Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи ҷашни “Иди Қурбон” аз тоҷикистониён хост, ки аз исрофкорӣ ва худнамоишдиҳӣ парҳез карда, ба ҷои он ба корҳои хайру савоб даст зананд ва ба ниёзмандон кумак кунанд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии табрикии худ ба муносибати ид таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, сарватмандон ба ҷои харҷи беҳуда корҳои хайрхоҳона анҷом дода, ба ниёзмандону ятимону маъюбон кумак кунанд.
Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ба худдорӣ аз исрофкорӣ дар рузи иди Қурбон дар ҳолест, ки дар дигар идҳои расмӣ, маҳз барои бо тантанаву пуршукуҳ гузаронидани ҷашнҳои идона, ҳукумати кишвар миллионҳо доллар сарф мекунад ва худи раисҷумҳур садри чунин таҷлилҳои идонаи саропо исрофкорона мешавад.