Рубрики Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон “ҷанозаи ҳукми сафед дар Тоҷикистонро хонд”

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Рустам Саидаҳмадзода, додраси додгощи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки бинобар содир кардани ҳукми сафедкунанда аз ҷониби додситонӣ таъқиб мешуд, аз вазифааш одоз карда шуд. 

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Носирӣ “дар робита ба содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи судяро паст мезанад” аз мақом барканор шудааст. 

Коршиносон мегӯянд Раисҷумҳур амалан додситониро ҷонибдорӣ кард ва бо ин кораш судури ҳукми афедкунанда дар Тоҷикистонро тақрибан ғайриимкон сохт. Як вакили дифоъи собиқ бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт “раисҷумҳур бо ин қарораш ҷанозаи ҳукми сафед дар Тоҷикистонро хонд”.

Дар Тоҷикистон додситонӣ, бинобар ҳуқуқҳои бемаҳдуде, ки раисҷумҳур ба ин ниҳод додааст, аз додгоҳ бамаротиб қудратмандтар аст ва ҳар ҳукми сафедкунандаро бо шиддат таъқиб мекунад ва ҷазо медиҳад.

Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29 июн дар шаҳри Душанбе ба иттиҳоми “паҳн кардани маълумоти бардурӯғ” ва “сӯистифода аз ваколат” боздошт ва ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Худи ӯ иттиҳомро рад карда, гуфтааст, дар ҷараёни тафтишоти думоҳа бегуноҳии худро собит хоҳад кард.

Ҳамчунин тибқи иттилоъи радиои Озодӣ, Азиза Ҳайдарова, котиби Саидаҳмадзода низ ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.

Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова гуфтааст духтарашро ба қаллобӣ ҳангоми хариди хона муттаҳам мекунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтааш, хонаро ду сол пеш ва бо пуле харидааст, ки дар Русия кор карда буд. 

Ӯ таъкид карда, ки духтараш ҳеч кори хато ё қонуншиканӣ накардааст ва муфаттишон аз ин роҳ маҷбур кардаанд, ба зидди Саидаҳмадзода шаҳодат бидиҳад.  

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Ҷамшед Носирӣ аз вазифаи судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод кардааст. Ӯ низ “ба содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи судяро паст мезанад” муттаҳам мешавад.

Дар бораи чи ҷурм содир кардани ӯ маълумот дода нашудааст.

Гуфтанист дар Тоҷикистон зиёда аз чаҳорсад додрас кор мекунад. Тайи даҳ соли ахир ҳудуди сӣ нафари онҳо бо иттиҳоми «амалҳои паст задани шаъну шарафи судя» аз мақом барканор шуда, боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Дар ҳамин ҳол бисёр кам воқеъ мешавад, ки кормандони додситонӣ, ки бамаротиб ришвахортар аз додрасҳо ҳастанд ва аксарашон аз доираи салоҳиятҳояшон берун по мениҳанд, бо чунин иттиҳомоте аз мансабашон барканор шаванд. 

Мақомот бо муттаҳам кардани додрасҳо ба “содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи судяро паст мезанад” ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, вале коршиносон ба ин назаранд, ки аксари онҳо бинобар зери хашми додситонӣ қарор гирифтанашон боздошт мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *