Рубрики Хабарҳо

Ихтилофоти нафтӣ байни Русияву Қазоқистон

Додгоҳе дар Русия дар ҳукме фаъолияти “консорсиюми хатти лӯлаи Хазар”-ро ба муддати 30 рӯз боздоштааст. Ҳарчанд содироти нафти Қазоқистон аз ин тариқ ҳанӯз идома дорад.  Ин ҳукм баъди изҳороти Қосимжомарт Тоқаев, ки гуфт Қазоқистон омодааст Аврупоро бо нафт таъмин кунад, содир шуд. 

Ин хатти лӯла яке аз баландтарин хатти лӯлаҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад ва ҳудуди ду севуми нафти содиротии Қазоқистон аз тариқ ин хатти лӯла мунтақил мешавад. 

Ширкати нафту гази “Тангизшеврол”-и Қазоқистон, ки мудирияти иҷрои майдони нафтии Тангизро дар ин кишвар ӯҳдадор аст, гуфтааст ҷараёни интиқоли нафт аз тариқи ин кансирсиюм ҳанӯз “халалдор нашудааст.” 

Ин ширкат гуфтааст ба дунболи тавзеҳ дар бораи ҷузъиёти ин ҳукм ва қадамҳои баъдӣ пас аз ҳукми содиршудаи додгоҳи Русия аст. 

Се манбаъ ба хабаргузории Рейтерз гуфтаанд интиқоли нафт аз Қазоқистон ба ин хатти лӯла дирӯз субҳи (чаҳоршанбе) шоҳиди ҳеҷ халале набудааст. 

Ин консорсиюми, ки ҳудуди як дарсади нафти ҷаҳонро мунтақил мекунад гуфтааст, ҳукми додгоҳ бояд лағв шавад. 

Консорсиюми хатти лӯлаи Хазар гуфтааст хостори таҷдиди назар дар раъйи додгоҳ ва лағви иҷроӣ шудани ҳукми додгоҳи Русия шудааст то битавонад монеъи осеб ба таҷҳизоти хатти лӯла шавад. 

Аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Укроин (24 феврал) ин консорсиюм дар маркази таваҷҷуҳ будааст. Бо ташдиди таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия содироти нафти Русия ба роҳи табиӣ дучори мушкилот шуд ва қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафт. 

Давлати Қазоқистон мегӯяд дар ҳоли баррасии роҳҳое барои муқобила бо маҳдудиятҳои эҳтимолии содироти нафти ин кишвар аз тариқи консорсиюми хатти лӯлаи Хазар аст. 

Соли пеш ин хатти лӯла ҳудуди 61 миллион тонн нафти Қазоқистонро аз баҳри Сиёҳ мунтақил кард. 

Пештар ҳам тӯфон боис шуда буд ба терминоли таҷҳизоти он дар баҳри Сиёҳ осеб бирасад. 

Ин хатти лӯла 1500 километр тӯл дорад. 

Мушкилот дар интиқоли нафт метавонад бозори нафтро бо маҳдудиятҳои бештари арза мувоҷеҳ кунад ва қиматҳоро афзоиш диҳад. 

Қимати нафти имрӯз дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо афзоиши нигарониҳо дар бораи маҳдудиятҳои бештари арза як дарсад афзоиш ёфт ва қимати ҳар бушкаи нафти брент (барои муомилоти сентябри оянда) ба 104 доллар ҳам расид. 

Талотум дар бозори нафт дар ҳоле идома дорад, ки Русия пас аз ҳамла ба Укроин содироти нафт худ ба Чинро афзоиш додааст. 

Ин боиси эҷоди рақобат бо Эрон шуд, ки аз пеш бо таҳримҳои нафтӣ даст ба гиребон буд ва Чинро ба унвони яке аз мақсадҳои аслии содироти ин коло барои худ мешинохт. 

Хабаргузории Блумберг ахиран дар гузорише гуфта, ки Эрон барои рақобат бо Русия, тахфифи бештаре дар фурӯши нафти худ ба харидорони чинӣ медиҳад. 

Блумберг мегӯяд Эрон бо коҳиши бештари қимати нафт саъй дорад ки ҷойгоҳи худро дар бозори Чин ҳифз кунад. 

Бар асоси додаҳои ширкати радёбии нафткашҳо, содироти нафти Эрон ба Чин, ки дар моҳи апрел каме уфтӣ дошт дар моҳҳои май ва июн ба болои 700 ҳазор бушка дар рӯз расид. Блумберг мегӯяд Эрон ҳар бушкаи нафти худро 10 доллар камтар аз қимати муомилоти ояндаи нафти Брент ироа кардааст. Пеш аз ҳамлаи Русия ба Укроин ин тахфиф ҳудуди 4 то 5 доллар буд. 

Муддате пеш ҳам ин хабаргузорӣ гузориши мушобеҳе мунташир карда буд ва бо истинод ба додаҳои ширкати радёбии нафткашҳо гуфта буд Чин дар соли 2021 воридоти нафт аз Эронро афзоиш дода ва бештарин нафти воридотии Чин дар се соли ахир аз Венесуэла ва Эрон будааст. 

Дар ин гузориш гуфта шуда буд полоишгоҳҳои чинӣ хариди нафти арзонро дар муқобили хатари ҷаримаи эҳтимолӣ ба далели нақзи таҳримҳо пазируфтаанд. 

Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Чин “арзонфурӯшӣ”-и нафти Эрон ба Чинро рад мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *