Рубрики Хабарҳо

Гирифтани шаҳрвандии Русия ба донишҷӯён осон мешавад

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон эълон кард, ки эҳтимол, пешниҳоди шаҳрвандӣ ба ҷавононе, ки дар омӯзишгоҳ ва мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд, осон шавад.

Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотияш рӯзи 20-уми феврал хабар дода афзуд: «Дар ёздаҳ моҳи соли 2018, 2300 оила барои кучидан аз Тоҷикистон ба Русия ариза додаанд».

Тибқи барномаи давлатии Русия «Переселение» — кӯчбандӣ, аз соли 2007 то ба ҳол 800 ҳазор нафар аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд, ки зиёда аз се як ҳиссаи ин теъдод шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Тибқи маълумот наздик ба 300 000 нафар аз сокинони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, ки қисми зиёди онҳо бо вуҷуди доштани ҳаққи душаҳрвандӣ аз шаҳрванди Тоҷикистон будан даст кашидаанд.

Коршиносон ба ин назаранд, ки ба донишҷӯёни тоҷик додани имконияти бо осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия, Тоҷикистонро водор ба он мекунад, боз солиёни дарозе ранҷи норасоии кадрҳои ҷавони болаёқатро бикашад. Зеро аксари кадрҳои хуби Тоҷикистон дар хориҷ , хусусан дар Русия омода мешаванд. Ба сабаби ба фасод олуда будани системаи маорифи Тоҷикистон, айни замон дар байни хатмкунандагони  макотиби олии кишвар кадрҳои болаёқат хеле кам ба назар мерасанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *