Дар дунё одамони наҷибе ҳастанд, ки ақлу заковат, донишу хирад ва маҳорату истеъдодашон мисли уқёнус ҳадду канор надорад. Бо ин тоифа соатҳо аз ҳар боб суҳбат карда, кас ҳеҷ аз гуфтори ширин ва сеҳрангезашон сер намешавад, зеро ҳар як ҳарф, ҳар як сухан, ҳар андешаашон мисли гавҳари қиматбаҳое, ки ба тозагӣ аз садаф берун омадааст, тобишу ҷилои ба худ хос дошта, пурарзиш аст. Яке аз чунин инсонҳои шариф ҳунарманди маҳбуб ва машҳури тоҷик Исфандиёр Ғуломов мебошад, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба унвони баланди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Ҳунарнамоӣ дар Қрим
– Шумо дар як суҳбататон гуфтаед, ки аслан хаёли ҳунарпеша шуданро дар сар надоштед…
– Бале, ман аз овони кӯдакӣ суруд хонданро хеле дӯст медоштам ва мехостам овозхон шавам. Бо ҳамин мақсад ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе омадам, вале гуфтанд, ки ту ҳанӯз хеле хурд ҳастию овозат тағйир меёбад. Мо танҳо баъди 18-солагӣ ба бахши вакал, яъне овозхонӣ қабул мекунем, вале ту метавонӣ навозандагиро омӯзӣ. Ҳамин тавр ба шуъбаи навозандагӣ дохил шуда, виолончел менавохтам, вале хӯроке, ки медоданд, ба миҷози ман мувофиқ наомад ва бемор шудам. Маро барои табобат ба Қрим фиристоданд. Дар он ҷо бо як мӯйсафеди санъатдӯст ошно шудам, ки маро хеле дастгирӣ мекард. Ҳардуямон шаҳр ба шаҳр гашта, ба қавле консерт медодем. Аввалин костюми саҳнавии маро низ ҳамон мӯйсафед супориш дода, дӯзонда буд (механдад).
– Пас чӣ шуд, ки овозхониро раҳо карда, думболи театр ва киноро гирифтед?
– Пас аз баргаштан аз Қрим устодонам ба ман маслиҳат доданд, ки ба хонаамон, яъне ба Шаҳринав ба назди падару модарам баргардам, зеро меъдаам ҳеҷ ба хӯроке, ки дар омӯзишгоҳ медоданд, мутобиқ нагашта, зуд-зуд бемор мешудам…
Сарбози ҷасуре аз диёри Рустами Достон
– Апаҳоятон Соҷида Ғуломова коргардони хушзавқ, Фотима Ғуломова актрисаи машҳур ва бисёр бомаҳорат буданд. Кам андар кам чунин мешавад, ки аз як оила се санъаткор барояд. Волидонатон ҳам санъаткор буданд?
– Падарам аз Сиистони Эрон ва сарбоз буданд. Сарнавишти он кас хеле аҷиб аст. Падарам дар ҷавонӣ ба Гулшоҳ ном духтари зебои эронӣ ошиқи шайдо мешаванд, аммо волидони духтар ба издивоҷи онҳо ризоят намедиҳанд. Падарам қаҳр карда, тарки хонаву дар мекунанд ва сарбоз мешаванд. Замони инқилоб, вақте ки онҳо ба муқобили шоҳ шӯриш мебардоранд, шоҳи Эрон аз Инглистон кумак хоста, шӯришро пахш мекунад. Устод Абулқосим Лоҳутӣ аз ҳамон замонҳо бо Сталин ошноӣ доштаанд ва ба Маскав хабар медиҳанд, ки аҳволи шӯришгарон дар Эрон хеле танг шудааст. Сталин маслиҳат медиҳад, ки ба СССР биёянд. Ҳамин тавр Абулқосим Лоҳутӣ ва аз паси он кас падарам бо як гурӯҳ эрониёни босавод ба Тоҷикистон меоянд. Азбаски он замон одамони босавод хеле кам буданд, онҳоро барои хату савод омӯхтан ба мардум ба ҳар минтақа равон мекунанд. Падарам дар Чузӣ, Элокӣ ва дигар деҳаҳои Шаҳринав солҳои зиёде муаллим буданд. Нақл мекарданд, ки босмачиҳо борҳо қасди куштани он касро намудаанд, аммо мардуми деҳот падарамро дар хонаҳояшон пинҳон мекардаанд.
Арӯси 13-сола
– Модаратон ҳам аслан аз Эрон буданд?
– На, волидони модарам аз мардуми маҳаллӣ буда, каму беш молу сарват доштаанд ва онҳоро кулак карда, ба Сибир бадарға мекунанд. Ҳамин тавр онҳо беному нишон мешаванд ва тағоям, яъне бародари калонии модарам аз падарам хоҳиш мекунад, хоҳарашро, ки он вақт 12-13-сола будааст, ба занӣ бигирад, то хоҳаракаш аз гуруснагӣ намирад. Баъдҳо модарам бо ханда нақл мекарданд, ки вақте ба падаратон ба шавҳар баромадам, тамоман кӯдак будам ва чӣ будани заношавҳариро намедонистам, фақат бо дугонаҳоям лӯхтакбозӣ мекардам. Рӯзгордориро худи падарам ба модарам оҳиста-оҳиста ёд додаанд. Ҳамин тавр ба қавле бо кӯдакбозӣ соҳиби 8 фарзанд шудаанд, вале мутаассифона, имрӯз мо фақат 4 нафар мондаем. Дигар бародару хоҳаронам ба раҳмати худо рафтанд…
– Қиссаи ишқ ва издивоҷи волидонатон дар ҳақиқат ҷолиб аст. Худи шумо бо ҳамсаратон чӣ тавр ошно шудед?
– Дар пайвастани риштаи тақдири ман бо ҳамсарам Бонуҷон нақши апаҳоям Соҷида ва Фотима хеле бузург аст. Падари Бону беҳтарин заргари Душанбе буданд ва ороишоти хеле зебою нафис месохтанд. Тамоми занону духтарони зебопараст, аз ҷумла апаҳои ман низ он касро хуб мешинохтанд. Боре ба хонаашон рафта мепурсанд, ки Бонуҷон, барои чӣ то ҳол шавҳар накардаӣ? Ин кас мегӯянд, ки охир Исфандиёр донишҷӯ буд, дар Маскав мехонд… Пас аз баргаштан апаҳоям гуфтанд, ки Бону бисёр духтари хуб аст, дилашро ба даст биёр, ҳаргиз пушаймон намешавӣ. Ростӣ аввал ҷуръат накарда, гуфтам, ки ман рафта ба ӯ чӣ мегӯям, вале апаҳоям “эй ту чӣ хел актёр, ки дили як духтара ёфта наметавонӣ” гӯён, худашон дар паси як дарахт пинҳон шуда, маро зӯран ба Китобхонаи Фирдавсӣ, ки Бону дар он ҷо кор мекард, равон карданд. Хулоса, он рӯз вохӯрдем ва Бонуро ба хонаашон гусел кардам. Баъд падарам ва амакам хостгорӣ рафтанд ва тӯйи мо дар ҳавлиашон барпо гашт…
– Мебинам, ки танҳо зиндагӣ мекунед. Фарзандонатон куҷоянд?
– Фарзандонамон бо оилаву фарзандонашон хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, вале мудом аз ҳоли мо бохабар ҳастанд. Хеле меҳрубонанд, намегузоранд, ки аз чизе танқисӣ кашем ё худро танҳо эҳсос намоем.
Пайроҳаи ҳунарӣ
– Акои Исфандиёр, баргардем сари пайроҳаи ҳунарии шумо. Нагуфтед, ки чӣ тавр ҳунарпеша шудед…
– Дар ҳунарпеша шудани ман нақши апаҳоям Соҷида ва Фотима бузург аст. Вақте ки ректори Донишкадаи санъати театрии Маскав ба Душанбе омад, онҳо ба ҷону ҳолам намонда, маро маҷбур карданд, ки ба ин донишкада ҳуҷҷат супорам…
– Шояд тақдир бо воситаи апаҳоятон шуморо ба Маскав бурд…?
– Шояд, вале ростӣ солҳои аввали донишҷӯиям хеле азоб кашидам. Азбаски бо стипендия зиндагӣ кардан душвор буд, ду соли аввал кӯчарӯбӣ мекардам, баъд ба сифати хаткашон ба кор даромадам. Танҳо дар курси чорум, пас аз он ки маро ба филми “Қиссаи зиндони Павиак” даъват намуданд, аз роҳи ҳунар пул кор мекардагӣ шудам ва зиндагӣ дар Маскав бароям каме осонтар гашт…
– Воқеан, шумо дар баробари он ки дар саҳнаи театр нақш меофаред, дар синамо низ образҳои хеле ҷаззоб ва хотирмон офаридаед. Аз байни тамоми нақшҳои дар кино офаридаатон барои шумо кадомаш азизтар аст?
