Рӯзи 22 сентябри 2019 дар Ню-Йорк дар ҳошияи ҷаласаи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷӣ бо Самуел Браунбек сафири супоришҳои махсуси ИМА роҷеъ ба масъалаҳои озодии дин барпо гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди масъалаҳои вобаста ба озодии дин, инчунин ҳамкорӣ миёни мақомоти ду кишвар дар самти мазкур мубодилаи афкор намуданд”.
Пештар Амрико Тоҷикистонро дар нақзи озодиҳои
Тоҷикистон солҳост, ки бинобар нақзи озодиҳои ассосӣ, аз ҷумла озодиҳои динӣ, зери интиқоди шадиди созмонҳои ҳуқуқи башар қарор дорад.
Амрико Тоҷикистонро мувофиқи қонун “Дар бораи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ” аз соли 1998, ҳамчун кишвари ташвишовар эътироф кард.
Ҳамчунин Амрико чанд кишвари дигар, аз ҷумла Чин, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Арабистони Саудиро ба рӯйхати сиёҳи кишварҳои поймолкунандаи озодии динӣ дохил карда, Русияро ба “рӯйхати махсуси назоратӣ” ворид кардааст.