Муртазо Саффории Натанзӣ,узви кумиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфтааст: «Эрону Тоҷикистон дорои тамаддуни муштараки порсӣ ҳастанд аммо мутаассифона муносибати ин ду кишвар ба далели рафтори хунукназаронаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон таҳти таъсири хостаҳои Саудӣ дучори ҳамдигарнофаҳмӣ шудааст.»
Ин гуфтаҳои Натанзӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории «Хонаи Миллат», расонаи марбут ба дафтари матбуотии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон садо додааст.
Ин намояндаи мардумии Эрон гуфтааст: «Нуқтаи муҳим инҷо аст, ки Эрон ва Тоҷикистон дорои манофеъи муштараке ҳастанд, ки бино ба далели вазъияти пеш омада дар Душанбе ин манфиатҳо мавриди таҳдид қарор гирифтааст.»
Натанзӣ дар идома афзудааст: «Дар муносибатҳои дипломатӣ байни Эрон ва Тоҷикистон камкориҳое сурат гирифта ва дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон бояд фаъолтар зоҳир мешуд.”
Муртазо Саффорӣ таъкид намудааст: «Эрон ба унвони яке аз аъзои аслии ҳайъати сулҳе буд, ки ҷанги дохилии Тоҷикистонро ба сулҳ ва субот овард аммо имрӯз мушоҳида мекунем, ки оқои Раҳмон ин мавзӯъро фаромӯш кардааст.”
Ин намояндаи парлумони Эрон ёдовар шудааст, ки «Садд ва нерӯгоҳи барқию обии Сангтӯда ва туннели 5 километрии шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе ба дасти эрониён сохта шудааст.»