– Албатта барои ҳунарманд ҳар як образи офаридааш мисли фарзанд хеле азиз аст, вале ба ман аз филмҳои замони Шуравӣ нақшҳои дар “Қиссаи зиндони Павиак” ва “Гирдбод” бозидаам бештар писанданд.
– Аз нақшҳои солҳои охир офаридаатон чӣ?
– “Хоби сурх”. Дар ин филм ман нақши як пирамарди девонаавзоъро мебозам, ки ҳанӯз дар фикри давлати Шуравӣ аст…
– Аксарияти ҳунармандон як хел типаж меофаранд, яъне образҳои офаридаашон ба ҳамдигар шабоҳат доранд, вале қаҳрамонҳои шумо мутафовит ҳастанд. Офаридани симо ва хислатҳои гуногун бароятон душвор нест?
– Устодонамон дар Маскав ҳамеша талқин мекарданд, ки ҳунарманд бояд аз уҳдаи офаридани ҳама гуна нақш баромада тавонад ва ман нозу карашмаҳои бонувонро омӯхта, нақшҳои занонаро низ бозӣ кардаам. Дар намоишномаи “Мануки ҷасур” нақши шоҳдухтарро мебозидам. Вақте барномаро ба вазири фарҳанг Меҳрубон Назаров пешниҳод мекунанд, он кас мегӯянд, ки ин ҷо ғалат рафтааст, охир, дар рӯ ба рӯи нақши шоҳдухтар номи Исфандиёр Ғуломовро навиштаед. Ба он кас мефаҳмонанд, ки ғалат нест ва ин нақшро дар ҳақиқат ман мебозам, аммо бовар накарда, мегӯяд, ки канӣ, Исфандиёрро даъват кунед. Вақте бо либоси шоҳдухтар ба саҳна баромадам, гуфтанд, ки агар ту дар ҳақиқат Исфандиёр бошӣ, канӣ бо овози худат гап зан. Танҳо пас аз он, ки бо садои худам гап задам, бовар карданд ва ба ман офарин хонданд.
Ҷон дар кафи даст
– Дар баъзе филмҳо лаҳзаҳои хатарноке ҳастанд, ки ба ҷойи актёр он эпизодҳоро каскадёр бозӣ мекунад. Дар ҳаёти ҳунарии шумо ҳам чунин лаҳзаҳо буданд?
– Дар “Гирдбод” чунин лаҳзаҳои хатарнок буданд, вале ман ба коргардони филм Бақо-ака Содиқов гуфтам, ки мехоҳам худам он лаҳзаҳоро бозӣ кунам. Аввал розӣ нашуданд, вале чун диданд, ки истодагарӣ мекунам, ризоят доданд. Дар ин филм лаҳзае ҳаст, ки қаҳрамонро сарозер ба дарё меғӯтонанд. Ҳангоми наворбардорӣ маро бо ресмон дар кран баста, аз баландӣ ба поён сарозер нигоҳ медоштанд ва ҳар гоҳе, ки сарамро ба об меғӯтонданд, оби бисёри пур аз лой ва ифлосӣ аз гӯшу даҳону бинам даромада, ҳолатам бад мешуд.
Хуллас, то наворбардорон корашонро тамом карданд, ки тамоман ҳолатам бад шуда, ба дами марг раисдам ва аз ҳуш рафтам. Баъд ба ман нақл карданд, ки поям дар зери кӯпрук дармондаасту касе ҷуръат накардааст хам шуда, аз чунин баландии хатарнок ва ваҳшатангез маро ба ин тараф гирад. Дар ҳамин филм боз як лаҳзаи хатарноки дигар низ ҳаст, ки қаҳрамон дар байни ду қуллаи кӯҳ овезон аст ва онро низ худам бозидам. Аз ду тарафи кӯҳ 10-12-касӣ ресмонеро, ки маро ба он баста буданд, маҳкам медоштанд, вақте як тараф ресмонро суст мекард, ман бо шиддат ба тарафи дигари кӯҳ рафта мезадам ва хаёл мекардам, ки устухонҳоям реза-реза шуданд, баъд ресмонро ба байн мекашиданд ва ман бо ҳамин ҳол суханҳоямро мегуфтаму тарафи дигар ресмонро суст мекарданд ва боз гурсосзанон ба кӯҳ бармехӯрдам. Аъзои баданам вақти ба навор гирифтани ин лаҳзаҳо бар асари бархӯрдан ба шах ва сангҳои кӯҳ маъюб шуда монд. Пас аз наворбардории ин филм муддати шаш моҳ ангуштони дастамро ҷамъ карда наметавонистам…
– Бо ин ҳама ҷонфидоиҳо солҳои зиёде ягон унвон надоштед…
– Бале, апаи Фотима дар пиронсолӣ унвон гирифтанд, ман дар 70-солагӣ Ҳунарманди шоиста шудам ва ҳамин сол Президенти кишвар унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ба банда доданд. Апаи Соҷида тамоман унвон надоштанд, вале барои мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ ин чиз муҳим набуд. Унвони мо меҳру муҳаббати мухлисон ва эҳтироми халқ буду ҳаст.
Шарораи хотираҳо
– Воқеан, хоҳарбузургатон, зиндаёд Соҷида Ғуломова аз зумраи беҳтарин коргардонҳои телевизион буданд ва аксари ҳунармандони тоҷик маҳз бо шарофати намоишномаҳои он кас машҳур шудаанд, вале шумо ва Фотима Ғуломоваро ба намоишномаҳояшон даъват намекарданд. Чаро?
– Апаи Соҷида ҳамеша мегуфтанд, ки агар ман шуморо даъват кунам, як кас не, як кас ҳатман мегӯяд, ки хешутаборчигӣ карда, апаю додари худашро даъват кардааст. Апаи Фотима чанд бор норозигӣ карда гуфтанд, ки охир, ман ҳам актриссаи бад нестам, о мемурӣ, ки маро ҳам даъват кунӣ. Оқибат ба як намоишнома моро даъват карданд ва ман дар новеллаи телевизионии “Ҷиноят ва ҷазо” нақш бозидам. Тамошобинон намоишномаро хуб қабул карданд. Ин ягона нақше буд, ки ман дар намоишномаҳои апаам бозидаам.
– Аз апаҳоятон бо кӣ наздиктар будед?
– Ҳардуяшонро дӯст медоштам, вале бо апаи Фотима наздиктар будем. Он кас мудом занг зада мегуфтанд, ки Исфандиёрҷон, биё, ман туро пазмон шудаам. Апаи Соҷида бошанд, бо шӯхиҳояшон, бо ҳазлҳои намакинашон дар дилу ёди ман абадан нақш бастаанд. Он кас ҳар яки моро чунон моҳирона тақлид мекарданд, ки аз ханда қариб рӯдакан мешудем. Ёдашон ба хайр!
Дар боби нобиғаҳо
– Шумо як ҳунарманди ҳирфаӣ ҳастед ва таҷрибаи бой дошта, ба пояи устодӣ расидаед. Аз ҳунармандони тоҷик киро нобиға мешуморед?
– Ато Муҳаммадҷонов ва Маҳмудҷон Воҳидов, чунки ин ду ҳунарманд дар санъати тоҷик таҳаввулот карданд, навоварӣ намуданд ва беназир буданд.
– Беҳтарин филми “Тоҷикфилм” аз нигоҳи шумо?
– Қори ишкамба (“Марги судхӯр”)-и Тоҳир Собиров, “Рустам ва Суҳроб”-и Борис Кимягаров ва “Гирдбод”-и Бақо Содиқов.
– Беҳтарин филме, ки синамогарони тоҷик дар 10 соли охир гирифтаанд?
– “Дов”. Ин филм дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ низ соҳиби ҷоизаҳои бонуфуз гаштааст ва ин аз касбияти баланди офарандагонаш дарак медиҳад.
Ганҷи бебаҳо
– Шумо одами хушбахт ҳастед, зеро бо шарофати ҳунаратон шуморо натанҳо дар Тоҷикистон, балки хориҷ аз кишвар низ мешиносанд, дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд. Бо ин ҳама, бузургтарин сарвати Исфандиёр Ғуломов дар зиндагӣ чист?
– (Бо гӯшаи чашм ба сӯйи ҳамсараш ишорат мекунад): Беҳтарин сарвати мард дар зиндагӣ зани хуб ва оқилаю меҳрубон аст.
– Бузургтарин орзуятон дар зиндагӣ?
– Орзую ҳаваси ман дар дунё танҳо он аст, ки дар ягон гӯшаи олам ҳеҷ гоҳ ҷанг набошад, хунрезӣ набошад, ваҳдати тамоми одамизод бошад.
– Агар бидонед, ки имрӯз охирин рӯзи ҳаётатон аст, онро чӣ гуна мегузаронед?
– Бо азизони дилам, дар канори ҳамсару фарзандонам.
Мусоҳиб:
Фирӯза САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube