Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши изҳороте қарори охири Додгоҳи олии Русия дар бораи террористӣ шинохтани ин ҳизб “беасос, сирф сиесӣ ва бемасъулиятона” номида, изҳори нигаронӣ кард, ки ин қарор метавонад сабаби рушди ифротгароӣ шавад.
Ҳамчунин ҲНИТ бори дигар таъкид кардааст, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баъди ин қарор метавонанд зери таъқибу фишори мақомоти фасодзадаи Русияву Тоҷикистон қарор гиранд.
Матни изҳороти ҲНИТ ба шакли зер аст:
Раёсати Олии ХНИТ қарори Додгохи Олии Русия дар бораи террористӣ шинохтани ҲНИТ ва мамнуъ донистани фаъолияти он дар қаламрави ин кишварро як қарори беасос, сирф сиёсӣ ва бемасъулиятона медонад.
Ин қарор баёнгари он аст, ки ҳокомияти имрӯзаи Русия аз ухдадориҳои кишвари худ ҳамчун кафили сулҳи тоҷикон даст кашидааст ва манфиатҳои кӯтоҳмуддатро болотар аз манофеъи стратегии худ ва миллатҳои тоҷику рус гузоштааст.
Ҳамзамон ин қарор паёмадҳои манфӣ барои садҳо ҳазор тоҷикистонӣ хоҳад дошт, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо метавонанд қурбонии мақомоти фасодзада ва фурсатталаби Русия ва Тоҷикистон гарданд. Ҳарчанд ҲНИТ қаблан эълон карда буд, ки аз замони манъи фаъолияташ аз тарафи Суди Олии Тоҷикистон, дар Руссия ва тамоми ҷумҳуриҳои Муштаракулманофеъ фаъолияташро боздоштааст.
Раёсати Олии ҲНИТ нигарон аст, ки ин қарори иштибоҳӣ боиси ноумедии ҳазорҳо шаҳрванд аз фаъолияти мусолиҳатомези сиёсӣ гашта, сабаби рушди дигарбораи ифротгароӣ хоҳад шуд.
ҲНИТ бори дигар изҳор медорад, ки ин қарор дар сиёсатҳо ва равиши фаъолияти ҳизб таъсире нахоҳад дошт.
Раёсати Олии ҲНИТ