Рубрики Хабарҳо

«Чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон самарабахштару муассиртар нисбати баъзе кишварҳо буданд»

“Хазинаи байналмиллаии асъор чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии COVID-19-ро самарабахштар ва муассиртар нисбат ба баъзе кишварҳо тавсиф кард” — иттилоъ дод вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Завқӣ Завқизода баъди анҷоми нишасти видеоӣ бо раҳбари намояндагии ХБА дар Тоҷикистон Падамжа Ханделвал.

Вазир нагуфтааст он кишварҳо кадом ва чандтоянд ва кадом тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон дар кадом сатҳ беҳатар аз он кишварҳо будаанд. 

Дар иттилоъия гуфта мешавад, ки намояндаи хазина бо дарназардошти рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон пешбинии худ дар бораи иқтисоди кишварро дар соли 2020 бозбинӣ кард: аз 2% суқут бо 1% рушд. 

Дар вазорат гуфтаанд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ рушди иқтисод дар Тоҷикистон 4,2%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 3% камтар аст. Соли гузашта иқтисоди кишвар рушди 7,2%-ӣ доштааст.

“Бояд қайд кард, ки дар ҳолати сари вақт анҷом надодани чораҳои зиддибӯҳронӣ, рушди итисоди миллӣ метавонист ба ҷои 4,2%-и суратгирифта ҳудуди 1,2%-ро ташкил диҳад”, — омадааст дар иттилоъия.

Аммо коршиносон бо ин даъвои вазири иқтисод бо шубҳа назар мекунанд. Дар ҳоле, ки аксари кишварҳои истеҳсолкунандаву пешрафта рушди манфӣ доштаанд ва танҳо Чин, ки тавониста вирусро маҳор кунад ба рушди мусбат даст ёфтааст, Тоҷикистон яке аз камтарин кишварҳоест, ки даъвои рушд дар замони бӯҳронро дорад. 

Дар ҳамин ҳол башҳои асосии чораҳои зиддибӯҳроние, ки вазир дар назар борад иборат буданд аз:

— Таъмини пурраи бозори истеъмолӣ бо маҳсулти талаботи аввал, аз ҷумла орд, равған, тухм, гӯшт, шакар, сабзавот; афзоиш додани истеҳсол ва захираи онҳо ва пешгирӣ аз болоравии нархҳо;

— Таъмини саривақтии иҷрои вазифаҳои иҷтимоии давлат дар дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ;

— Додани сабукиҳои андозӣ ба бизнеси хурду миёна, кам кардан ва таъхири тафтишҳои ғайриандозӣ;

— Ҷалби кӯмакҳои молиявӣ вз созмонҳои молиявии байналмиллаӣ;

ки ба ҷуз бахши охиронаш, иҷро нашуданд. Давлат натавонист ҳатто қимати заруритарин маҳсулот — ордро бо вуҷуди кӯмакҳои хориҷӣ, аз ҷумла 5000 тонаагии Қазоқистон нигоҳ дорад. 

Сабукиҳои андоз дар қоғаз дода шуданд аммо фишор болои бизнеси хурду миёна барои пур кардани буҷа чунон афзуд, ки ҳазорҳо соҳибкору ширкатҳо маҷбур ба тарки бизнес шуданд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *