Зимистон: Сокинони пойтахт дар хонаҳои сарду торик
Шабакаҳои барқӣ ва Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и обу корезии шаҳри Душанбе ба зимистонгузаронии соли 2017-2018 дуруст омодагӣ надидаанд.
Қисме аз сокинони ноҳияи Синои пойтахт рӯзҳои 4-5 декабри соли ҷорӣ, ки бо барфи аввали ин замистон рост омад, дар хонаҳои сарду торик беш аз як шабонарӯз аз нерӯи барқ ва оби гарм маҳрум мондаанд.
Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Нуралӣ Шоев, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар саҳифаи фейсбукияш дар бораи хонаҳои сарду торикашон чунин менависад: “Хушбахтона лимити барқ ҳам имсол вуҷуд надорад, мо сокинони шаҳр хурсанд аз ин хушхабар будем. Аммо… Аввалин сардиҳои зимистони имсола пуху прахи шабакаи барқи шаҳр, аниқтараш ноҳияи Синоро баровард.”
Вай меафзояд: “Дирӯз, (05-12-2017) шуруъ аз соати 17:05 дар кӯчаи Фурӯзонак (собиқ Раҳмон Набиев), минтақаи беморхонаи маризиҳои чашм, (Политехникум), атрофи кинотеатри Орлёнок барқ хомӯш шуд ва то ҳозир он ба қавле пайдо нашудааст. Шаби сардро мо сокинони ин минтақа чӣ хел гузаронидем, худ медонему бачу качу ҳақу хамсоя».
Пеш аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ оиди омодагии фасли сармо ки аввали тобистони соли 2017 шуда гузашт, омодагии худро барои таёрии зимистони имсол эълон дошт ва инчунин дар ин ҷаласа оид ба ин масъала ба масъулин супоришҳо дода шуда буд. Аммо маълум шуд, онҳо дар ин маврид вазифаҳои худашонро дуруст иҷро накарданд.
Ширкати “Барқи Тоҷик” низ 24-уми октиябри соли 2017 бо пахши як хабар эълон кард буд, имсол дар ҷумҳурӣ лимити барқ ҷорӣ нахоҳад шуд, аммо сокинони пойтахт мегӯянд, ки имсол ҳам маълум гашт, на ҳукумат ва на“Барқи Тоҷик” бо қавли додаашон амал накардаанд.