Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия додаанд, ки бо коҳиши имтиёзоте, ки ба гурӯҳи афрод дода шудааст, системаи молиёти кишварро бознигарӣ кунад.
Коршиносони ин бонк гуфтаанд, ин иқдом мунҷар ба густариши пояи молиётӣ ва коҳиши нобаробарӣ хоҳад шуд. Дар иваз ба коҳиши имтиёзоти молиётӣ коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ тавсия додаанд, ки Душанбеи расмӣ бояд андози аксизӣ аз молҳои дорои таъсири манфӣ, аз ҷумла сигору машруботи спиртиро бештар намояд.
Пештар коршиносони Бунёди Байналмилалии Асъор пешниҳод карда буданд, то Тоҷикистон ба сурати куллӣ аз ироаи имтиёзоти молиётӣ даст бардорад. Ба назари онҳо, хотима додан ба имтиёзҳои молиётӣ шароити бештар кардани буҷаи соҳоти муҳим, бахусус тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро фароҳам мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан хабаргузории “Азия плюс” бо истинод ба Кумитаи андози Тоҷикистон эълом карда буд, бинобар вуҷуди имтиёзҳои молиётӣ дар системаи андози кишвар дар соли 2022 буҷаи солонаи Тоҷикистон аз 3,8 миллиард сомонӣ маҳрум шудааст. Аммо мақомоти Кумитаи андози Тоҷикистон ба ин назаранд, ки ироаи имтиёзоти молӣ шароити ҷазби сармоягузории бештар ба иқтисоди кишварро фароҳам мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахири худ ба парлумон гуфта буд, ки то ҳол 120 мавриди имтиёзи молию гумрукӣ ироа шудааст.
Видео:
Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон ба ин назаранд, ки ин гуна имтиёзот танҳо барои ширкатҳои воридкунандаи молу коло ва фанноварӣ ба Тоҷикистон дода мешавад, ки аксарияти онҳо марбути наздикони раисҷумҳур ё соири мақомоти радаи аввали кишвар ҳастанд. Ҳол он ки теъдоде аз корофаринони кишвар аз вуҷуди молиёти зиёд шикоят мекунанд.
Абдуманон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд “имтиёзҳое, ки ба афроди наздик ба раҳбарияти кишвар дода мешавад, на танҳо даромади андозу буҷаро камтар мекунад, балки садҳо нафарро аз бозор хориҷ месозад. Имтиёзҳо ба ин афрод имкон медиҳад нисбати рақибони худ дар бозор бартарӣ дошта бошанд, ки дар натиҷа он рақибон кам-кам аз бозор берун карда мешаванд ва бахше, ки дар он ба нафари ба қудрат наздик имтиёз дода шудааст, ба монополияи ҳамон нафар табдил мешавад. Дар натиҷа кулли бахш дорои имтиёз мешавад ва ҳаҷми андозе, ки бояд пардохт мешуду бинобар имтиёз пардохт нашуд, ба маротиб афзоиш меёбад”.
Ин коршинос ба ин назар аст, ки аз байн бурдани ин имтиёзҳо дигар бисёр мушкил аст. “Чун онҳое, ки ин имтиёзҳоро доранд, ба мақомоте, ки тасмими додан ё аз байн бурдани имтиёзҳоро мегиранд, таъсири мустақим доранд. Яъне ин мақомот наметавонанд бидуни иҷоза ё ҳади ақал розигии имтиёздор имтиёзро онро кам кунанд ё аз байн баранд. Агар кӯтоҳ гӯем, ҳукумат қодир нест имтиёзҳои додаашро лағв кунад. Бинобар ин бо гумони ғолиб ин ботлоқӣ имтиёзҳо амиқтар мешавад, аз ин ки камтар шавад ё аз байн равад”.
Дар моҳи феврали имсол Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфта буд, ки 28 ҳазор соҳибкор дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ кардаанд. Ҳамчунин расонаҳо хабар дода буданд, ки аксари тоҷироне, ки ба сабаби фишори мақомот тарки Тоҷикистон кардаанд, ширкатҳои тиҷории худро дар хориҷ фаъол кардаанд.