Categories Хабарҳо

Найранги Тоҷик Эйр дар фурӯдгоҳи Бишкек боиси саргардонии 7 соатаи мусофирон шуд

Найранге, ки масъулини Тоҷик Эйр мехостанд алайҳи фурӯдгоҳи байналмиллалии “Манас”- и Бишкек ба кор баранд, боис шуд парвози ин ширкат рӯзи 20.09 дар самти Бишкек — Душанбе 7 соат ба таъхир афтад ва мусофиронро дар ин фурӯдгоҳ саргардон кунад.

Парвоз аз Бишкек ба Душанбе бояд соати 11 ба вайти маҳаллӣ анҷом мешуд. Вале баъди аз қайд гузаштани мусофирон бидуни эълони сабаб онро чанд бор ба таъхир андохтанд. Бархе мусофирон аз соати 9, ки бақайдгирии билетҳо оғоз шуда буд, бархеи дигар аз соати 10 то соати 14 дар толори интизории фурӯдгоҳ бидуни обу нон боқӣ монданд. Касе аз масъулини намояндагии ширкати ҳафопаймоӣ назди онҳо ҳозир нашуд ва сабаби таъхирро шарҳ надод.

Соати 14 онҳоро ба тайёра савор карданд, эълон намуданд, ки тасмаҳои бехатариро банданд, вале парвоз боз ба таъхир афтод. Баъди соате нафасгир шудани мусофирон дар дохили тайёра, онҳоро дубора ба толори интизорӣ баргардониданд. Масъулини Тоҷик Эйр сабаби таъхирро техникӣ мегуфтанд, аммо дертар маълум шуд сабаб қарзи ширкати ҳафопаймоии Тоҷик Эйр назди фурӯдгоҳи Бишкек будааст.

Аммо чаро мусофиронро ба ҳавопаймо нишонданду дубора берун карданд?

Паём маълум кард, масъулини Тоҷик Эйр баъди се соати он ки фурӯдгоҳ эълон намуд то пардохти қарз ба парвоз иҷоза нахоҳад дод, маъулмоти дурӯғ пешниҳод кардаанд, ки қарз гӯё аз Душанбе ба суратҳисоби фурӯдгоҳи “Манас” гузаронида шуд. Вақте масъулини фурӯдгоҳ маълум карданд ин иттилоъ дурӯғ аст, иҷозаи парвозро дубора лағв карданд. Ва танҳо баъди дахолату хоҳиши масъулини баландпояи ҳукумат масъала ҳали худро пайдо кард ва билохира соати 18.10 тайёра парвоз кард.

Қарзи ширкати миллии ҳавопаймоӣ назди фурӯдгоҳҳои Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳое, ки ба он парвоз анҷом медиҳад, кайҳо аз 100 миллион сомонӣ убур кардааст. Ин ширкат инчунин аз ширкати сӯзишворирасон, андоз, суғурта ва ғайра даҳҳо миллиони дигар қарздор мебошад.

Давлат ва чанд сохтор борҳо қарзи ин ширкатро бахшидаанд, аз ҷумла “Тоҷиксуғурта” 20 миллион сомонӣ ва фурӯдгоҳи Душанбе 27 миллион сомонӣ. Вале вазъи он сол то сол харобтар мешавад.

Маҷмӯъаи таҳқиқоти Паём дар бораи ин ширкатро дар мақолаҳои зер метавонед бихонед:

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *