Суханронии Аслиддин Шерзамонов дар нишасти Созмони амният ва ҳамкории аврупо дар Вена доир ба шиканҷа:
Дили ман ҳамчун як инсон барои диктаторҳо хеле месӯзад.
Ман ин эҳсосро дорам, ки ин афрод ҳаргиз дӯст, зиндагии оддӣ ва ишқу муҳаббат надоштанд.
Суханронии чанд рӯз пеши ҳайати Тоҷикистон дар Созмон милал маро сахт шокӣ кард. Шоки ман аз ин буд, ки ин афрод чи қадар ба кумак ниёз доранд.
Ман Аслиддин Шерзамонов ҳастам ва ман помириям!
Чаро инро мегӯям? Вазири адлияи Тоҷикистон дар кумитаи Созмон милал дар посух ба савол дар бораи муносибат бо ақаллияти қавмии Помир гуфт, ки Тоҷикистон ҳаргиз ҳуввияти маро ба расмият нахоҳад шинохт.
Помириҳо мардуми бумии сарзамине ҳастанд, ки акнун дар он зиндагӣ мекунанд ва дорои чанд вижагии шигифтоваре ҳастанд, ки мардумони дигар метавонанд аз онҳо биёмузанд. Мутаассифона чандин даҳа аст, ки диктатура ва режими саркӯбгар мухолифонро мекушад ва беҳтарин ақлҳоро аз кишвар берун мекунад. На маркази таҳқиқотие дар Тоҷикистон боқӣ мондааст ва на расонаи озод. Донишмандон ва мутафаккирони воқеӣ ё кушта шуданд ё маҷбур ба муҳоҷират гаштанд. Ва ин як мусибати ваҳшатнок на танҳо барои Тоҷикистон, балки тамоми башарият аст. Чун бо тарки хонаву дари худ дар синни на чандон кам, як шахс ба маънои воқеии калима шикаста мешавад, бовар кунед ман инро медонам, чун аз ҳамаи инҳо гузаштаам.
Пеш аз ҳама, ман сокини ин сайёра зебо ҳастам ва бо ҳаққи таваллуд бояд озод бошам ва ҳар ҷое, ки дилам мехоҳад зиндагӣ кунам ва худамро ҳамон гуна, ки мехоҳам биномам.
— Ҳама бояд инро дарк кунанд, на танҳо режимҳои диктаторӣ, балки ҷаҳони озоди Ғарб, зеро солҳои охир Ғарб низ авлавиятҳои худро тағйир додааст ва имрӯз ҳимоят аз ҳуқуқи башар тавассути сиёсатмадорон дигар усули аввалия дар робита бо худкомаҳо нест. Имрӯз садҳо паноҳандаи помирӣ аз бархурди мақомоте, ки дар ҳоли баррасии дархости онҳо барои ҳимояти байналмиллалӣ ҳастанд, ваҳшатзада шудаанд. Онҳо тавассути марзбонон маврид латукӯб қарор мегиранд, мусоҳибакунандагон ба онҳо иҷоза сӯҳбат намедиҳанд, мутарҷим ба забоне, ки мехоҳанд ба онҳо дода намешавад, равоншиносон ба забоне, ки онҳо мефаҳманд бо онҳо кор намекунанд.
— Помирҳо 3 дарсад аз кулл ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ин мардуми бумӣ аз бисёр ҷиҳатҳо аз ҷамъияти аслӣ тафовут доранд:
— забон
— муҳит зист, обуҳаво
— зиндагӣ, фарҳанг ва таърих.
— ман муқобили он нестам, ки маро тоҷик, узбек, қирғиз ё помирӣ номанд. Нуктаи аслӣ ин аст, ки ман ҳақ дорам бо ин мухолифат кунам ва ба хотири ихтилофам солҳо шиканҷа ва зиндонӣ нашавам.
Режими кунунӣ, бино ба далоиле, ки барои ман қобили дарк аст, кулл Помирро як гурӯҳи ҷинояткор эълом кардааст ва далели он тарс аст, ва тарс нишондиҳандаи фурӯпошист ва ин фурӯпошӣ кайҳо воқеъ шудааст. Танҳо бояд ин қуттиро боз кард ва ба мардуми Тоҷикитсон нишон дод, ки ин систем дар чӣ вазъияте аст. Яке аз ин “ҷинояткорон” падари ман аст. Яке дигар аз ин “ҷинояткорон”, амаки ман, дар зиндон аст. Даҳ нафар аз наздикони ман зери замин ҳастанд. Дӯст ва ҳамсинфа ҳам зере замин хуфтааст. Дуруд бар ҳама онҳо!
Тавсияҳо:
Аз мақомот Тоҷикистон талаб карда шавад, ки ба намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиб Сурх иҷозаи вуруд ба зиндонҳоро бидиҳанд.
Аз мақомоти масъули кишварҳои Аврупо мехоҳам, ки ба қазияи Помир таваҷҷуҳи вижа дошта бошанд ва аз ихроҷи ин афрод ба ватан худдорӣ кунанд.