷашни пулу боигарӣ аст, на ҷашни истиқлолият. Зеро, имкон надорад, ки як нафар  истиқлолиятро самимона ҷашн бигирад ва ҳамзамон истиқлолхоҳони гузашта ва имрӯзаро душмани миллат муаррифӣ кунад. Ин ҷуз дуруягӣ чизи дигаре нест.

То замоне, ки муборизони миллӣмазҳабии солҳои Шуравӣ ба таври расмӣ аз тарафи давлат сафед намешаванд, ҷойгоҳи ҳама нерӯҳо ва шахсиятҳое, ки барои расидан ба истиқлолияти миллӣ дар солҳои 90-ум нақш доштанд, ба таври расмӣ ва дур аз тобишҳои идеологиву сиесӣ эътироф намешаванд, ҳамагуна ҷашнгирии ин хукуматдорон аз истиқлолият  ҷуз дуруғгӯӣ ва тақаллуби таърих чизи дигаре нест. Оё имкон дорад, ки дар бораи  Истиқлолияти миллии Тоҷикистон бе эътирофи расмӣ аз Тоҳир Абдуҷаббор, муаллифи матни Эъломияи истиқлолият сӯҳбат кард? Оё метавон Истиҷлолиятро бе Қадриддин Аслонов тасаввур кард, ки ҳамчун Роҳбари давлат он замон зери он имзо гузошт ва барои ҳамин ‘’ҷинояташ’’ аз тарафи ҳукуматдорони имрӯза бо хориву зиллат кушта шуд? Оё метавон истиқлолияти миллиро бе Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тасаввур кард, ки ягона тоҷике аст, барои андешаҳои истиқлолхоҳияш бо моддаи ‘’ зидишуравӣ’’ вориди зиндон гашт ва аз роҳбарони тазохуротҳои мардумӣ барои истиқлолият дар назди парлумони кишвар буд? Оё метавон Аслиддин Соҳибназаров, собиқ вакили мардумиро, ки дар парлумони замони Шӯравӣ аз истиқлолияти миллӣ сӯҳбат мекард, ном набурд?  Ва даҳҳо нафари дигар, ки барои ин истиқлолият талош кардаанд, азоб кашидаанд, муҳоҷир гаштаанд ва ҳатто куштаву зиндонӣ шудаанд, бояд дар саҳифаҳои таърихи истиқлолияти миллии мо ба таври расмӣ сабт гарданд.

Хамдиёрони азиз!

Болотар гуфтам, ки эълони истиқлолияти миллии мо ҷомеъаро он замон ба ду қисм ҷудо кард. Нерӯҳои миллӣ аз расидан ба он шодӣ мекарданд ва онро ҷашн мегирифтанд. Аммо, буданд касоне, ки ин истиқлолият ба табиати ғуломии онҳо созгор набуд. Ин гурӯҳҳо агарчӣ истиқлолиятро аз ночорӣ пазируфтанд, вале дар фикри интиқом аз ҳама афрод ва нерӯҳои истиқлолхоҳ афтоданд.

Ин афрод, ба гуфти Аллома Иқбол‘’Ин ғулом, ибни ғулом, ибни ғулом, Ҳуррият андешаи ӯро ҳаром’’, барояшон андешаҳои озодӣ, демократӣ ва истиқлолхоҳӣ арзишҳои бегона, хатарнок ва ноошно буданд. Ин буд, ки истиқлолиятро натавонистанд ҳазм кунанд ва соҳибони онро бубахшанд. Баробари даст ёфтан ба силоҳу муҳимоти кившарҳои хориҷа , ки ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлолият ва сарбаландии кившари моро намехостанд, ин афрод ва гурӯҳҳо даст ба интиқом аз ҳама касон ва нерӯҳое заданд, ки барои истиқлолият талош карда буданд. Бархеро куштанд, бархеи дигар зиндонӣ шуд ва қисми дигар рӯ ба ҳиҷрат оварданд.

То имрӯз  мусибати шахсиятҳо ва нерӯҳое, ки дар майдони назди Парлумони кишвар он рӯзҳо барои истиқлолият тазоҳурот мекарданд, идома дорад. Вале аз тарафи дигар, рамзҳои Истиқлолият, ҷашни самараҳои он ба дасти касоне афтодаст, ки бо парчами сурх, болои танкҳои кишварҳои беруна, бо навиштаҷоти ‘’СССР-ро барқарор мекунем’’ вориди пойтахти кишвар шуданд. Ва ҳар истиқлолхоҳеро, ки пайдо намуданд куштанд, зиндонӣ ва таҳқир намуданд.

Имрӯз бидуни кадом шарму ҳаё худро соҳиби ватан, миллат ва  Истиқлолият медонанд, дар сурате, ки бо дастури хадамоти ҷосусии кишварҳои бегона ва бо силоҳи онҳо алайҳи истиқлолхоҳон, ватанпарастон ва кишвари худ лашкар кашиданд.

Даҳҳо иштирокчиёни тазоҳуроти солҳои 90 барои истиқлолият имрӯз дар зиндонҳо хобидаанд ва душманони истиқлолият ҳатто баъд аз 30 сол ҳам онҳоро набахшиданд ва интиқом мегиранд. Сайидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадали Ҳаит, Зайд Саидов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Сайфуллозода, Зубайдуллоҳи Розиқ, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Муҳаммадалии Файзраҳмон ва даҳҳо дигарон, ки имрӯз ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд, танхо як ‘’ҷиноят’’ доранд. Ҳамаи онҳо барои истиқлолияти миллии мо солҳои 90 моҳҳо майдоннишинӣ кардаанд ва аз роҳбарони ин тазоҳуроти миллӣ будаанд.

Интиқомгирӣ аз истиқлолхоҳон тамом нашудааст ва то рӯзе, ки ин тоифа дар ҳокимият ҳастанд , идома хоҳад дошт. Ҳатто, омода ҳастанд то охирин тоҷики озодандешро зиндонӣ кунанд, берун биронанд ва ё ҷисман нобуд кунанд. Шумо аз хабарҳо огоҳ ҳастед, ки ҳиси интиқомҷӯӣ онҳоро водор кардааст ҳатто дар кишварҳои хориҷ ҳам даст ба куштор бизананд.

 

Барои ин тоифа истиқлолият ҷуз ҳукуматдорӣ ва сармоя ҷамъ кардан маънии дигаре надорад ва истиҷлолиятро то он вақт пуштибонӣ мекунанд ва ҷашн мегиранд, ки худашон дар ҳокимият бошанд. Фардо, агар аз ҳокимият рафтанд, мисли солхои гузашта ҳатман болои танкҳои кишварҳои бегона, барои аз байн бурдани истиқлолияти миллӣ аз нав ҷангро огоз хоханд кард. Барои инҳо истиқлолияти бидуни ҳокимият маънӣ надорад.

Тасмимгириҳои сиёсии онхо баёнгари он аст, ки истиқлолияти ин сарзамин, хоку оби он, мардумаш ҳеҷ арзише барои ин тоифа надорад. Ҳамчун шиор барои мардумфиребӣ истифода мекунанд, аммо, ҳозиранд барои пул ва идомаи қудраташон ҳар қадар аз хоки кишвар лозим бошад ба кишварҳои дигар бидиҳанд, вобастагии сиесӣ ва иқтисодии миллатро бештар бигардонанд ва шояд, дар оянда онро боз ба итоати яке аз пойтахтҳои қавии минтақа ворид намоянд.

Дӯстони гиромӣ!

Истиқлолияти воқеъии як миллат ва давлат ин танҳо доштани парчаму рамзу марзу бум нест. Инҳо ҳама муҳиманд, вале охири масъала ҳастанд ва гоҳо моро фиреб мекунанд. Ин ҳама рамзҳо ва нишонаҳои давлатдорӣ он вақт маънӣ пайдо мекунанд, ки дар меҳвари он инсони мустақил вуҷуд дошта бошад.   Бидуни инсони мустақил ба ҳайси шаҳрванд е бошандаи ин марзу бум ва бардорандаи ин парчаму рамзҳо дар бораи истиқлолияти воқеъӣ сӯҳбат кардан маънӣ надорад. Танҳо инсони озод ва мустақил метавонад масъулияти ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва миллиро ба дӯш бигирад. Истиқлолияти кишваре, ки шаҳрвандонаш дар оддитарин интихоб озод нестанд, хеле осебпазир аст. Оё инсоне, ки ҳуқуқаш, озодияш ва кароматаш аз тарафи ҳукумати худаш помол мешавад ва ӯ наметавонад аз он ҳимоят кунад, омода аст аз истиқлолияти миллиаш ҳимоят кунад? Оё ҳукумате, ки талош дорад миллаташро ба як тӯдаи тарсу, сархам ва беҷуръат табдил диҳад, воқеъан думболи доштани як давлати қавӣ ва мустақил аст? Албатта, не.

Пас вазифаи аслии ҳама нерӯҳои миллии кишвар барои ҳифз ва мустақар намудани истиқлолияти давлатиамон, пеш аз ҳама бояд расидан ба як инсони мустақил бошад. Инсони мустақил ҳам танҳо дар як фазои озоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ шакл мегирад.  Эҷоди чунин фазои муносиб ниёз ба амали дурудароз, барномарезишуда, огоҳона ва дастачамъона дорад. Ва пеш аз ҳама, ниёз ба ирода ва ҷуръати афроди озоди миллӣ. Инҳо ҳама масоиле ҳастанд ки ба ҳам рабти зич доранд ва набуди ҳар яке аз онҳо тарҳҳои миллиро барои расидан ба чунин шароит печидатар ва нокомтар мегардонад.

Бинобар ин, вақти он расидааст, ки ҳама нерӯҳои миллӣ, чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохил, барои эҷоди чунин як фазои муносиб думболи ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва машваратҳои пайваста бошанд. Бидуни ҳамкории васеъи ҳама нерӯҳо ва шахсиятҳои миллӣ, мо наметавонем на инсони мустақил тарбият намоем ва на истиқлолияти давлатиамонро аз осебҳо ҳимоят намоем.  

Имрӯз, дар солгарди истиқлолияти давлатиамон, ҳамчун рамзи истиқлолхоҳӣ, миллат шоҳиди таъсиси эътилофи бархе аз нерӯҳои миллӣ, бо номи Паймони миллии Тоҷикистон гашт. Таъсиси Паймони миллиро дар чунин рӯз мо ҳамчун фоли нек медонем. Ин маънии онро дорад, ки нерӯҳои таъсисидиҳандаи ин Паймон содиқ ба арзишҳо ва хадафҳои истиқлолхоҳии он  нерӯҳо ва ашхосе мебошанд, ки барои ин рӯз талош кардаанд. Ин қадами аввал барои муборизаи ҷиддӣ, пайгирона ва дастаҷамъона барои расидан ба як ҷомеъаи озод аст, ки дар он инсони мустақил ва соҳибкаромат зиндагӣ кунад. Мо медонем, ки ин роҳ душвор аст, хатарнок аст ва монеъаҳои зиёде дар пеш хоҳанд буд. Аммо, роҳи расидан ба озодӣ, истиқлолият ва адолат ҳеҷ гоҳ ҳамвор ва осон набудааст. Мо боварӣ дорем,  ки дар ояндаи наздик ҳама афрод ё нерӯхое, ки воқеан ҳадафашон расидан ба чунин як ҷомеъа мебошад, дасти ҳамкории моро рад нахоҳанд кард.

Бори дигар якояки шумо ва ҳама ҳамватанони азизро ба рӯзи истиқлолият табрик мегӯям ва аз Худованд таманно дорам, ки ҳарчӣ зудтар миллати моро ба истиқлолияти воқеъӣ бирасонад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *